Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Рушди ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

 

Дар зарфи 35 соли Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ тамоми кӯшишҳои худро ба таъмини зиндагии шоиста ва ҳифзи ҳуқуқҳои табақаҳои ниёзманди ҷомеа равона намуд.

Агар ба таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол назар афканем, мебинем, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли 1994 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда заминаи ташаккули низоми муосири ҳифзи иҷтимоӣ гузошта шуд. Маҳз аз ҳамон давра то имрӯз заминаҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар дар ин самт пайваста такмил ёфта, низоми фарогири кафолатҳои давлатӣ барои табақаҳои осебпазири ҷомеа, ки дар оғози даврони истиқлол амалан аз сифр бунёд мегардид, ба як сохтори мукаммал ва устувор табдил ёфтааст.

Дар соҳаи иҷтимоӣ низ низоми қонунгузорӣ пайваста такмил ёфт. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак барои рушди устувори ҷомеа аҳаммияти муҳим дошт. Ин санадҳо ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардиданд.

Ташаккул ва рушди низоми миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» аз 13 декабри соли 1997, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» аз 7 апрели соли 1995, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» аз 5 январи соли 2008, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта» аз 17 июни соли 2026, инчунин Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020, Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017–2020, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар санадҳои дахлдор ташаккул ёфта, марҳила ба марҳила такмил дода шудааст.

Дар масири 35 соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои моддию техникии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ на танҳо тавсеа ёфтанд, балки аз нигоҳи сифат ва фарогирӣ ба куллӣ дигар шуданд. Агар то соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 54 муассисаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ амал мекард, пас дар соли 2026 шумораи онҳо ба 105 адад расонида шуд. Дар ин давра намудҳои хизматрасонӣ аз 3 ба 9, номгӯйи хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз 6 ба 40 ва категорияи ниёзмандони фарогир аз 6 ба зиёда аз 20 гурӯҳ афзоиш ёфт.

Дар самти муассисаҳои махсус, шумораи хона-интернатҳо аз 4 ба 6, марказҳои тавонбахшӣ барои маъюбон аз 1 ба 3 адад расонида шуд. Ҳамчунин, дар ин давра 47 маркази будубоши рӯзона таъсис дода шуд, ҳол он ки дар аввали солҳои 90-ум умуман чунин марказҳо вуҷуд надоштанд. Теъдоди осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳавӣ барои собиқадорони ҷангу меҳнат аз 1 адади соли 1991 ба 4 муассисаи муосир дар соли 2026 расид.

Дар баробари ин, низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ танҳо дар шакли таҷрибавӣ вуҷуд дошт, тавассути табдил ба сохторҳои мустақил дар 45 шаҳру ноҳияи кишвар васеъ гардида, маблағгузории он аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ба таври мунтазам афзоиш дода шуд. Дар натиҷа дастрасии пиронсолони яккаву танҳо ва маъюбони барҷомонда ба маҷмӯи хизматрасониҳои иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ ва тиббӣ дар сатҳи 100 фоиз кафолат дода мешавад.

Бунёди инфрасохтори муосири тавонбахшӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Роҳи таърихӣ аз як бинои хурди мутобиқнашуда барои сад нафар оғоз гардида, имрӯз Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» ба як маҷмааи муосир бо фарогирии солонаи беш аз 800 кӯдаку модар табдил дода шуд.

Бо бунёди «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон» – ҳамчун иншооти беназири дорои 600 ҷойи нишаст дар як баст – иқтидори тавонбахшии кишвар нисбат ба соли 1991 беш аз 15 баробар ё 1500 фоиз афзоиш ёфта, Тоҷикистон ба маркази меҳварии хизматрасонии иҷтимоии Осиёи Марказӣ мубаддал гардид. Ҳамин тариқ, дар соли 2026 зиёда аз 90 фоизи ниёзмандони соҳа ба хизматрасониҳои сатҳи байналмилалӣ дастрасии комил дошта, беш аз 45 фоизи фарогирандагони хизматрасониро кӯдакону наврасони дорои имкониятҳои маҳдуд ташкил медиҳанд, ки онҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионии тавонбахшӣ ва усулҳои муосири табобатӣ таҳти ғамхории доимии давлат қарор доранд.

Яке аз муваффақиятҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии мамлакат ҷорӣ намудани механизми «Кумаки унвонии иҷтимоӣ» дар 68 шаҳру ноҳияи кишвар маҳсуб меёбад. Маблағгузории воситаҳои молиявӣ барои фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз 2 миллион сомонии соли 2008 ба 25 миллион сомонӣ дар соли 2026 расид. Дар Буҷети давлатии соли 2026 барои пардохти кумакпулиҳои унвонӣ қариб 300 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин имкон медиҳад беш аз 212 ҳазор оилаи камбизоат таҳти ҳимояи мустақими молиявӣ қарор гиранд.

Андозаи кумакпулӣ барои ҳар як оила мунтазам афзоиш ёфта, имрӯз ба 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол расонида шудааст. Аз замони ҷорӣ шудани ин низом то соли 2026 ба беш аз 1 миллиону 800 ҳазор оилаи ниёзманди кишвар дар маҷмуъ зиёда аз 1 миллиард сомонӣ кумакпулӣ пардохт гардидааст. Фарогирии аҳолии ниёзманд бо кумакҳои унвонӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла табобати санаторӣ, таълими имтиёзнок ва сабукиҳои 50-фоизаи коммуналӣ, аз 5-7 фоизи соли 1991 ба беш аз 95 фоизи гурӯҳҳои мақсаднок дар соли 2026 расонида шуд.

Бо мақсади таъмини шаффофияти комил дар тақсимоти кумакҳои давлатӣ, низоми идоракунӣ муосир гардонида шуда, марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Рашт ба муассисаҳои давлатӣ табдил дода шуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 550 ҷойи кории нав танҳо дар бахши нозир-коргузорони кумаки унвонӣ ва коршиносони соҳавӣ таъсис ёфт.

Бо вуҷуди афзоиши босуръати аҳолии кишвар, ки имрӯз аз марзи 10,7 миллион нафар гузашт, теъдоди маъюбон ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба 172 538 нафар расида, тамоми ин гурӯҳҳо, бахусус 18 ҳазор маъюби гурӯҳи якум ва зиёда аз 35 ҳазор кӯдак, таҳти назорати қатъии тиббӣ ва низоми фарогири тавонбахшӣ қарор дода шуданд.

Бо мақсади таъмини шаффофияти комил ва дақиқии оморӣ, Махзани ягонаи электронии иттилоот оид ба маъюбон (АСИСТ) ҷорӣ гардида, маълумоти беш аз 172 ҳазор нафарро ба таври муфассал фаро гирифта, расонидани кумакҳои давлатиро ба таври унвонӣ ва саривақтӣ таъмин менамояд. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои солимгардонӣ, сатҳи маъюбшавӣ нисбат ба шумораи аҳолӣ аз 2,0 фоизи соли 2014 ба 1,6 фоиз дар соли 2026 коҳиш ёфт.

Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 14 январи соли 2026, аз 1 сентябри соли ҷорӣ ҳадди ақалли музди меҳнат дар кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ муқаррар гардида, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда шуданд.

Ҳамзамон, бо ҷорӣ намудани механизми нави индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ дар соли 2026 ба андозаи на кам аз 15 фоиз, сатҳи зиндагии нафақахӯрон аз таваррум ҳимоя гардида, иқтидори харидории аҳолӣ ба таври назаррас афзуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар давоми чор соли охир, яъне солҳои 2022, 2023, 2024 ва 2025, маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар маҷмуъ 100 фоиз зиёд карда шуд. Ин тадбир дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат амалӣ гардида, ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани ҳавасмандии кормандон ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии онҳо мусоидат намуд.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таъмини кумаки тиббии дастрасу босифат нигаронида шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ, давомнокии дарназардошти умр аз 70,1 сол дар соли 1991 ба 76,5 сол дар соли 2025 расида, шумораи аҳолии кишвар аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 афзуд.

Дар самти ҳифзи модару кӯдак, фавти модарон ба 19,5 ба 100 000 зиндатаваллуд, фавти кӯдакони то 1-сола ба 10,8 ва то 5-сола ба 13,1 промилл коҳиш ёфт. Шумораи муассисаҳои табобатӣ аз 374 адад дар соли 1991 ба 608 адад расида, шумораи табибон аз 14 145 ба 22 419 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ аз 42 804 ба 64 909 нафар афзуд. Буҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2025 ба 4,3 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 24,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар робита ба ин, сол то сол маблағгузории соҳаҳои калидии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ беҳтар гардида, он ба рушди устувори мамлакат таъсири назарраси худро мерасонад. Танҳо дар панҷ соли охир (2021–2026) фонди музди меҳнат дар кишвар 1,5 баробар ва ҳаҷми умумии пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла нафақа ва кумакпулиҳо, зиёда аз 1,7 баробар зиёд карда шуд.

Дар давоми се панҷсолаи охир Ҳукумати кишвар мунтазам ҳаҷми маблағгузории соҳаро зиёд намуда, агар соли 2015 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ 8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида бошад, ин маблағ дар соли 2026 ба 29,5 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 15,1 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро (ММД) ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ба дастовардҳои бузурги миқдорӣ ва сифатӣ ноил гардида, низоми мукаммали танзими ҳуқуқӣ, инфрасохтори муосир ва механизмҳои самарабахши дастгирии табақаҳои осебпазирро ташаккул додааст.

Фарогирии аҳолии ниёзманд бо кумакҳои унвонӣ аз 5–7 фоиз ба беш аз 95 фоиз расида, иқтидори тавонбахшии кишвар 15 баробар афзуд ва маблағгузории умумии соҳаҳои иҷтимоӣ ба 15,1 фоизи ММД баробар гардид. Ин дастовардҳо пойдевори устувори рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, рушди ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ташаккули заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, густариши инфрасохтори иҷтимоӣ, афзоиши хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра ба шумор меравад.

 

 

Шарифзода Т.А. –

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор