Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2026
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30

Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон

Савдои одамон зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмиллӣ мебошад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз ҷиноятҳои вазнин ва шакли дағалонаи поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардида, ба шаъну шараф, озодӣ, дахлнопазирӣ ва амнияти шахс таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба ҳаёт ва саломатии ҷисмонию равонии шахсони зарардида таъсири манфӣ мерасонад, балки барои ҷомеа низ оқибатҳои вазнини иҷтимоӣ ба бор меорад.

Масъалаи савдои одамон дар солҳои охир вобаста ба тағйирёбии вазъ ва бӯҳрони сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон яке аз масъалаҳои ташвишовар гардидааст.

Чунин вазъи иқтисодию иҷтимоӣ барои густариши ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва шаклҳои гуногуни савдои одамон заминаи мусоид фароҳам меорад. Савдои одамон бо розигӣ ё бе розигии шахс, бо роҳи фиреб, ҷалбкунӣ, пинҳонкунӣ, супурдан, интиқол, дуздӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз ҳолати заифӣ, додани ришва барои гирифтани розигии шахсе, ки шахси дигарро назорат мекунад, инчунин дигар шаклҳои маҷбурсозӣ содир гардида, бо мақсади минбаъд фурӯхтан, ҷалб намудан ба фаъолияти шаҳвонӣ ё ҷиноятӣ, истифода дар муноқишаҳои мусаллаҳона, корчалонии фисқу фуҷур (порнографӣ), меҳнати маҷбурӣ, ғуломӣ ё одатҳои ба ғуломӣ монанд, асорати қарзӣ ва ё фарзандхонӣ бо мақсади тиҷоратӣ амалӣ карда мешавад.

Тибқи гузоришҳо ва тадқиқотҳои гуногун, гурӯҳҳои нисбатан осебпазир ба савдои одамон онҳое ба шумор мераванд, ки аз ҷиҳати таъминоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мушкилӣ мекашанд. Ба чунин гурӯҳҳо занон ва духтарон, кӯдакон, гурезаҳо, муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрванд, шахсоне, ки дар камбизоатӣ умр ба сар мебаранд, шахсоне, ки ба таҳсилот дастрасӣ надоранд ва онҳое, ки бесарпаноҳ мондаанд, шомил мешаванд.

Гурӯҳҳои номбаргардида аз сабаби осебпазирӣ ва надоштани имконияти худҳимоякунӣ аксаран ҳадафи савдогарони одамон қарор мегиранд. Илова бар ин, онҳое, ки дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ҳастанд ва ё ваъдаи зиндагии беҳтар дар кишвари дигарро гирифтаанд, метавонанд қурбонии савдои одамон гарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида, баҳри амалишавии онҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тадбирҳои муҳим андешида истодааст. Тасвиби Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва Протоколи иловагӣ ба он оид ба пешгирӣ ва пахш кардани савдои одамон, бахусус занон ва кӯдакон, ва ҷазо барои он аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ин санадҳои байналмилалӣ ва бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои қабулшуда низоми миллии худро рушд дода, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон»-ро қабул намуд, ки механизми муосири мубориза бо ин ҷиноятро танзим мекунад.

Бешубҳа, имрӯз мубориза бар зидди савдои одамон яке аз масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ буда, тақозо менамояд, ки тамоми сохторҳо, чӣ давлатӣ ва чӣ ҷамъиятӣ, инчунин аъзои ҷомеа бар зидди ин зуҳуроти номатлубу нангин мубориза баранд.

Мубориза бар зидди ин ҷинояти таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон фаъолиятро оид ба огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои он ва расонидани кумак ба ҷабрдидагони савдои одамон дар бар мегирад. Ҳамчунин, чунин мубориза тақозо менамояд, ки ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот дар сатҳи баланди ташкилӣ ва самаранок ба роҳ монда шавад.

Бояд таъкид кард, ки мубориза бар зидди савдои одамон танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, вазифаи тамоми мақомоту сохторҳои давлатӣ, инчунин созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.

Дар ин замина, нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди миллии мусоидат ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳим мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба таҳкими кафолатҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеиро баррасӣ мекунад, ба барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда мусоидат менамояд, мушкилоти мавҷударо дар соҳаи ҳуқуқи инсон муайян карда, ба мақомоти дахлдор тавсияҳо пешниҳод менамояд.

Дар масъалаи савдои одамон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самтҳои зерин фаъолият бурда метавонад:

Якум. Пешгирӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ. Яке аз роҳҳои муҳими пешгирии савдои одамон огоҳ намудани аҳолӣ аз шаклҳо ва усулҳои ҷалби одамон ба истисмор мебошад. Баъзан шахсон бо ваъдаи ҷойи кори сердаромад, маоши баланд, таҳсил, сафар ё беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба доми ҷинояткорон меафтанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки аҳолӣ, махсусан ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба хатари пешниҳодҳои шубҳанок, зарурати санҷидани корфармоён, ҳифзи ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва роҳҳои муроҷиат барои гирифтани кумак маълумоти кофӣ дошта бошанд.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии Ваколатдор баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи онҳо мебошад. Дар ин замина, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо тамоми субъектҳои муқовимат ба савдои одамон, инчунин бо созмону ташкилотҳое, ки дар ин самт фаъолият менамоянд, ҳамкориро ба роҳ монда, барои қишрҳои осебпазири аҳолӣ мунтазам чорабиниҳои иттилоотӣ мегузаронад.

Бо мақсади иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2027 ва Барномаи амали мақомоти Ваколатдор барои соли 2026 кормандони масъули мақомот дар самти муқовимат ба савдои одамон як қатор чорабиниҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мақолаҳо нашр намуданд, дар радио баромад карданд, инчунин фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила»-ро, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад, омӯхтанд.

Дуюм. Ҳимоя ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон. Дар маркази таваҷҷуҳи тамоми чораҳои муқовимат ба савдои одамон бояд худи инсон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ қарор дошта бошад.

Қурбонии савдои одамон танҳо шахсе нест, ки аз ҷиноят зарар дидааст. Ӯ метавонад шахсе бошад, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ осеб дидааст, эътимодашро ба дигарон аз даст додааст, аз таъқиб метарсад ва барои бозгашт ба зиндагии муқаррарӣ ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад. Аз ин рӯ, муносибат бо чунин шахсон бояд бо эҳтиром, эҳтиёткорӣ ва дарки вазъи воқеии онҳо сурат гирад.

Кумак ба қурбониёни савдои одамон бояд хусусияти маҷмӯӣ дошта, вобаста ба эҳтиёҷоти ҳар як шахс намудҳои дахлдори дастгириро дар бар гирад.

Пеш аз ҳама, таъмини бехатарии шахс ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷойгир намудани ӯ дар муҳити амн муҳим мебошад. Ҳамзамон, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ, тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ бояд таъмин карда шавад. Дар ҳолатҳои дахлдор мусоидат ба барқарор намудани ҳуҷҷатҳо, дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, бозомӯзии касбӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои шуғл низ аҳамияти калон дорад.

Дар мавриди кӯдакони қурбонии савдои одамон муносибати махсус зарур аст. Ҳамаи қарорҳо нисбат ба онҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдак, синну сол, вазъи равонӣ ва зарурати ҳифзи ӯ аз зӯроварӣ ва истисмори такрорӣ қабул карда шаванд.

Масъалаи дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирад, ҳифзи махфияти маълумоти шахсони зарардида мебошад. Ифшои нолозими маълумот дар бораи қурбонӣ метавонад ба амнияти ӯ таҳдид намуда, боиси табъиз, фишори иҷтимоӣ ва осеби такрории равонӣ гардад.

Ҳамчунин, ҳангоми баррасии ҳолатҳои савдои одамон бояд принсипи роҳ надодан ба айбдоркунии худи қурбонӣ риоя карда шавад. Шахси зарардида набояд барои фиреб хӯрдан, ба вазъияти вобастагӣ афтодан ё сари вақт муроҷиат накардан ба мақомоти дахлдор мавриди маҳкумияти иҷтимоӣ қарор гирад. Ҳадафи асосӣ бояд барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда, таъмини амният ва фароҳам овардани шароит барои бозгашти инсон ба ҳаёти мустақилона ва шоиста бошад.

Дар ин замина, тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор метавонад баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо чораҳои муассир андешад. Аз ҷумла, ӯ ариза ва шикоятҳои қурбониёни савдои одамон ва ё наздикони онҳоро дар бораи вайрон шудани ҳуқуқҳояшон баррасӣ намуда, барои барқарор кардани ин ҳуқуқҳо чораҳо меандешад.

Бояд қайд кард, ки дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Дастурамали махсус оид ба тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳия ва тасдиқ шудааст. Тибқи он, коргузорӣ оид ба арзу шикоятҳо алоҳида ва берун аз коргузории умумии мақомот сурат мегирад, ки ин имкон медиҳад баррасии ҳаматарафаи муроҷиатҳо ва назорати саривақтии иҷрои онҳо таъмин карда шавад.

Сеюм. Таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва муайян намудани мушкилоти мавҷуда. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳлили вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, омӯзиши мушкилоти мавҷуда ва таҳияи тавсияҳо оид ба беҳтар намудани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Дар самти муқовимат ба савдои одамон чунин таҳлил метавонад омӯзиши масъалаҳои вобаста ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониён, дастрасии онҳо ба ёрии ҳуқуқӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ, инчунин муайян намудани монеаҳои эҳтимолӣ дар раванди барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ва гирифтани кумакро дар бар гирад.

Ҳангоми таҳлил ба масъалаҳои сари вақт муайян намудани қурбониёни эҳтимолӣ, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир, таъмини махфияти маълумоти шахсӣ ва пешгирии табъиз нисбат ба шахсони зарардида низ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Дар ин раванд омӯзиши муроҷиатҳои шаҳрвандон, муайян намудани монеаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ, арзёбии фаъолияти механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва пешниҳоди тавсияҳо барои такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ аҳамияти калон дорад.

Бо вуҷуди мавҷуд будани заминаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои муқовимат ба савдои одамон, ин самт таваҷҷуҳи доимӣ ва такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти дахлдорро талаб менамояд.

Аз ҷумла, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тақвият дода шуда, механизмҳои муайян намудани қурбониёни эҳтимолӣ такмил дода шаванд.

Ҳамзамон, баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти дахлдор дар самти муайян намудани нишонаҳои савдои одамон, муносибати дахлдор бо қурбониён ва таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои зарурӣ аҳамияти калон дорад.

Тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ метавонад ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва васеъ намудани имкониятҳои барқарорсозии иҷтимоии шахсони зарардида мусоидат намояд.

Ҳамин тариқ, савдои одамон на танҳо ҷиноят нисбат ба шахси алоҳида, балки таҳдид ба арзишҳои бунёдии ҷомеа ва принсипҳои ҳуқуқи инсон мебошад.

Муқовимати самаранок ба ин зуҳуроти номатлуб муносибати маҷмӯӣ, ҳамкории пайвастаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва таваҷҷуҳи махсус ба эҳтиёҷоти шахсони зарардидаро тақозо менамояд.

Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин раванд пеш аз ҳама ба мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайян намудани мушкилоти мавҷуда, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқӣ ва такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколатҳои қонунӣ равона гардидааст.

Боварӣ дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак, тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ метавонем дар пешгирии савдои одамон ва ҳифзи самараноки ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни он саҳми назаррас гузорем, зеро ҳифзи ҳуқуқи инсон танҳо дар сурате самаранок хоҳад буд, ки ҳар як инсон новобаста аз вазъи иҷтимоӣ, ҷинс, синну сол ё дигар ҳолатҳо аз истисмор озод буда, ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва кумак дар ҳолатҳои зарурӣ дастрасӣ дошта бошад.

Ҳифзи инсон аз савдои одамон – ҳифзи шаъну шарафи инсон, озодӣ ва арзишҳои олии ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад.

 

 

 

Сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Шоназарова С.Д.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор