Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Ҳифзи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ –ҳамчун дастоварди муҳимми даврони Истиқлолияти давлатӣ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди иқтисодиёти миллӣ, таҳкими низоми молиявӣ ва ташаккули бозори муосири хизматрасониҳои молиявӣ заминаи устувор фароҳам овард. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ислоҳоти пайгирона амалӣ гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии низоми молиявӣ такмил ёфтанд, технологияҳои муосир ҷорӣ шуданд ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ тадриҷан васеъ гардид.

Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва молиявӣ рӯ ба рӯ шуд. Бо вуҷуди ин, сиёсати давлатӣ ба ташкили низоми мустақили бонкӣ, рушди низоми пардохт, танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини устувории бозори молиявӣ равона гардид. Ислоҳоти сохторӣ барои рушди бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилотҳои амонатӣ, суғуртавӣ ва дигар муассисаҳои молиявӣ замина гузошт.

Дар баробари рушди бозори молиявӣ масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ низ аҳаммияти бештар пайдо кард. Дар шароити афзоиши хизматрасониҳои бонкӣ, қарзӣ, суғуртавӣ, пардохтҳои электронӣ ва маҳсулоти рақамии молиявӣ эътимоди шаҳрвандон ба низоми молиявӣ ба шаффофият, адолат ва масъулияти муассисаҳои молиявӣ вобастагии мустақим дорад.

Имрӯз ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ бо қонунгузорӣ ва шартномаҳои байни муассисаи молиявӣ ва муштарӣ муайян карда мешаванд. Яке аз талаботи муҳим дар ин самт пешниҳоди иттилооти дақиқ, фаҳмо ва саривақтӣ ба мизоҷ мебошад. Шаҳрванд бояд пеш аз гирифтани қарз, кушодани суратҳисоб, истифодаи воситаҳои пардохтӣ ё дигар хизматрасониҳои молиявӣ аз шарту талаботи маҳсулоти пешниҳодшаванда огоҳ бошад ва интихоби огоҳона намояд.

Дар даврони истиқлолият низоми хизматрасониҳои молиявии Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Таъсис ва рушди бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, зиёд шудани намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ, ҷорӣ гардидани кортҳои пардохтӣ, банкоматҳо, терминалҳои электронӣ, интернет-банкинг ва замимаҳои мобилӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои молиявӣ беҳтар намуд.

Ҳамзамон, рушди қарздиҳӣ барои дастгирии соҳибкорӣ, кишоварзӣ, истеҳсолот ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт имкониятҳои нави молиявиро ба вуҷуд овард. Муассисаҳои молиявӣ тавассути қарзҳо, хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунӣ, кафолатҳои бонкӣ ва дигар маҳсулоти молиявӣ ба рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳолати 31 декабри соли 2025 дар кишвар 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, 16 ташкилоти суғуртавӣ, 6 ташкилоти лизингӣ, 2 биржаи фондӣ фаъолият доштанд. Аз 69 ташкилоти қарзии молиявӣ 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 26 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 ташкилоти қарзии хурд ва 22 фонди қарзии хурд буданд.

Ҳаҷми умумии дороиҳои бахшҳои низоми молиявӣ дар охири соли 2025 ба 65,8 млрд сомонӣ расида, нисбат ба соли 2024 25,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда ба 37,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ 59,2 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 24,8 фоиз зиёд шудаанд.

Рушди қарздиҳӣ низ идома ёфтааст. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба иқтисодиёти кишвар дар соли 2025 ба 30,0 млрд сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2024 22,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ин ҳаҷм 42,6 фоиз ба соҳаи истеҳолот, 13,4 фоиз ба савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ, 11,8 фоиз ба кишоварзӣ, 8,3 фоиз ба саноат, 7,1 фоиз ба хизматрасонӣ, 6,1 фоиз ба ипотека ва 4,5 фоиз ба сохтмон рост омадааст. Ҳамзамон, 27,4 фоизи қарзҳои додашуда ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардида, маблағи он 8,2 млрд сомониро ташкил додааст.

Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлол рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ мебошад. Пешрафти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият фароҳам овард, ки бисёр хизматрасониҳои анъанавии бонкӣ ба шакли электронӣ гузаранд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2025 шумораи умумии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҷумҳурӣ ба 10,4 миллион адад расида, нисбат ба ҳамин санаи соли 2024 23,7 фоиз зиёд шудааст. Шумораи ҳамёнҳои электронӣ бошад, ба 17,7 миллион адад расида, 46,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2025 тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 136,0 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 42,4 млрд сомонӣ анҷом дода шудааст. Шумораи чунин амалиётҳо нисбат ба соли 2024 47,1 фоиз ва ҳаҷми онҳо 39,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар охири соли 2025 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 9 017 POS-терминал ва 28 762 QR-рамзи ягона насб шуда буд. Шумораи QR-рамзҳо нисбат ба охири соли 2024 44,4 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин, шумораи терминалҳои худкори худхизматрасон ба 7 330 адад расидааст.

Ин нишондиҳандаҳо аз густариши босуръати иқтисоди рақамӣ ва тағйирёбии фарҳанги истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ шаҳодат медиҳанд. Имрӯз шаҳрвандон метавонанд тавассути замимаҳои мобилӣ ва интернет-банкинг суратҳисобҳои худро идора намуда, маблағ интиқол диҳанд, барои хизматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва дигар хизматҳо фосилавӣ пардохт анҷом диҳанд.

Эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» барои низоми молиявӣ низ аҳаммияти махсус дорад. Рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ва пардохтӣ, густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави молиявӣ метавонанд дастрасӣ, шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳоро боз ҳам баланд бардоранд.

Рушди босуръати хизматрасониҳои молиявӣ дар баробари имкониятҳои нав масъулияти бештарро низ тақозо мекунад. Ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагон танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои молиявӣ набуда, ҳамкории давлат, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандонро талаб менамояд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимми ин раванд мебошад. Истифодабаранда бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, шартҳои қарз ва дигар хизматрасониҳоро бодиққат омӯзад, ба масъалаҳои вобаста ба пардохтҳо, фоизҳо, муҳлати иҷрои уҳдадориҳо ва ҳифзи маълумоти шахсӣ таваҷҷуҳ намояд.

Дар баробари ин, ташкилотҳои молиявӣ бояд фаъолияти худро бар асоси шаффофият, муносибати одилона ба мизоҷон, пешниҳоди маълумоти возеҳ ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ба роҳ монанд. Танҳо дар чунин шароит эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ устувор мегардад.

Дар ин замина, таъсиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад. Шуъбаи мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №555 ҳамчун воҳиди нави сохторӣ таъсис ёфта, ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва соҳибкорон равона шудааст.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти шуъба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, соҳибкорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин мусоидат ба ҳалли баҳсҳо байни иштирокчиёни бозори хизматрасониҳои молиявӣ дар доираи ваколатҳои қонунӣ мебошад. Фаъолияти чунин сохтор барои таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дастгирии соҳибкорон аҳаммияти муҳим дорад.

Бо назардошти рушди иқтисоди рақамӣ, дар солҳои минбаъда масъалаҳои амнияти киберӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, пешгирии қаллобии молиявӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва молиявии аҳолӣ аҳаммияти бештар пайдо хоҳанд кард. Ҳамзамон, зарур аст, ки сифати хизматрасониҳо пайваста такмил ёфта, дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ васеъ карда шавад.

Таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносибест барои арзёбии дастовардҳои гузашта ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда. Дар ин давра кишвар дар роҳи ташаккули низоми муосири молиявӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва таҳкими механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ қадамҳои муҳим гузошт.

Дар оянда низ идомаи ислоҳоти иқтисодию ҳуқуқӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон бояд аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявӣ боқӣ монад.

Истиқлолият барои Тоҷикистон на танҳо имкони бунёди низоми мустақили иқтисодиву молиявиро фароҳам овард, балки заминаи ташаккули муносибатҳои нави ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро низ муҳайё сохт. Ҳифзи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар ин раванд яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми рушди давлати ҳуқуқбунёд ва иқтисоди муосир мебошад.

Ҳамин тавр, бо такя ба сиёсати созанда, волоияти қонун, рушди технологияҳои нав ва ҳамкории судманди давлату ҷомеа метавон низоми молиявии боз ҳам устувор, шаффоф, рақобатпазир ва ба манфиати шаҳрвандонро ташаккул дод. Ин вазифа дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои молиявӣ, балки вазифаи муштараки тамоми ҷомеа мебошад.

Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони

хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобоҷонзода Ҳ.Т.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор