Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

August 2026
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31

Ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии ҳамин меъёри конститутсионӣ пайваста азму талош намуда, қонунгузории миллӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мунтазам такмил дода мешавад ва дар ин самт барномаву стратегияҳои мушаххас таҳия ва қабул карда мешаванд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар доираи салоҳияти худ ҳамкориҳоро бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла такмили қонунгузории миллӣ, амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегии соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, барномаву консепсияҳо, нақшаҳои миллии амалҳо, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани донишҳои касбии кормандони мақомоти давлатӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба роҳ мондааст.

Қабул шудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои  давраи то соли 2038 боз як қадами устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур мебошад.

Мавриди зикр аст, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолона иштирок намуда, дар таҳияи Стратегияи дар боло зикршуда саҳмгузорӣ намудааст.

Яке аз самтҳои муҳими ин Стратегия тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад ва раванди мазкур ба фаъолияти мақомоти ВҲИ алоқамандии зич дорад, зеро тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Аз ин лиҳоз, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз солҳои аввали таъсисёбии худ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ташкил ва тақвият додани ҳамкориҳо бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста саъю талош менамояд.

Дар ин раванд ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ идома ва густариш меёбанд. Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон узви доимии Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ дар доираи фаъолияти ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ мунтазам саҳмгузорӣ мекунад. 

 Дар ин асно ҳамкориҳои мақомот бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба таҳия ва амалисозии нақшаҳои миллии амалҳо, инчунин нақшаҳои якҷоя дар самтҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба роҳ монда шудааст.

Мусаллам аст, ки иҷрои саривақтӣ ва самараноки нақшаҳои миллии амалҳо дар самтҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон  ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои  давраи то соли 2038 нақши муҳим дорад.

Яке аз чунин санадҳо Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 мебошад, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП аз 1 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст.

Бо мақсади иҷрои самараноки бандҳои дахлдори Нақшаи зикршуда аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Идора оид ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” силсилачорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Ҳисор, Ваҳдат, Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуданд.

Гузашта аз ин, яке аз тавсияҳо дар раванди иҷроиши ШУД ин зиёд намудани ҳайати Гуруҳи мониторингии нази Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ҷиҳати иҷроиши ин тавсия пайваста чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалисозии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №116 аз 27.02.2020 тасдиқ гардидааст, ВҲИ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо шарикони рушд роҳандозӣ намудааст.

Аз ҷумла, бо мақсади муаррифии Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон–ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоиши Ваколатдор оид оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон №46 аз 17 майи соли 2023 тасдиқ шудааст, дар доираи татбиқи Ташаббуси “Нури рушноӣ” бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва Лигаи занҳои ҳуқуқшинос соли 2023 дар шаҳрҳои Ҳисору Исфара ва дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров  чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шуданд. 

Дар чорабиниҳои мазкур кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раёсати маориф, кор бо ҷавонон, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар чорабиниҳо масъалаҳои вобаста ба Стандартҳои байналмилалӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон, духтарон ва кӯдакон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ин раванд намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳайси аъзои гурӯҳи кории байнисоҳавӣ вобаста ба амалисозии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалисозии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон мунтазам дар чорабиниҳои шарикони рушд иштирок ва баромад мекунад. Аз ҷумла, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар силсиласеминарҳои омӯзишӣ барои мушовирон оид ба масъалаҳои маъюбон, ки бо ибтикори ТҶ “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” ташкил ва гузаронида шуданд, фаъолона иштирок намуд.

Боиси қайд аст, ки ҳамкориҳои нави мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқи дастрас”, бо роҳбарии сарвари ин ташкилот Шоира Давлатова дар самти ҳуқуқ ба манзил, хусусан, дар ҷодаи баррасии якҷояи арзу шикоятҳо дар ин самт, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти манзил назаррас арзёбӣ мегардад.

Дар доираи фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мунтазам дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинг гузаронида мешавад.

Кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ чорабиниҳои иттилотӣ доир намуда, оид ба мавзӯъҳои дахлдор, аз ҷумла масъалаҳои ҳимояи Ватан, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он, ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он баромад менамоянд.

Зимни баргузории вохӯрию мизҳои мудаввар ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии иштирокдорони ин чорабиниҳо мазмун ва моҳияти санадҳои байналмиллалии самти мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои ҷумҳурӣ дар ин самт фаҳмонида шуданд. Ҳамзамон, тавсияҳое, ки зимни гузаронидани мониторинги қисмҳои ҳарбӣ муайян карда мешаванд, дар арафаи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ҳамасола 10 декабр бо масъулони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва аз ҷумла бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҳамаҷониба густариш додани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи амалисозии  Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ин тақвият додани донишҳои касбии журналистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Дар ин раванд соли соли сипаришуда дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Хома» барои журналистон тренинги алоҳида гузаронида шуда, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудани журналистон бо фаъолияти мақомоти ВҲИ барои онҳо рӯзҳои дарҳои кушода ташкил ва гузаронида шуд.

Дар доираи амалисозии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, ки тибқи он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз таъйин шудааст, дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шуъбаи алоҳида таъсис дода шуда, ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти ВҲИ бо шарикони рушд ва аз ҷумла бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, агар соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии “Нота-бене” дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар, Исфара ва ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Рашт чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”  гузаронида шуда бошанд, пас дар соли 2024 фаъолият дар самти мазкур идома дода шуда, тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ барои соли 2024 гузаронидани чунин чорабиниҳо дар 8 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шаҳринав, Шаҳритус,Шӯробод, Мастчоҳ, Ашт, Ишкошим, Рӯшон ва шаҳри Роғун ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2026 бошад, оиди шарҳу эзоҳи муҳтавои Қонуни мазкур дар ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Ашт, Шаҳристони вилояти Сугд ва ноҳияҳои Қабодиён, Шаҳритус, Панҷ ва шаҳри Леваканди вилояти Хатлон чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар доираи Гуруҳи корӣ оид ба пробатсия, “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” дар доираи Гуруҳи мониторингӣ,  “Инсон ва Адолат” дар самти гурезаҳо, “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар доираи Гуруҳи мониторингӣ ва ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, “Асотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон, “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос” дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дигар самтҳои ҳуқуқҳои занон, Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар самти дастгирии гурӯҳи корӣ оид ба такмили механизми қабул ва баррасии муроҷиатҳои кӯдакон ва такмили қонунгузории амалкунанда ва таҳияи лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» вобаста ба механизми қабул ва баррасии муроҷиатҳои кӯдакон, дар самти ҳуқуқ ба манзил бо ТҶ “Ҳуқуқи дастрас” ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки доираи шарикони рушди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сол аз сол густариш меёбад ва соли ҷорӣ оғоз ёфтани ҳамкориҳо бо ТҶ “Дунёи ҳуқуқ” далели гуфтаҳои боло мебошад.

Бо дарназардошти таъсисёбии ду воҳиди нави сохторӣ дар Дастгоҳи ВҲИ – шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз ва шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон боварӣ дорем, ки доираи ҳамкорони рушди мақомоти ВҲИ дар самтҳои зикршуда аз ҷумлаи сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам васеътар мегардад.

Ҳамзамон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ҳамкориҳоро на танҳо бо воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии ВҲИ, балки бо Намояндагиҳои ВҲИ дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон густариш бахшанд, зеро пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва махсусан дар ноҳияҳои дурдаст хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Зиёда аз ин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон имконият дорад, ки бо маблағгузории шарикони рушд дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ ва ё дурдасти ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ифтитоҳ намояд ва дар ин ҷода таҷрибаи хуб ҳам дорад.

         Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ ҳамкориҳои самаранокро бо шарикони рушд, аз ҷумла бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият дода, дар доираи салоҳияти худ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои  давраи то соли 2038 ва таҳким бахшидани обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош меварзад.

Бобозода Умед – Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

номзади илмҳои ҳуқуқ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор