Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва давлатдории миллӣ.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар давлату миллат на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки пояи ҳастии давлат, заминаи суботи ҷомеа, кафили рушди устувор ва омили асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдати миллӣ арзиши тақдирсоз, сарнавиштсоз ва бунёдӣ дорад, зеро маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат кишвари мо аз хатари парокандагӣ, бесуботӣ ва буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ раҳо ёфта, ба роҳи созандагию бунёдкорӣ қадам гузошт. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит намуд, ки бе ваҳдати миллӣ, бе ҳамдигарфаҳмӣ, бе эҳтиром ба қонун ва бе фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наметавон суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва рушди устувори ҷомеаро таъмин кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлол, кафили бақои давлатдорӣ ва шарти асосии пешрафти ҷомеа мебошад. Дар яке аз таъкидҳои муҳимми худ Пешвои миллат ваҳдати миллиро чунин арзёбӣ намудаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
Ин андешаи сарнавиштсоз моҳияти аслии ваҳдати миллиро ҳамчун рукни асосии давлатдории навини тоҷикон нишон медиҳад. Ваҳдат танҳо сулҳи зоҳирӣ нест, он маҷмуи арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоист, ки ҷомеаро муттаҳид месозад, шаҳрвандонро атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ ҷамъ меорад ва заминаи эҳтиром ба қонун, тартибот, адолат ва масъулиятшиносиро фароҳам меорад.
Ваҳдати миллӣ яке аз муқаддастарин арзишҳои давлатдории тоҷикон, дастоварди бузурги даврони истиқлол ва кафили рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он на танҳо ҳамчун натиҷаи сулҳ, балки ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва иҷтимоии пойдории давлат ва ҷомеа хизмат мекунад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит намудааст, ки маҳз ваҳдати миллӣ кишварро аз буҳрони шадид наҷот дода, барои бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Дар ин раванд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши истисноӣ доранд. Онҳо ҳамчун ҳомии қонун, амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва манфиатҳои миллӣ дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи сохти конститутсионӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандӯстӣ саҳми бевосита мегузоранд. Самаранокии фаъолияти онҳо ҳар қадар баланд бошад, ҳамон қадар пояҳои ваҳдати миллӣ устувортар мегарданд.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун, пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба давлат ва қонун, инчунин мубориза бо омилҳои халалдоркунандаи ваҳдати ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми ин ниҳодҳо мебошанд.
Ваҳдати миллӣ дар шароити имрӯза яке аз арзишҳои олӣ ва меҳварии ҷомеаи тоҷикон мебошад. Он ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллат, заминаи устувории сохти конститутсионӣ, шарти муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва кафили амнияти миллӣ хизмат мекунад. Агар ба таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон назар афканем, равшан мегардад, ки ҳар миллате, ки тавонистааст фазои ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди иҷтимоиро ҳифз намояд, дар арсаи рушду пешрафт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Баръакс, ҳар куҷо низоъ, тафриқа, бегонагӣ аз арзишҳои миллӣ ва костагии маърифати ҳуқуқӣ вуҷуд дошта бошад, он ҷомеа ба мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад.
Барои Тоҷикистон ваҳдати миллӣ маънои махсус дорад, зеро он маҳсули талошҳои бузурги сиёсӣ, ҷоннисорӣ ва иродаи қавии давлату миллат дар роҳи ҳифзи истиқлол ва давлатдорӣ мебошад. Маҳз ваҳдат буд, ки шароити мусоид барои эҳёи иқтисоди миллӣ, рушди инфрасохтор, таҳкими низоми идоракунии давлатӣ, баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва густариши худшиносии миллиро фароҳам овард.
Яке аз омилҳои ҷиддии халалдоркунандаи ваҳдати миллӣ ин паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, таассуб, бадбинӣ, таблиғи зӯроварӣ ва барангехтани кинаву адоват мебошад.
Ин падидаҳо на танҳо ба амнияти давлат, балки ба ваҳдати ҷомеа, суботи сиёсӣ ва оромии мардум таҳдиди ҷиддӣ доранд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама, ба зеҳну шуури ҷавонон таъсир расонида, бо роҳи таблиғоти бардурӯғ, таассуб, бегонапарастӣ ва нафрат ҷомеаро ба тафриқа мекашанд.
Дар таҳлилҳои ҳуқуқии марбут ба паёмҳои Пешвои миллат таъкид мешавад, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад.
Дар солҳои охир дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи маърифати ҳуқуқӣ ба яке аз самтҳои калидӣ табдил ёфтааст. Ин тасодуфӣ нест, зеро маърифати ҳуқуқӣ дар асл фарҳанги муносибати инсон ба қонун, давлат, ҷомеа ва масъулияти шаҳрвандии ӯро муайян мекунад. Шахсе, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад, эҳтироми ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро мефаҳмад, камтар ба ифротгароӣ, ҷинояткорӣ ва рафторҳои зиддиҷамъиятӣ майл мекунад.
Ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа, идомадиҳандаи давлатдорӣ ва ояндаи миллат мебошанд. Аз ҳамин сабаб, масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва масъулиятшиносии шаҳрвандии ҷавонон бояд дар меҳвари фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ, қарор дошта бошад.
Дар шароити муосир ҷавонон бештар аз ҳар қишри дигар ба таъсири иттилооти бардурӯғ, таблиғоти ифротӣ, фарҳанги бегона ва равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ осебпазир мебошанд. Агар ин гурӯҳ аз лиҳози маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қавӣ набошад, метавонад ба майдони таъсири неруҳои харобкор табдил ёбад.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки баргӯзории чорабиниҳоро дар самти тарбияи ватандӯстӣ пурзӯр намуда, аз ҷумла чунин тадбирҳоро андешем:
-парвариши эҳсоси ифтихор аз давлат, миллат, таърих ва фарҳанги миллӣ;
-эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои конститутсионӣ;
-фаҳмонидани моҳияти сулҳ, ваҳдат ва истиқлол;
-тарғиби масъулияти шахсӣ дар ҳифзи амнияти ҷомеа;
-пешгирии таъсири ақидаҳои бегона ва ифротӣ.
Ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ҳифзи ваҳдат танҳо вазифаи Ҳукумат ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Оила, мактаб, донишгоҳ, зиёиён, ходимони дин, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳар фарди ҷомеа дар ҳифз ва таҳкими он саҳм доранд.
Аз ин рӯ, имрӯз ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, боло бурдани эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ ва тақвияти фаъолияти касбӣ, шаффоф ва қонун меҳвари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монад. Зеро ваҳдати миллӣ танҳо ёдгории таърихӣ нест, балки арзиши зиндаи давлатдорӣ, кафили фардои осуда ва шарти асосии пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ
Нозимзода Б.









