Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти кӯдак ҳамчун уҳдадории давлат ва ҷомеа

(ба муносибати 25 май - Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда)

Кӯдак арзишмандтарин сармояи ҷомеа ва идомадиҳандаи насли инсон мебошад. Таъмини ҳуқуқ, амният ва рушди солимии кӯдакон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлатҳои муосир ба шумор меравад. Бо вуҷуди тадбирҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ҳамасола ҳазорҳо кӯдакон дар ҷаҳон гум мешаванд, қурбонии одамрабоӣ, савдои одамон, истисмор, хушунат ва дигар ҷиноятҳо мегарданд. Маҳз барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкилот ҳамасола 25 май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда” таҷлил карда мешавад.

Ин рӯз аҳамияти махсус дошта, ҷомеаро ба ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти кӯдакон, баланд бардоштани масъулияти оила, давлат ва ҷомеа, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯ ва ҳифзи кӯдакон даъват менамояд.

Иқдоми мазкур ба ҳифзи ҳуқуқ, амният ва зиндагии кӯдакон бахшида шуда, ҷомеаро ҷиҳати пешгирии гумшавии кӯдакон, одамрабоӣ, истисмор ва хушунат нисбати кӯдакон муттаҳид месозад.

Аввалин бор ба хотираи кӯдаки 6-солаи амрикоӣ бо номи Этан Патз, ки 25 майи соли 1979 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғайб зада буд ин сана ҳамчун “Рӯзи миллии кӯдакони гумшуда” дар Амрико эълон гардид. Ҳодисаи мазкур ҷомеаи ҷаҳонро такон дод ва зарурати таъсиси механизмҳои байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба миён овард.

Баъдан 25 май дар бисёр кишварҳо ҳамчун рӯзи байналмилалӣ пазируфта шуд ва ҳатто баъзе кишварҳои ҷаҳон гулеро бо номи “Forget-me-not” (маро фаромӯш накун) ҳамчун рамзи кӯдакони гумшуда истифода мебаранд.

Имрӯз ин сана на танҳо рӯзи ёдбуд, балки рӯзи мубориза барои таъмини амнияти кӯдакон, пешгирии ҷиноятҳо нисбати онҳо ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқии кӯдак мебошад.

Мавзуи ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи кӯдакон яке аз муҳимтарин самтҳои ҳуқуқи инсон мансуб ёфта, омӯзиши он барои ҷомеа аҳамияти хоса дорад. Ҳуқуқи кӯдак қисми таркибии ҳуқуқи инсон буда, кӯдак новобаста аз миллат, ҷинс, вазъи иҷтимоӣ ё дигар аломатҳо, дорои ҳуқуқҳои фитрӣ ва кафолатдодашуда мебошад.

Дар ин аснод, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзи кӯдаконро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор додааст ва муҳимтарин санади байналмилалӣ дар ин самт Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (1989) мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин санад ҳамроҳ гардида, уҳдадор шудааст ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконро таъмин намояд.

Конвенсия як қатор ҳуқуқҳои муҳими кӯдакро муайян мекунад:

  • ҳуқуқ ба зиндагӣ ва рушд;
  • ҳуқуқ ба амният;
  • ҳуқуқ ба ҳифз аз хушунат;
  • ҳуқуқ ба ҳифз аз истисмор;
  • ҳуқуқ ба муҳити оилавӣ;
  • ҳуқуқ ба ҳифзи давлатӣ.

Тибқи талаботи моддаи 6-и Конвенсияи мазкур, ҳар кӯдак ҳуқуқи ҷудонопазир ба зиндагӣ дорад. Давлатҳо вазифадоранд зинда мондан ва рушди кӯдакро таъмин намоянд.

Моддаи 19-и Конвенсия бошад давлатҳоро уҳдадор месозад, ки кӯдаконро аз ҳама гуна шаклҳои хушунат, бадрафторӣ ва истисмор муҳофизат намояд.

Ҳамзамон, моддаи 35 масъалаи пешгирии одамрабоӣ, савдои кӯдакон ва харидуфурӯши онҳоро танзим менамояд. Ин меъёр аҳамияти махсус дошта, ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ нисбати кӯдакон равона шудааст.

Мусаллам аст, ки мушкилоти гумшавии кӯдакон омилҳои гуногун дошта, яке аз сабабҳои асосӣ беназорат мондани кӯдакон мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи мушкили иҷтимоӣ ва суст будани назорати оилавӣ, инчунин бетарафии ҷомеа ба гумшавии кӯдакон мусоидат менамояд.

Инчунин, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ хатари навро ба миён овардааст. Дар натиҷа ҷинояткорон тавассути интернет метавонанд кӯдаконро фиреб дода, онҳоро ба доми худ кашанд.

Илова бар ин, мушкилоти равонӣ дар оила, хушунат дар муҳити хона, ҷалби кӯдакон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ, савдои одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, огоҳ набудани кӯдакон аз ҳуқуқҳои худ ва дигар омилҳо барои гум шудани кӯдакон замина мегузорад.

Дар бисёр ҳолатҳо кӯдакони гумшуда қурбонии ҷиноятҳои вазнин мегарданд, ки ин масъала аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи кӯдаконро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эътироф намуда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак кафолат дода шудаанд.

Бахусус моддаи 34-и Конститутсия муқаррар менамояд, ки модар ва кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат қарор доранд. Ин меъёр асоси сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи кӯдакон мебошад.

Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» санади муҳими миллӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Қонуни мазкур принсипҳои асосии ҳифзи кӯдаконро муайян намуда, уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеаро муқаррар мекунад.

Ҳамчунин, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҷиноятҳо нисбати кӯдакон, азҷумла одамрабоӣ, савдои одамон, истисмори кӯдакон, ҷалби ноболиғон ба ҷиноят ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Ин меъёрҳо барои пешгирии ҷиноятҳо ва таъмини ҳифзи ҳуқуқии кӯдакон аҳамияти муҳим доранд.

Таъкид бояд кард, ки ҳифзи кӯдак танҳо вазифаи давлат нест. Оила, мактаб ва ҷомеа низ дар таъмини амнияти кӯдакон нақши муҳим доранд.

Дар ин замина волидон бояд:

  • муҳити бехатар фароҳам оваранд;
  • кӯдаконро ба эҳтиёткорӣ омӯзонанд;
  • аз фаъолияти онҳо дар интернет огоҳ бошанд;
  • муносибатҳои равонии солимро нигоҳ доранд.

Муассисаҳои таълимӣ низ дар қатори худ вазифадоранд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиширо оид ба амнияти кӯдакон баргузор намоянд.

Ҷомеа низ бояд нисбат ба сарнавишти кӯдакон бепарво набошад. Ҳангоми гум шудани кӯдак ҳамкории фаврии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад ҷони кӯдакро наҷот диҳад.

Хулоса

Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда на танҳо санаи ёдбуд, балки ҳушдор ба давлат ва ҷомеа мебошад, ки ба масъалаи амният ва ҳифзи кӯдакон таваҷҷӯҳи доимӣ дода шавад.

Ҳуқуқи кӯдак қисми ҷудонашавандаи ҳуқуқи инсон буда, таъмини он вазифаи муҳими давлат, ҷомеа ва ҳар як шахс мебошад.

Таҳкими қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва масъулияти иҷтимоӣ метавонанд ба коҳиш ёфтани ҳолатҳои гумшавии кӯдакон мусоидат намоянд.

Ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад дар муҳити бехатар, ором ва озод зиндагӣ намояд. Ҳифзи кӯдакон — ҳифзи ояндаи миллат ва ҷомеа мебошад. Чуноне, ки Расули Акрам (с) мефармоянд: «Касе, ки ба кӯдакон раҳм намекунад, аз мо нест».

Муовини ШБИТТ

Довудов М. Р.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор