Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2026
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

   

  Миллати куҳанбунёди тамаддунофари тоҷик дар тули таърих оиларо ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф намуда, беҳтарин арзишҳои миллӣ эҳтиром, муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ, суботу ахлоқро дар муносибатҳои оиладорӣ то ба имрӯз ҳифз намудааст.

    Дар шароити пуртазоди зиндагӣ, ҷаҳонишавии босуръат, таҳкими институти оила дар рушди ҳар як шахс дар ҷомеа нақши асосӣ дорад. Барои ба наслҳои оянда расонидани ин арзишҳо ва суннату анъанаҳои миллӣ, нақши оила хело мондагор аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Фарҳанги волои миллӣ ва суннатҳои ниёгон бояд аз муҳити оила оғоз ёбанд, зеро онҳо заминаи тарбияи ахлоқӣ ва маънавии насли наврас мебошанд».

    Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатии  худ 16 декабри соли 2025 таъкид доштанд, ки: “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

    Бо назардошти мустаҳкам кардани арзишҳои оила ва рушди ҷомеа  Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 47/237 аз 20 сентябри соли 1993 санаи 15 майро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии оила» эълон кард, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

    Ҳадаф аз ҷашн гирифтани ин рӯз ҷалби ҷомеа ҷаҳонӣ ба масъалаҳои марбут ба оиладорӣ ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи сокинони саёра оид ба маърифати оиладорӣ, равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ мебошад.

    Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди оила тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оиларо кафолат додааст.

    Принсипи мазкур дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтааст, ки тибқи он “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳи расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд”.

    Дар радифи ин меъёри конститутсионӣ таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  барномаҳои дахлдори давлатӣ таҳия ва қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.

    Бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Тибқи маълумоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025  21973 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари баромад ва вохӯрию суҳбатҳояш оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёбӣ менамояд.

    Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати “Рӯзи модар” қайд намуданд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.

    Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бо назардошти тағйири вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, инчунин тарақиёти техналогия муносибат миёни инсонҳо тағйир ёфт ва дар шакли нисбатан нав ба роҳ монда шуда, боиси пайдоши муносибатҳои нав гашт, ки дар натиҷа ин раванд ба иниститути муҳими ҷомеа, яъне оила ва оиладорӣ низ бетаъсир намонд. Теханология ҳаёту фъолияти инсониро осон намуда, шароити наверо барои кору зиндагӣ фароҳам оварда, анъана ва арзишҳои оиладориро тағйр дод. Дар натиҷаи ин дигаргуниҳо оилаи намуди нав пайдо гашт, ки аз оилаҳои намуди анъанавӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

    Бекоршавии ақди никоҳ ҳамоно ташвишовар буда, ҳоло ҳам теъдоди зиёди оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо мешаванд.  Соли 2025 дар Бахшҳои САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2750 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боша дар соли 2025 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 14115 парванда вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ баррасӣ гардида, аз ин шумора 8304 ақди никоҳ бекор карда шудааст.

    Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо эҳёи баъзе урфу одатҳои анъанавӣ, ки аксар вақт иштибоҳан як ҷузъи анъанаҳои динӣ ҳисобида мешаванд, ба амалисозии ҳуқуқи занон барои ихтиёрдории озодона аз ҳаёт ва солимии ҷисмонӣ ва равонии онҳо халал мерасонад. Духтароне, ки пас аз ҷудошавӣ ба хона бармегарданд, зӯроварии аъзои оила, хешовандон ва дӯстони худро таҳаммул намекунанд, зери фишори шадиди равонӣ боқӣ мемонанд.

    Муроҷиатҳои шаҳрвандон, маълумотҳо аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳолатҳои мазкур дар назорати доимии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ҷомеа ҳанӯз ҳолатҳои муносибати бад ва ғайриинсонӣ  нисбати занон, духтарон ва кӯдакон ҷой дорад.

    Пошхӯрии оилаҳо паёмадҳои манфиро дар пай дорад. Яке аз онҳо ин боис гаштан ба тағйири фазои тарбиявии кӯдак мебошад, ки дар тарбияи яке аз тарафҳо қарор мегирад. Ин муҳит ба руҳияи кӯдак бе таъсир намонда, дар раванди инкишофи минбаъдаи ӯ, инчунин ҳангоми барпо намудани оила ва оиладорӣ нақши таъинкунанда дорад.

    Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд, хусусан насли калонсол вазифадоранд, ки нисбати пошхӯрии оилаҳо бетараф набошад, дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон саҳми арзандаи худро гузорад.

    Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати амалисозии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила, риоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамояд.

 

                                                       А. Машрабзода- муовини сардори   

                                                       Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои 

                                                       иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии

                                                       Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

                                              инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор