Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

ЛИБОСИ МИЛЛӢ УНСУРИ МУҲИММИ

ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

 

Шиносномаи ҳар як халқу миллат фарҳангу урфу одатҳояш мебошад ва дар миқёси ҷаҳон низ ҳар як давлат аз рӯйи фарҳангаш шинохта мешавад. Аз ҳамин лиҳоз фарҳангро ҳастии миллат ва пояи давлат ном мебаранд.

Тоҷикон низ яке аз миллатҳои қадимӣ ва фарҳангии Осиёи Миёна буда, бо фарҳанги бою ғании худ на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон шинохта шудаанд.

Аҷдодони мо ҳанӯз аз замонҳои қадим фарҳанги бою ғании худро, ки аз гузаштагонашон ба мерос гирифтаанд ва бо он фахр доштанд, тавассути иншо намудани асарҳои пурмуҳтаво, пурмазмун ва мантиқии худ миёни мардум муаррифӣ намудаанд. Ин ганҷинаҳои нобиғагон дастраси омма, бахусус, дастраси дӯстдорони илму фарҳанг қарор дошта, мутолиакунандагон аз осори пурғановати ин бузургон ба пуррагӣ аз фарҳанги мо тоҷикон воқиф мешаванд.

Дар урфият мегуянд: “Миллатеро нест кардан хоҳӣ, фарҳангу забонашро аз байн бубар” ва мо тоҷикон аз таҳдиди ин мақол умуман намеҳаросем, чун осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Мавлоно, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Дониш, Айнӣ, Ғафуров, Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли инҳо ҳазорҳо осори дигари аз фарҳанги ғанӣ ва илму маърифати бузург доштани гузаштагони ин миллати овозадору бостонию фарҳангпарварро миёни тамоми мардуми дунё шинос намудаанд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо ташаббуси бевоситаи фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст, ки ин ҳам аз шахсияти фарҳангиву илмӣ будани Роҳбарияти олии кишварамон дарак дода ва арҷ гузоштан ба тамаддундориву фарҳангӣ будани миллати тоҷик, давомдиҳандаи кору пайкори неки гузаштагони хеш буданро дубора исбот намудан аст, чун дар ин давраҳо ба рушду равнақи фарҳангдории тоҷикон ва аз нав эҳё шудани фарҳанги қадимаву урфу одатҳои гузаштагонамон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

Хизматҳои бузурги Президенти маҳбубамон  бо хатҳои заррин дар саҳифаҳои таърих сабт шудааст, барои бохабарӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои муҳимми саривақтӣ ба созмони бонуфузи байналмилалӣ “ЮНЕСКО” аз қабили “Атласу Адрас”, “Чакан”, “Наврӯз”, мусиқии классикии “Шашмақом”, “Фалак” ва “Ҷашни Сада” ва амсоли инҳо  қобили тазаккур аст, ки аллакай ба ин васила ҷаҳониён дубора ба ғанигию қадима будани фарҳанги мо шиносоӣ пайдо намуда ва онро эътироф низ намудаанд.

Гузашта аз ин, миллати қадимӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунофар, соҳибмаърифат, шаҳрдору шаҳрнишин будани тоҷиконро дар ҷаҳон, баъд аз ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва пазируфта шудани Саразми бостон, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад, исботи комил намуд.

Албатта, ки фарҳанг доираи васеъ дорад ва либоси миллӣ низ дар баробари дигар арзишҳои фарҳангии миллат яке аз ҷузъҳои асосии фарҳанги ҳар як давлат ба шумор меравад. Миллати тоҷик аз қадим либоси миллии ба худ хос ва маданияти баланди либоспӯширо низ дорад ва то ба ҳол ин маданияту маърифати баланд ҳифз қарда шудааст.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ бо дахолату иғвоангезии бадхоҳон дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Аз нооромии вазъи давлат истифода бурда, баъзе нафарон ба сари ашхоси бесаводу кундфаҳм фарҳанги пушидани либосҳои бегонаву сиёҳ (ҳиҷоб, сатр)-ро низ бор намуданд ва оҳиста-оҳиста ин пӯшиши ба фарҳанги мо бегона миёни як доираи муайян ба қавле муд шуд, ки гӯё диндорию мусалмонии онҳоро мефаҳмонд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин шебу фарозҳо миллати тамаддунофару  фарҳангпарвари тоҷик тавонист, ки аз фарҳангу расму оин ва арзишҳои миллии хеш дифоъ карда, хештаншиносиву ҳувияти миллии худро пойдор нигоҳ дошта бошад.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар арсаи ҷаҳон низ тоҷикон бо фарҳанги худ шинохта шудаанд ва либоси миллии худро доранд, ки лоиқу шинаму муаррифкунандаи зани тоҷик аст.

Дар ин робита, Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки: « Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпуш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпушӣ раво нест, шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.”

Мақсади давлату Ҳукумат дар он аст, ки сади роҳи ин гаравиданҳоро гирифта, ба бегонапарастиву хурофотпарастии баъзе мардуми камсавод хотима бахшида, гумроҳгаштагонро тарбия намуда, аз фарҳангу оини куҳани хеш бохабар намоем.

Дар ин ҷода бо супориши Ҳукумати мамлакат аз ҷониби мутахассисону коршиносон корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, намунаи либосҳои миллии мутобиқ ба фарҳангамон таҳия ва пешниҳод шудааст, то ки мардум аз фарҳангу маданияти гузаштагони худ огоҳ бошанд ва аз бегонапарастӣ даст кашанд.

Ҳамчунин, чорабиниҳои зиёде вобаста ба оммавигардонии пӯшидани либоси миллӣ, либоси расмии идоравӣ бо унсурҳои миллӣ ва ворид намудани сабки муосир дар либоси миллӣ пайваста гузаронида шуда, итминон дорем дар таҳкими маърифати аҳолӣ нақши муҳим мегузорад.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор