Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Ин рӯз бо ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ алоқаманд мебошад.
Мансаби Президент муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз муайян кардани рӯзи 16 ноябр ҳамчун рӯзи ид дар он ифода меёбад, ки маҳз аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз гардид: тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ ҷорӣ шуда, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуд.
Бо мақсади эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамаи ин ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент пазируфта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз нобудӣ наҷот дода, мардумро атрофи худ муттаҳид сохт, дар қалби мардум шӯълаи умедро бедор кард ва бо қадамҳои қатъӣ кишварро ба сӯи сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва амаликунандаи ташаббусҳои ояндабинона баҳри рушду ободии Ватан ва фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар на танҳо аз ҷониби сокинони кишвар, балки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Дар ташаккули низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакон, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва кафили риояи Конститутсия ва қонунҳо назаррас мебошад.
Нахуст, соли 1994 дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд, ки: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. ... Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Ин меъёр заминаи асосии рушди қонунгузории соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба ҳисоб меравад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба таъсиси механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки аз таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2001 оғоз гардидааст. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигарро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъмин менамояд.
Дар давоми 35 соли истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодексҳои оила, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, граждан ва дигар санадҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қабул гардиданд, ки бевосита ва ё бавосита масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии кӯдаконро танзим менамоянд.
Ҳамзамон, соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро муайян менамояд. Дар ин Қонун бори аввал ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомот, иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таҳсил, меҳнат ва дигар масъалаҳо танзими ҳуқуқии худро ёфтанд.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 январи соли 2015 зарурати таъсиси механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро таъкид намуда, пешниҳод карданд: «… бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад».
Дар ин робита, 15 марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби алоҳида илова карда шуд, ки мутобиқи он вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар асоси моддаи 32³ Қонуни зикргардида 25 апрели соли 2016 бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба вазифа таъин гардид.
Таъсис додани чунин ниҳоди махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қадами устувор дар самти такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак гардид.
Бояд таъкид кард, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ҷузъи муҳими сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон пайваста иқдомҳои муассир андешида мешаванд.
Яке аз ин иқдомҳо марҳила ба марҳила ба Ватан баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада мебошад. Бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2024 дар доираи иқдоми бесобиқа зиёда аз 380 кӯдак аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргардонида шуда, пас аз барқарорсозии ҳолати равонӣ ва омода намудан ба ҳаёти муқаррарӣ ба оилаҳо супорида шуданд. Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ мусоидат намуд.
Ин иқдомҳо пеш аз ҳама бо мақсади раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз сарнавишти номаълум, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат, ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар ва арҷгузорӣ ба сулҳу амният анҷом дода мешаванд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳдошти саломатии кӯдакону наврасон, тарбияи ватандӯстӣ ва завқи зебоипарастии онҳо, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, кӯдакистонҳо, маҷмааҳои варзишӣ ва майдончаҳои замонавии варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ба таълиму тарбия ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон мусоидат мекунанд.
Бинобар ин, вазифаи ҳар як падару модар аст, ки ба қадри ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд.
Катахонова Л. Б.,
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









