Иқдоми навбатии инсондӯстдонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи авфи маҳбусон
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйдоди муҳим дар рушди сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар солҳои истиқлолият авф борҳо ҳамчун воситаи муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ барои таҳкими ризоияти ҷамъиятӣ, рушди принсипи инсондӯстӣ дар қонунгузорӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ истифода шудааст.
Ин санади қонунгузорӣ яке аз бузургтарин иқдомҳои инсондӯстона дар сиёсати давлатӣ дар солҳои охир буда, ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва механизмҳои мутобиқшавии иҷтимоии шахсони озодшаванда таъсири назаррас мерасонад. Ин санади қонунгузорӣ таҷассуми равшани сиёсати инсондӯстӣ, ризоияти миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таҷрибаи татбиқи авф нишон медиҳад, ки қонунгузор ба ҳифзи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Занон, ноболиғон, шахсони калонсол, маъюбон ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва миёнавазнин содир намудаанд, таҳти амали авф қарор мегиранд.
Авф дар аҳамияти махсуси он дар таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат зоҳир мегардад. Яне фароҳам овардани имконияти ислоҳ ва бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ, дар садоқат ба принсипҳои инсондӯстӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон таҷлил мегардад.
Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» озод намудан ё сабук намудани ҷазоро барои шумораи зиёди шаҳрвандон, аз ҷумла ноболиғон, занон, маъюбон, шахсони калонсол ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ менамояд.
Ҳадафи асосии ин қонун дар он зоҳир мегардад, ки давлат ба ҳазорон шаҳрвандон имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргарданд, фаъолияти меҳнатиро барқарор намоянд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок кунанд ва ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд.
Қобили зикр аст, ки таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки самаранокии авф на танҳо аз шумораи шаҳрвандони озодшуда, балки аз дараҷаи ҳамгироии минбаъдаи онҳо ба ҷомеа вобаста аст.
Авф дар ҳуқуқи конститутсионӣ ваколати парламент ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, Дар моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад.
То иимрӯз аз тарафи Маҷлиси Олӣ чандин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи умумӣ қабул шудааст. Масалан, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» аз 29 августи 2001 ба муносибати даҳумин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ сарфи назар аз муҳлати ҷазои таъйиншуда, инчунин ба ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ новобаста чандин ҳазор маҳкумшуда озод карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин хидмати шарофатмандонаашон бори дигар собит сохтанд, ки нисбати тақдири миллати куҳандиёри тоҷик бетараф нестанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқатан ҳам симои шахсияти беназири таърихӣ ҳастанд ва олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқатро доро ҳастанд.
Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари сулҳпарвар ва инсондӯст вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона борҳо нисбати маҳбусони кишвар дар давраҳои гуногун вобаста ба иду ҷашнвораҳо гуноҳашонро авф намуданд. Ин ҳадафи неку инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бебаҳо аст.
Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи авфи маҳбусон як масъалаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба адолат, инсондӯстӣ ва сиёсати давлатдорӣ вобаста аст. Нақши инсондустии, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи авф аз арзишҳои аслии сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар сарчашма мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти худ нисбат ба ҷомеа ва шаҳрвандон, ҳамеша ба инсоният, бахшиш ва эҳтироми ҳуқуқи инсон такя мекунанд. Авф на танҳо як иқдоми ҳуқуқӣ, балки рамзи меҳрубонӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ нисбати маҳбусон ба шумор меравад. Ин амал ба ҷомеа паёми умед мебахшад, ки ҳар шахс метавонад хатои худро ислоҳ кунад ва ба зиндагии солим баргардад.
Ин раванд нишон медиҳад, ки, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инсон ҳамчун арзиши олӣ менигаранд ва сиёсати давлатро бар асоси меҳрубонӣ, бахшиш ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон роҳнамоӣ мекунанд. ба таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 маротиба санадҳои авф қабул ва амалӣ гардидаанд. Қонуни навбатии авф, ки ҳамчун 18-умин санади башардӯстона қабул гардид, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи принсипи инсондӯстӣ ва таҳкими арзишҳои инсонпарварона равона гардидааст.
Муҳимтарин ҳадафи сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ устувор нигоҳ доштани асосҳои сохти конститутсионӣ, барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки ҷавҳари онро принсипи инсондӯстӣ ва адолатпарварӣ ташкил медиҳад. Бояд ёдовар шуд, ки 16 июни соли 2026 дар асоси принсипҳои башардӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон Қонуни Ҷуиҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», дар арафаи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ қабул карда шуд, ки амали ин қонун ба 18038 (ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт) маҳкумшуда татбиқ мегардад.
Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир ҳастанд.
Устод Садриддин Айнӣ. низ дар маврид ин фармудааст:
Авф кун, эй дӯст, ҳарчанд хато бисёр аст,
Ки гузашт аз сари хатокорон рафтори бузургвор аст.
З-он ки бахшиш бикушояд гиреҳи сад мушкил,
Қалби инсон зи хушиҳои ҷаҳон саршор аст.
Ин байт яке аз намунаҳои олии андешаи ирфонӣ ва ахлоқии Устод Садриддин Айнӣ мебошад ва шарҳи он як дунёи дигар буда, афв ва меҳрубониро ифода намуда, инсонро ба пушаймонӣ аз кирдор ва ислоҳу ба ҷамъият баргаштан даъват мекунад.
Ёрдамичии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салоҳиддинзода М.









