Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ҳар сол дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад, солҳои охир аз ҷониби олимон ва муҳаққиқони ватанӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал муҳаққиқ Сайнозимзода Фирӯз соли 2022 дар мавзуи “Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст.Тавре номбурда қайд менамояд:

“Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи моҳияташон масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизматӣ давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ, соҳибкориву сармоягузорӣ, ҳифзи саломатӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, рушду нумуи қонунгузорӣ ва фаолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини сатҳу сифати қонунгузорӣ, тақвияти ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиаи мамлакат, суботу амнияти ҷомеа ва давлат, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистонро фаро мегиданд ва чунин масъалаҳо таҳлилу баррасӣ шуда, роҳҳои ҳалли онҳо манзур мегарданд.”

Мавриди тазаккур аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 аз паёмҳои пешина ба куллӣ фарқ мекунад. Диққати асосии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти такмил ва рушди донишу маърифати ҳуқуқӣ равона карда шуда буд. Боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли 2025 бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад ва соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳаммияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд.

Мо миллати тоҷик бояд ифтихор намоем, ки беҳтарин олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва беҳтарин ҳуқуқшиносон доштем ва дорем. Чунки таърих исбот намудааст, ки аввалин бор дар ҷаҳон соли 539 пеш аз мелод баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии инсон аз ҷониби насли нажоди мо шоҳаншоҳи оқилу дурандеш ва боадолат Куруши Кабир Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст.

Бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳо дар ҷаҳон-«Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон», ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Парижи Франсия қабул гардидааст, аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир сарчашма мегирад, ки ин ифтихори мо-миллати тоҷик мебошад.

Пас маълум мешавад, ки гузаштагони мо ҳазорсолаҳо пеш маърифати баланди ҳуқуқӣ доштаанд ва мо низ бояд аз гузаштагони худ ибрат гирифта, дониши ҳуқуқии худро комил намоем ва ба наслҳои оянда омӯзонем.

Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад.

Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро талаб мекунад бе он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеаи, аз қабили валоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонад комилан амалӣ гардад.

Дар асоси меъёрҳои заминавии Конститутсия бошад дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Зарурати қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ гардидааст, бармеояд.

Мақсади асосии он аз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ иборат буда, расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуку озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ, мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ, ба таълим ва тарбияи хуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дарназардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фасли масоили зикршуда ба ҳисоб меравад.

Зери мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» – маҷмуи донишҳое, ки атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида ва ғайра баҳс мекунанд, фаҳмида мешавад ва ҳамаи он ҷиҳати ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.

Аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ аз ҷумла, ба олимони ҷомеашинос ва зиёиёни эҷодкор тавсия дода шудааст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон баҳри ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик, рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.

Мавриди зикр аст, ки баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад, ки дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқарар шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, шаклу усулҳои ҳимояи онҳо аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соҳаи иттилоот, таҳсилот ва тарбия амалӣ мегардад ва мақсадҳои пешгирии поймол гардидани онҳо, ташаккули демократии ҷаҳонбинии ҷомеа ва дарки ҳуқуқии шаҳрвандиро дар назар дорад.

Ҳамин тавр, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, мавриди омӯзиш қарор дода, дар фаъолияти мунтазам сармашқи кори худ қарор дода, барои амалӣ шудани онҳо кӯшиш менамоянд.

 

Ёрдамчии Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон

Салоҳиддинзода М.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор