Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

ДАСТГИРИИ МАЪНАВӢ – ОМИЛИ

МУҲИММИ РУШДИ ШАХСИЯТ

 

Мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон устодону донишмандон ва шахсони соҳибмаърифату баландмартаба буданду ҳастанд, ки онҳо бо сабабу омилҳои мухталиф дар ташаккул ва рушди шахсиятҳои ватандӯсту бомаърифат нақши боризу муҳим гузоштаанд. Яке аз чунин шахсони бофазилат ва олиҳиммат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар бораи фаъолияти пурсамару мондагори Рустами Эмомалӣ қаблан ҳам зиёда аз 15 мақола эҷод карда, тавассути воситаҳои ахбори омма манзури хонандаи арҷманд намудаам. Дар онҳо аз фаъолияти ин шахсияти муътабар дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла дар мақоми Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ёдовар шудаам.

Чунончи, дар мақолае, ки ҳанӯз 8 сол қабл дар бораи Рустами Эмомалӣ зери номи «Сиёсатмадори ҷавон ва кордону ботадбир» навишта будам ва дар рӯзномаи «Минбари халқ» (5.09.2018) нашр гардид, доир ба ташаббускориву корнамоӣ, созандагиву бунёдкорӣ, ватандӯстиву миллатдӯстӣ, меҳнатдӯстиву суботкорӣ, ҳамзамон, дигар хислаҳои неку ҳамида ва фаъолияти самараноку пурмаҳсули қаҳрамони матлаб дар мақомҳои мухталиф, минҷумла, мақоми Раиси шаҳри Душанбе, инчунин,  иртиботи банда бо ин шахсияти бузургманиш иттилоъ дода будам. Бинобар ин, бори дигар ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо ин шахсияти соҳибэҳтиром шарикдарс будам ва дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе таҳсил намудам.

Бидуни шак ва тардид шарикдарсӣ бо чунин шахсияти олиқадру воломақом дар баробари ифтихормандӣ ва мубоҳот, ҳамчунин, масъулият низ дорад.

Бояд хотирнишон сохт, ки соли 2016 банда ба ҳайси унвонҷӯйи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул гардида, мавзуи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳқиқу пажуҳиш намудан интихоб кардам. Дар натиҷа, соли 2017 дар ҷаласаи Шурои олимони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи илмиам дар мавзуи «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» тасдиқ гардид. Он замон аз сабаби падидаи нав будани Паёми Президенти мамлакат оид ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адабиётҳо кам буданд. Одатан олимону муҳаққиқони ангуштшуморе ҳастанд, ки дар мавриди кам будани адабиётҳо рисолаи илмӣ менависанд. Бисёриҳо, ҳатто олимон ба камина мегуфтанд, ки мавзуи душвор интихоб кардаӣ ва пешниҳод мекарданд, ки мавзуи дигар интихоб намоям. Аммо мегуфтам, ки интихобам қатъист.

Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 22-юми декабри соли 2016, соли 2017-ро дар мамлакат «Соли ҷавонон» эълон карданд. Иқдоми мазкур шавқу завқи бандаро ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти илмию эҷодӣ бештар намуд.

Воқеан, ба камина ҳамчун ҷавоне, ки акнун ба роҳи фаъолияти илмӣ қадам ниҳода будам, душвориҳо пеш омаданд. Дар ин масир ба ин ҷониб неру ва дастгирие лозим буд, ки онро собитқадамона тай намоям.

Дар ин роҳи душвор вале пурифтихор, бе муболиға, маҳз меҳру садоқат ва масъулияти ҳамсабақӣ, хотироти неки даврони мактабхонӣ ва маҷмуан, дастгирии маънавии Рустами Эмомалӣ ба камина неру ва илҳоми баланди эҷодӣ бахшид.

Бидуни риёкорӣ ва тамаллуқ Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон, барои банда ҳамчун роҳнамо мебошанд, зеро ин шахсияти бонуфуз бароям роҳи пешрафтро нишон доданд.

Сипас, ба фаъолияти илмию эҷодӣ ҷиддӣ машғул шуда, ҳамчунин, дар назди хеш мақсад гузоштам, ки мақолаҳои зиёд иншо намоям ва онҳоро дар китобе ҷамъоварӣ карда, ба шарикдарси қадрдонам тақдим месозам.

Бо ин ниятҳои нек шуруъ намудам ба омӯзишу пажуҳиш ва навиштани мақолаҳо. Ҳар як мақолае, ки таҳия ва нашр менамудам, шавқу завқамро барои таҳияи мақолаҳои ҷадид афзун мекард.

Мусаллам аст, ки навиштани мақолаи мавриди писанди ҳамагон кори саҳлу сода нест, зеро аз шахс майлу рағбат ва меҳнату заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Шоир барҳақ фармудааст:

Ҳар кӣ сухан бо сухане зам кунад,

Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.

Ҳамин тариқ, пас аз меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ соли 2017 наздик ба 30 мақола навиштам. Дар натиҷа, моҳи январи соли 2018 онҳоро ҷамъоварӣ ва дар китобе зери номи «Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ» нашр намудам.

Мутаассифона, бо сабабҳои мухталиф шахсан тақдим намудани китоб ба ҳамсабақи иззатмандам ба камина муяссар нагардид. Аммо, ин китоб дар ҳаёт ва фаъолиятам, махсусан, дар корҳои илмию эҷодиам таҳаввулоти муҳимро ба вуҷуд овард.

Чунончи, дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқоти илмӣ, кӯшишу ғайрат ва меҳнату талошҳои шабонарӯзӣ бароям муяссар гардид, ки соли 2019 бори аввал дар таърихи илми тоҷик, хусусан, илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистони соҳибистиқлол асари илмӣ зери номи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ»-ро таълиф ва нашр намоям. Ин асар фарогири 3 боб ва 7 зербоб буда, дар он Паёми Президенти мамлакат бори нахуст дар як асари комил мавриди таҳқиқи илмӣ қарор дода шуд. Дар ин асар Паёми Президент аз назари илми ҳуқуқ ба риштаи таҳлил ва пажуҳиш кашида шуда, дар он аз сарчашмаҳои илмии боэътимод, дидгоҳу афкори олимону муҳаққиқон ва ҳуқуқшиносони ватаниву хориҷӣ ба таври фаровон истифода шудааст.

Пас аз 1 сол, яъне соли 2020 асари илмии навбатиам таҳти унвони «Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гардид. Асари мазкур аз 3 боб ва 9 зербоб иборат буда, дар он Паёми Президент ҳамчун падидаи мубрами сиёсиву ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар асар паёмҳои Президенти кишвар аз лиҳози ҳуқуқӣ таҳлил гардида, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим арзёбӣ шудааст.

Соли 2022 бароям соли фаромӯшнашуданист, зеро пас аз меҳнату заҳмат ва омӯзишу пажуҳишҳои шабонарӯзӣ 22-юми ноябр рисолаи илмӣ дар мавзуи «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» бомуваффақият ҳимоя намуда, тибқи тартиби муқарраргардида, бо дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардидам. Ин нахустин таҳқиқоти мукаммал дар илми ҳуқуқшиносӣ дар бораи Паёми Президент маҳсуб меёбад.

Сипас соли 2024 асари илмии сеюмам бо номи «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» рӯйи чоп омад. Ин асар аз 3 боб ва 7 зербоб иборат буда, дар он таърихи ташаккулёбии падидаи Паёми Президент, мафҳуму моҳияти Паёми Президент ва нақши он дар амалисозии сиёсати ҳуқуқии Сарвари давлат, ҷанбаҳои ҳуқуқии ин падидаи сиёсӣ-ҳуқуқӣ, Паёми Президент ҳамчун сарчашмаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ мавриди пажуҳиш қарор дода шудааст.

Ҳамакнун, дар маҷмуъ, муаллиф ва мураттиби 6 китоб мебошам. Илова бар ин, муаллифи беш аз 170 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ҳастам, ки наздик ба 130 адади онҳоро мавзуъҳои мухталифи марбут ба паёмҳои Президенти мамлакат ташкил медиҳанд.

Мақолаҳои зикргардида дар беш аз 60 маҷаллаву рӯзнома ва сомонаҳои дигар интишор ёфтаанд. Маҷаллаҳои «Ҳаёти ҳуқуқӣ», «Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон», «Қонунгузорӣ», «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маҷаллаи академии ҳуқуқ», «Илм ва амният», «Маърифати омӯзгор», «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маҷаллаи қонунияти Прокуратураи генерелии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати хориҷӣ», «Дин ва ҷомеа», «Маҷаллаи гумрук», «Молия ва ҳисобдорӣ», «Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Инчунин, мақолаҳои дигарам дар сомонаи АМИТ «Ховар», нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Минбари халқ», «Сарвар ва миллат», «Ҳомии Ватан», «Қонун ва ҷомеа», «Минбари ҳуқуқшинос», «Ба қуллаҳои дониш», «Шуғл ва муҳоҷират», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Инсон ва табиат», «Имрӯз нюс», «Паёми шифо», «Омӯзгор», «Ҷаҳони паём», «Баҳори аҷам», рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии «Бадахшон», «Хатлон», «Ҳақиқати Суғд», «Паёми Душанбе», «Набзи Бохтар», «Тирози ҷаҳон», «Кулябская Правда», «Ҳисори шодмон», «Паёми Бӯстон», «Насими айём», «Гулистон», «Навиди Ҳамадонӣ», «Файзи Зарафшон» ва дар сомонаву рӯзномаҳои дигар нашр гардидаанд.

Дар беш аз 70 конференсияи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва семинару мизҳои мудаввар иштирок ва дар мавзуъҳои гуногун, хусусан, вобаста ба аҳаммияту моҳияти паёмҳои Президенти мамлакат ва нақши онҳо дар рушду инкишофи ин ё он соҳа суханронӣ намудаам.

Феълан бо роҳнамоиҳои қаҳрамони матлаб беш аз 16 сол аст, ки дар самти хизмати давлатӣ, махсусан, дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъолияти пурсамар дорам. Ҳамчунин, зиёда аз 10 сол аст, ки ба фаъолияти илмию эҷодӣ шуғл меварзам. Маҳз машғул шудан ба чунин фаъолият бандаро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули хизматӣ муваффақ ва комёб гардонид.

Баъзан дар ҳаёти инсонҳо як орзуи кӯчак ангезаи таҳаввулоти бузург дар ҳаёти онҳо мегардад. Барои банда таълифи китоби нахустин ва тақдими он ба ҳамсабақ аз ҷумлаи чунин орзуҳо ба ҳисоб меравад.

Марҳилаҳои тайкардаи ин ҷониб, бахусус, рӯйдодҳои фараҳбахше, ки дар ҳаётам рух доданд, воқеан дар ҷамъият хеле камназир мебошанд. Бинобар ин, нафароне пайдо мешаванд, ки ба воқеияти саргузаштам шубҳа хоҳанд кард. Аммо камина ҷуз ҳақиқат ва воқеият чизе нагуфтаам.

Ҳақиқати бе баҳс аст, ки шахс танҳо дар он ҳолат ташаккул ва рушд меёбад, ки сидқан меҳнат намояд, дониши худро такмил диҳад, ба корҳои илмию эҷодӣ машғул шавад ва ҳамчунин, аз кумаку дастгириҳои мухталиф баҳравар гардад. Биноан, бидуни тамаллуқ натиҷаи дастгирии маънавии Рустами Эмомалӣ ва хосатан, ҳастии ӯ руҳбахш ва илҳомбахши фаъолиятам буду ҳаст.

Баъзе шахсиятҳои соҳибэҳтиром ва шуҳратманд худ воқиф нестанд, ки бо ҳастии хеш ва дастгирии маънавиашон сабаби пешрафти дигарон мегарданд. Чунин таъсири онҳо воқеан камназир буда, амали нек ва шоёни арҷгузорӣ маҳсуб меёбад.

Алъон, аз сарнавишт хеле шукргузор ва мамнунам, ки бандаро бо чунин шахсияти соҳибфазилат ва боиззат ошно намуд. Шояд агар сарнавишт бандаро бо ин шахсият ҳамсабақ намегардонид ба чунин дастоварду муваффақиятҳо ноил гаштанам дар гумон буд. Ба ибораи дигар, ҳамнишинӣ ва шарикдарсӣ бо ин шахсияти соҳибнуфуз дар маҷмуъ, ба такмили дониш, фаҳмиш ва маҳорати эҷодиву кордониам асар кард. Ба қавли шоир:

Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,

Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

Тавре таъкид доштам дар бораи ин шахсияти барҷаста мақолаҳои зиёд навиштаам. Бо чунин дастгириҳое, ки нисбат ба ин ҷониб раво дониста шуд, дар бораи ин шахсияти иззатманд камина нафақат ҳуқуқ дорам мақолаҳо бинависам, балки хештанро масъул ва вазифадор низ меҳисобам.

Бешубҳа, мавқеъ ва нақши Рустами Эмомалӣ дар ташаккул ва рушди шахсиятҳои зиёде дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бориз аст. Вале дар доираи мавзуи мавриди назар маҳз доир ба таъсир ва руҳбахшии ин бузургмард ба ҳаёт ва фаъолияти худ изҳори назар намудам.

Ҳамин тавр, таҷрибаи ҳаёти хештан бозгӯйи он аст, ки дар рушду камолоти инсон, дар баробари омӯзишу пажуҳиш, майлу хоҳиш ва заҳмату кӯшиш, ҳамчунин, дастгирии маънавӣ низ аҳаммияти муҳим дорад. Яъне, дастгирии маънавӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди шахсият маҳсуб меёбад.

 

Сайнозимзода Фирӯз,

сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ ва

таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор