Конститутсия – бахтномаи миллат
Конститутсия дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мақоми махсус дошта, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ роҳи рушди давлат, асосҳои сохтори сиёсиву иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муносибатҳои байни давлат ва ҷомеаро муайян менамояд.
Бесабаб нест, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Бахтномаи миллат» меноманд, зеро он таҷассумгари орзуву ормонҳои таърихии халқи тоҷик, ифодакунандаи иродаи сиёсии миллат ва заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлол мебошад.
6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Қабули ин санади тақдирсоз дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар барои муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ заминаи устувор гузошт.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, муайян намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим бозид.
Маҳз бо қабули Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳи рушди минбаъдаи худро муайян намуд. Моҳияти давлати ҳуқуқбунёд дар он зоҳир мегардад, ки инсон дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад. Ҳар як қарори мақомоти давлатӣ, ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳар як амали шахсони мансабдор бояд ба талаботи Конститутсия мутобиқ буда, ба ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона гардад.
Моҳияти аслии Конститутсия пеш аз ҳама дар он аст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф менамояд.
Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин меъёри бунёдӣ моҳияти инсондӯстонаи Конститутсияро инъикос намуда, масъулияти давлатро дар назди инсон ва шаҳрванд муайян мекунад.
Дар боби дуюми Конститутсия ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд муқаррар гардидаанд. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсият, ҳифзи судӣ, баробарӣ дар назди қонун ва суд, озодии сухан, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои муҳими конститутсионӣ ба ҳисоб мераванд. Ин ҳуқуқҳо на танҳо арзишҳои эълоншуда, балки кафолатҳои муҳими ҳуқуқие мебошанд, ки барои зиндагии шоиста, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди озодонаи шахс замина фароҳам меоранд.
Ҳамзамон, моддаи 14 Конститутсия кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда муайян менамояд.
Яке аз арзишҳои муҳими Конститутсия таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд мебошад. Ин принсип барои пешгирии ҳама гуна табъиз ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳар як инсон аҳамияти калон дорад.
Арзиши дигари муҳими Конститутсия ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини соҳибихтиёрии халқ мебошад. Истиқлолият ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик дар Конститутсия таҳкими ҳуқуқии худро пайдо намуда, барои муайян намудани роҳи мустақилонаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар замина фароҳам овард. Соҳибихтиёрии халқ бошад, ифодаи он аст, ки халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, иродаи он дар ташаккул ва фаъолияти низоми давлатдорӣ таҷассум меёбад.
Ваҳдати миллӣ ва ризояти ҷомеа низ аз арзишҳои бунёдии Конститутсия маҳсуб меёбанд. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии ҷомеа барои ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори кишвар аҳамияти ҳалкунанда доранд. Конститутсия бо муқаррар намудани асосҳои ягонаи ҳуқуқӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз миллат, забон, эътиқод ва мавқеи иҷтимоӣ, заминаи таҳкими ҳамбастагии ҷомеаро фароҳам меорад.
Демократия, гуногунандешии сиёсӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ низ аз ҷумлаи арзишҳои муҳими конститутсионӣ мебошанд. Ин арзишҳо барои саҳмгирии фаъолонаи шаҳрвандон дар идоракунии давлат, изҳори озодонаи андеша ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё месозанд.
Ҳамзамон, Конститутсия ба таҳкими асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аҳамияти махсус медиҳад. Давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама давлатест, ки дар он қонун барои ҳама ҳатмӣ буда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар асоси талаботи қонун амалӣ мегардад. Дар чунин давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд на танҳо эътироф, балки ба таври воқеӣ ҳифз ва таъмин карда шаванд.
Адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои инсон низ бо арзишҳои конститутсионӣ робитаи ногусастанӣ доранд. Ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ барои рушди ҳамаҷонибаи шахс ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи муҳим мебошанд.
Бинобар ин, Конститутсияро метавон санаде арзёбӣ намуд, ки на танҳо асосҳои ҳуқуқии давлатдориро муайян мекунад, балки арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва инсондӯстонаи ҷомеаро муттаҳид месозад.
Маҳз маҷмуи ин арзишҳо мазмун ва моҳияти мафҳуми «Конститутсия – бахтномаи миллат»-ро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, Конститутсия на танҳо санади муайянкунандаи сохтори давлат, балки ҳуҷҷати ифодакунандаи арзишҳои инсонӣ, адолат, озодӣ, баробарӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон мебошад.
Вақте ки мо Конститутсияро «Бахтномаи миллат» меномем, пеш аз ҳама, нақши таърихӣ ва ҳуқуқии онро дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар назар дорем.
Бахтномаи миллат будани Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он барои ҳар як шаҳрванди кишвар новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва мавқеи иҷтимоӣ кафолатҳои ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд.
Конститутсия заминаи ҳуқуқии зиндагии осоишта, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро фароҳам овардааст.
Дар баробари ин, бояд дарк намоем, ки аҳамияти Конститутсия танҳо бо қабули он маҳдуд намегардад. Арзиш ва қудрати воқеии он дар татбиқи амалии меъёрҳои конститутсионӣ, риояи талаботи қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон зоҳир мегардад.
Конститутсия на танҳо имрӯз, балки ояндаи миллатро низ муайян менамояд. Он барои наслҳои имрӯзу фардо заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда, арзишҳои истиқлолият, озодӣ, адолат ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро ҳамчун асоси рушди ҷомеа ҳифз мекунад. Аз ин лиҳоз, эҳтиром ва риояи Конститутсия масъулияти умумии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Эҳтиром ба Конститутсия маънои эҳтиром ба давлат, миллат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзишҳои олии ҷомеаро дорад.
Аз ин рӯ, таъмини волоияти Конститутсия ва қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи муҳими тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Ҳар як корманди давлатӣ, новобаста аз вазифаи ишғолнамудааш, бояд дар фаъолияти касбии худ меъёрҳои конститутсионӣ ва талаботи қонунгузориро роҳнамои асосӣ қарор дода, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон масъулияти баланд зоҳир намояд.
Боварӣ дорам, ки бо риояи қатъии меъёрҳои Конститутсия, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон метавонем дар рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми арзандаи худро гузорем.

Сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Шоназарова С.Д.









