Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

 

Ҳамасола рӯзи якуми июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад ва Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзи таърихиро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ҷашн мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад.

Тазакур бояд дод, ки бори аввал Рӯзи байналмилалии кӯдакон соли 1950 ҷашн гирифта шудааст.

Қарор дар бораи гузаронидани он аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Демократии Занон дар иҷлосияи махсус моҳи ноябри соли 1949 қабул карда шуда буд. Созмони Милали Мутаҳид ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.

Рӯзи кӯдакон на танҳо ҷашни фароғатӣ барои кӯдакон, балки он ба ҷомеа дар бораи зарурати ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ёдрас мекунад, то ҳамаи кӯдакон хушбахтона ба воя расанд, омӯзанд, коре кунанд, ки дар оянда волидайн ва шаҳрвандони сазовори кишвари худ шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ номида, ба парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Дар Тоҷикистон кӯдакон таҳти ҳимояву ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат қарор дошта, ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломатӣ, ҳаёти осуда, фароҳам овардани шароити арзанда барои таҳсилот ба кӯдак, аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад.

Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар моддаи 34 Конститутсияи мамлакат чунин меъёр муқаррар шудааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Қобили қайд аст, ки вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабул шуда, аз ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф гардидаанд. Аз ҷумла, моддаи 16-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва моддаи 10-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият эътироф карда, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оиларо пешбинӣ намудааст.

Дар моддаи 18-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак бошад омадааст, ки таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзуи асосии ғамхории волидайн бошад. Меъёри мазкур дар қисми 1 моддаи 65-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн дар тарбия ва таълими фарзандон дар дигар моддаҳои Кодекси мазкур низ зикр гардидааст.

Дар қисми 1 моддаи 57-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад омадааст, ки кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро волидон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.

Инчунин, моддаи 63-и Кодекси оила бошад, волидайнро уҳдадор мекунад, ки барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, руҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад ва моҳияти қонунҳои соҳавӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо равона карда шудаанд. Масалан, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи маориф», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз зумраи санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро таъмин менамоянд.

Илова бар ин, бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин иқдоми Пешвои миллат аз ѓамхории беандоза нисбат ба кӯдакон мебошад.

Тазакур бояд дод, ки барои ба воя расонидани фарзандони солеҳу муваффақ падару модаронро зарур аст, ки дар қатори муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи шоистаи фарзандон саҳми арзанда гузоранд ва ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд.

Ҳамин тавр, моро зарур аст, ки кӯдаконро барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неки ҳамида тарбия намоем.

 

Давлатов Х.

Роҳбари намояндагии Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон    

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор