Ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи нажодӣ аз ҷумлаи арзишҳои бунёдии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Ин ҳуқуқ аз принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ, аз қабили баробарии ҳамаи инсонҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои бунёдии шахс ва ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ сарчашма мегирад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бар он назар аст, ки ҳар як инсон новобаста аз миллат, нажод, ранги пӯст, забон, эътиқод ва вазъи иҷтимоӣ бояд аз ҳуқуқу имкониятҳои баробар баҳравар бошад.

Мафҳуми баробарии ҳуқуқӣ пеш аз ҳама баробарии имкониятҳоро ифода менамояд. Яъне ҳамаи одамон ҳамчун иштирокчиёни баробарҳуқуқи ҳаёти ҷамъиятӣ эътироф гардида, ҳуқуқ доранд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Баробарӣ маънои яксон будани ҳамаи одамонро надорад, балки маънои фароҳам овардани шароити баробар барои истифода аз ҳуқуқу озодиҳои қонуниро дорад.
Озодӣ аз табъизи нажодӣ бошад, ҳуқуқи ҳар як инсонро ба зиндагӣ бидуни ҳар гуна маҳдудият ё муносибати нобаробар аз рӯйи аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиши миллӣ ё этникӣ кафолат медиҳад. Табъизи нажодӣ яке аз шаклҳои хавфноки поймолкунии ҳуқуқи инсон буда, метавонад ба низоъҳои иҷтимоӣ, маҳдуд шудани имкониятҳои шахсон ва коста гардидани ваҳдати ҷомеа оварда расонад.
Ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирӣ ва аз байн бурдани табъизи нажодӣ як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқиро қабул намудааст. Аз ҷумла, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти генотсид ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ аз муҳимтарин санадҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Тибқи моддаи 1 Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, табъизи нажодӣ ҳар гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ мебошад, ки бар асоси нажод, ранги пӯст, баромади авлодӣ, миллӣ ё этникӣ сурат гирифта, ба маҳрум сохтан ё маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудааст. Ба ибораи дигар, ҳар гуна муносибати нобаробар нисбат ба шахс бо сабаби мансубияти нажодӣ ё этникии ӯ ҳамчун табъизи нажодӣ эътироф мегардад.
Мафҳуми «нажод» бештар ба хусусиятҳои зоҳирии инсон, аз ҷумла ранги пӯст, шакли чеҳра, сохтори устухонҳо ва дигар аломатҳои ҷисмонӣ алоқаманд мебошад. Дар адабиёти илмӣ ва иҷтимоӣ истилоҳҳои сафедпӯст, сиёҳпӯст, аврупоид, африқотабор ва дигар мафҳумҳо барои тавсифи хусусиятҳои нажодӣ истифода мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ аксари санадҳои муҳимми байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ аз ҷониби Тоҷикистон эътироф ва тасдиқ гардидааст. Давлат уҳдадор шудааст, ки талаботи ин санадро дар сатҳи миллӣ амалӣ намуда, барои пешгирӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз тадбирҳои зарурӣ андешад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи баробарии ҳама шаҳрвандонро дар назди қонун кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар гуна табъизро аз рӯи нажод, миллат, забон, мансубияти миллӣ, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ манъ мекунад. Илова бар ин, дар як қатор қонунҳо ва кодексҳои ҷумҳурӣ низ меъёрҳои махсус оид ба пешгирӣ ва манъи табъиз пешбинӣ шудаанд.
Дар самти ҳифзи ҳуқуқ ба баробарӣ ва пешгирии табъиз нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад. Ин мақомот ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз фаъолият намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташкили вохӯриҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамчунин, дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон санадҳои байналмилалӣ, гузоришҳои миллӣ, тавсияҳои мақомоти дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва дигар маводди иттилоотӣ ҷойгир карда шудаанд, ки барои омӯзиши ҳуқуқҳои инсон ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Дар маҷмуъ, ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи нажодӣ яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи адолатпарвар ва демократӣ мебошад. Риояи ин ҳуқуқ на танҳо ҳифзи манфиатҳои шахсро таъмин мекунад, балки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди устувори давлат низ аҳаммияти калон дорад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ва тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ бояд вазифаи муштараки давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд бошад.
Маҷидзода Парвиз Бухорӣ
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз таъбиз









