Ҷавонон - ояндасози давлату миллат
Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ нақшу манзалати ҷавонон баланд бардошта шуд. Дар ироаи Паёмашон 20 январи соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».
Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Мо – ҷавонон, аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонем.
Вобаста ба ин, мо ҷавонони даврони истиқолро мебояд, ки илмҳои замоновӣ ва технологияи муосирро аз худ намуда дар сатҳи байналмилалӣ, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ҳамасола баргузор мегардад, мавқеи ҷумҳуриямонро баланд бардошта, кӯшиш намоем, ки ҷавонони созандаи замони муосир бошем.
Яке аз муҳимтарин санадҳое, ки сиёсати давлатии ҷавононро танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тарбия ва ташаккули ҷавононро муайян намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Мақсади асосии ин қонун дастгирии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар мебошад. Дар асоси қонуни мазкур ҷавонон ин гурўҳи иҷтимоию демографӣ шахсони аз 14 то 30 - соларо дар бар мегирад. Сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси комёбиҳои илму техника ва бо назардошти анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ таҳия ва тасдиқ мегардад. Пас аз қабул шудани ин санад яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба ватан, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардид.
Ҳукумати кишвар ба ҷавонони соҳибистеъдод таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, қисми зиёди онҳоро барои гирифтани ба ҷавонони зиёде бо бурсияҳои президентӣ, грантҳои давлатӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дастгирӣ менамояд. Фароҳам овардани имконият барои таҳсил, такмили ихтисос ва коромӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҷавонон имкон медиҳад, ки донишу таҷрибаи муосирро аз худ намуда, дар рушди ҷомеа саҳми назарраси худро гузоранд. Тавре Пешвои миллат дар баромадашон 20 январи соли 2016 қайд намуданд: «Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд».
Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Имрӯз ҷаҳони муосир бо таҳдиду хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ гашта истодааст, аз ин рӯ дар чунин шароит ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро гум накарда, ба фарҳанги бегона ва ғояҳои ифротӣ пайравӣ накунанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул дода шавад. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил бошем, ба иғвоангезии хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки вазифаи мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.
Ҷавонони ҳар кишвар сармоя ва муҳимтарин неруи он миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин нерў ба хубӣ парвариш дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он миллат ва кишвар бошад.
Ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ҳамин тариқ, мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.
Аз ин рӯ, мо ҷавонон дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ аз пештара бештар муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, ба хотири тақкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро равона месозем.
Ҷавонони имрӯз на танҳо дар корҳои созандагию ободонӣ фаъоланд, балки ҳамчун ҳомиёни марзу буми кишвар низ хизмат мекунанд. Ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад. Бо ҳисси баланди миллӣ ва садоқат ба Ватан ҷавонони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати содиқона намуда, амнияти давлатро ҳифз мекунанд.
Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, дар пайи омӯзишу тадқиқ бошанд.
Хулоса, ҷавонон қувваи бузурги созанда ва такягоҳи асосии давлату миллат мебошанд. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон эътимоди калон доранд ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоранд. Ҷавонон низ бояд ин ғамхориҳоро қадр намуда, бо меҳнати софдилона, омӯзиши илму дониш ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд воқеан сипари боэътимоди давлат ва ояндасози миллат бошанд.
Сафаргули Шамсулло
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ









