АҲАММИЯТИ ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ
Дар шароити зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳон масоили сулҳ, ки ҳамчун неъмати бузургу бебаҳо маҳсуб меёбад, хеле мубрам гаштааст, зеро бидуни сулҳ ва осоиштагӣ ҳеҷ кишвар рушду тараққӣ карда наметавонад ва ҳатто хатари аз байн рафтани давлатҳо имконпазир мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ барҳақ иброз доштанд: «Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд. Бояд гуфт, ки кишвари мо дар солҳои аввали истиқлол бо доштани чунин арзишҳои бузурги меросӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанг ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди умумии давлатамон зарбаи даҳшатнок ворид кард. Вале мо ба шарофати хиради миллӣ ва фарҳанги сулҳпарваронаи мардумамон тавонистем аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, раванди давлатсозии муосирро оғоз намоем. Дар натиҷаи саъю талошҳои зиёд сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар диёри мо барқарор гардид ва ба пояи асосии рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт».
Воқеан, дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон ҳодисаҳои мудҳишу даҳшатовари ба ҳама маълум ба вуқуъ пайваст. Маҳз бо айби баъзе аз гурӯҳҳо ва душманони миллати тоҷик давлати куҳанбунёди мо, ки пас аз ҷабри таърих дубора соҳибистиқлолӣ ба даст овард, ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва ҳатто хатари аз байн рафтани давлат ба вуҷуд омад.
Хушбахтона, бо амри тақдир ба бахти халқи Тоҷикистон, 19-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзонафарзанди миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд ва шаҳрвандони мамлакат дар шахсияти ӯ наҷотбахши давлату миллатро дарётанд.
Бешак муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ машаққати зиёдро аз сар гузаронида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад.
Ҳамакнун аз баракат ва шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳоли рушду тараққиёти устувор қарор дошта, инчунин, ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат ноил гашта истодааст.
Шоёни зикри хос аст, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои дигари мо марбут ба ин мавзуъ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд – СММ) бо мақсади таҳкими сулҳ дар кишварҳо ба эътибор гирифта мешавад.
Чунончи, соли 1997 бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ соли 2000-ум дар ҷаҳон «Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ» эълон гардид, ки дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шудааст.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми сентябри соли 2024 зимни суханронии худ дар СММ дар Ҳамоиши Оянда чунин таъкид ба амал оварданд: «Имрӯз, мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд. Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем.
Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии СММ дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем».
Дар робита ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Дар натиҷа, 25-уми июни соли ҷорӣ дар арафаи таҷлил аз 29-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Ба воситаи қатъномаи зикршуда, давлатҳои узв уҳдадории муштаракро барои пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ намуданд.
Мувофиқи қатъномаи мазкур Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон кардааст. Мақсади асосии чунин ташаббус аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, ҳамчунин, дастгирии таомул байни наслҳо, минҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манофеи наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Мусаллам аст, ки қабули қатъномаи фавқуззикр ба шароите рост меояд, ки дар манотиқи мухталифи сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Қатънома бешубҳа аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик маншаъ гирифта, ҳоло саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.
Ҳамин тавр, ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон амри зарурӣ ва тақозои замон буда, кишварҳои амнро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу оромӣ бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунанд. Ҳамчунин, иқдоми мазкур ба давлатҳои ноамн имкон фароҳам месозад, ки барои расидан ба сулҳу осоиштагӣ саъю талоши бештар намоянд.
Сайнозимзода Фирўз –
сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва
ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ









