Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

August 2026
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31

Ваҳдати миллӣ – ояндаи дурахшони миллат

 

“Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо рамзи сулҳу оромӣ

ва суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори

ҳамаи соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад.

Нигоҳ доштани фазои сулҳу субот вазифаи муқаддаси ҳар

фарди бедордилу ватандӯст ба ҳисоб меравад”.   

    Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳамасола 27 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ваҳдати миллӣ танҳо як санаи таърихӣ нест, балки мактаби бузурги инсонгарӣ, сабру таҳаммул ва меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан мебошад. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намуда, барои ободии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар таҳкими дӯстиву бародарӣ ва эҳтироми ҳамдигар кӯшиш кунанд, ки Ваҳдати миллиро барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Имрӯз кишвари мо, бо сиёсати сулҳҷӯёна ва дӯстонаи худ миёни давлатҳои ҷаҳон мавқеи шоиста дорад. Меҳмонони хориҷӣ аз табиати зебо, фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик ситоиш мекунанд. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз ба шарофати сулҳу, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, барномаҳои идона ва ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор мегарданд.  

Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз ба ҳисоб рафта, боиси хотима ёфтани муноқишаҳои дохилӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона гардид. Ин ҷашн мардумро ба  ҳам меорад ва ҳисси ифтихори миллиро боз ҳам қавитар месозад. Бояд қайд кард, ки ваҳдат асоси ҳамаи пешрафтҳо мебошад. Агар дар ҷомеа сулҳу оромӣ  ҳукмфармо бошад, илму фарҳанг, рушд мекунад, иқтисодиёт пеш меравад ва мардум зиндагии хушу осуда ба сар мебаранд.                                  

Маврид ба зикр аст, ки ҳифзи Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст. Нақши Ваҳдати миллӣ дар тарбияи ҷавонон  низ хеле муҳим аст. Дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия ёфтани ҷавонон омили асосии рушд ёфтан ва  пойдории давлат мебошад. Омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа вазифадоранд, ки ба  ҷавонон  аҳаммияти сулҳу оромиро фаҳмонанд. Зеро миллате, ки ваҳдат сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доранд, ҳеҷ гоҳ шикаст намехӯрад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо хираду фарҳанг машҳур буданд. Бузургони адабиёти тоҷик низ мардумро ҳамеша ба иттиҳод ва дӯстӣ даъват мекарданд. Онҳо ваҳдатро ҳамчун омили асосии бақои миллат мешумориданд. Имрӯз низ мо бояд ин анъанаҳои неки ниёгонро идома диҳем ва барои пойдории сулҳу субот саҳм гузорем. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мо дарси муҳим медиҳад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа вазифаи бузург доранд. Онҳо бояд бо омӯзиши илму техника, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ барои рушду нумуи давлат саҳм гузоранд.

 Ҷавонони донишманду ватандӯст метавонанд ояндаи давлату миллатро боз ҳам дурахшон гардонанд. Имрӯз мо бояд шукронаи он кунем, ки дар Ватани азизамон-Тоҷикистон осмони соф, зиндагии ором ва муҳити дӯстона ҳукмфармост. Барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо ҳар яки мо масъул ҳастем. Агар ҳар шаҳрванд бо виҷдону садоқат ба Ватан хизмат намояд, кишвари мо боз ҳам ободу пешрафта мегардад. Бигзор Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамеша рамзи сулҳу дӯстӣ ва муҳаббати байни мардум бошад. Орзу мекунем, ки дар сарзамини тоҷикон ҳамеша хандаҳои кӯдакон танинандоз гардад, қалбҳо пур аз меҳру муҳаббат бошанд ва парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон бимонад. Ваҳдати миллӣ моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кунад. Ҳар як ободие, ки имрӯз дар Тоҷикистон дида мешавад, самараи меҳнати содиқонаи мардум ва фазои сулҳу оромӣ мебошад. Бунёди роҳҳои нав, мактабҳои замонавӣ, беморхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ нишонаи он аст, ки кишвар дар роҳи пешрафт қарор дорад. Мардуми тоҷик бояд ҳамеша бо ҳамдигар муттаҳид бошанд ва барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ талош намоянд.  

Ваҳдати миллӣ чароғи фурӯзони ояндаи миллат аст. Ҳар қадаре, ки мардум муттаҳид бошанд, ҳамон қадар давлат неруманду устувор мегардад.   Ҷавонони тоҷик бояд бо дониш, фарҳанг ва рафтори намунавӣ номи неки Ватанро ҳамеша пойдор бимонанд. Онҳо ворисони ҳақиқии сулҳу ваҳдат мебошанд ва вазифадоранд, ки ин неъмати гаронбаҳоро ҳифз намоянд. Барои ҳамин ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои оромиву субот зиндагӣ дорем ва метавонем озодона кору таҳсил намоем.

Ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки душманони миллат аз парокандагӣ манфиат мебинанд. Аз ҳамин сабаб, ҳар як шаҳрванди бедордил бояд барои нигоҳ доштани дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ талош намояд, эҳтироми калонсолон, ғамхорӣ нисбат ба хурдсолон ва дӯст доштани Ватан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ваҳдати моро мустаҳкам месозанд. Душманӣ ва кина ҷомеаро заиф мегардонад, аммо дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миллатро неруманд месозад. Аз ҳамин сабаб, ҳар яки мо бояд дар дил меҳри Ватан ва эҳтироми ҳамватанонро парвариш намоем. Имрӯз парчами Тоҷикистон дар осмони сулҳу оромӣ парафшон аст. Ин барои ҳар як тоҷик мояи ифтихор мебошад. Мо бояд бо меҳнати ҳалол, дониши мукаммал ва ахлоқи ҳамида барои боз ҳам ободу зебо гардидани кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст. Ҳифзи он қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар яки мост. Бигзор сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва ягонагӣ дар сарзамини Тоҷикистон ҳамеша пойдор бимонад ва мардуми тоҷик дар фазои орому осоишта  зиндагии саодатмандона дошта бошанд. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди бедордили ҷомеа сабақи бузурги зиндагӣ мебошад. Он ба мо меомӯзад, ки танҳо  бо ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул ва дӯстиву бародарӣ метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати обод бунёд кунад. Мардуми Тоҷикистон имрӯз бо ҳисси баланди ватандӯстӣ  барои рушду нумуи кишвар талош менамоянд ва ба ояндаи дурахшон бовар доранд, ки ваҳдат чароғи роҳнамои миллат аст.

То замоне ки  дӯстӣ,  эҳтиром ва ягонагӣ байни мардум вуҷуд дорад, кишвари мо ҳамеша ободу пешрафта хоҳад монд. Бигзор сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон ҷовидона бошад ва мардуми шарафманди  Тоҷикистон ҳамеша сарбаланду хушбахт зиндагӣ намоянд. Аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 29 сол сипарӣ шуд, ки ба шарофати он дар Ватани азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ пойдор аст.

          

 

Маҳмадизода Умар Музафар - Мутахассиси пешбари шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони

хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар

   Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      

 

 

 

 

 

 

 

 

 

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор