Ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба рӯйдодҳои муҳими таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста буда, яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини кишвар ба шумор меравад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳлили марҳалаҳои ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, омӯзиши таҷрибаи таърихии кишвар ва боз ҳам амиқтар дарк намудани нақши сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пешрафти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.
16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016 «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»» муқаррар карда шудааст.
Тибқи қонуни мазкур, ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардида, 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.
Интихоби 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду рӯйдоди муҳими таърихи давлатдории навини кишвар иртибот дорад. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид. Дар ҷараёни иҷлосия, 19 ноябри соли 1992, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Рӯйдоди дигари муҳим ба 16 ноябри соли 1994 рост меояд, ки дар ин рӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоботи президентӣ дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ савганд ёд карда, расман ба иҷрои ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд.
Барои дуруст дарк намудани аҳамияти ин рӯйдодҳо зарур аст, ки ба вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем. Пас аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 дар кишвар марҳалаи нави таърихии бунёди давлатдории миллӣ оғоз ёфт. Бо вуҷуди ин, ихтилофҳои сиёсиву иҷтимоие, ки дар соли 1992 авҷ гирифтанд, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ба сохтори давлатӣ, иқтисоди миллӣ, ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон хисороти ҷиддӣ ворид намуданд.
Дар чунин шароити мураккаб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги сиёсиву таърихӣ касб намуд. Дар рафти он масъалаҳои барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи истиқлолияти кишвар ва муайян кардани роҳҳои рафъи буҳрони сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин иҷлосия барои ташаккули марҳалаи нави давлатдорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низои дохилӣ замина фароҳам овард.
Дар марҳалаи минбаъдаи ташаккули давлатдории миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа барқарор намудани сулҳу субот ва расидан ба ризоияти миллӣ ба шумор мерафт. Бо ин мақсад, музокироти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик бо миёнаравӣ ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар иштирокдорони байналмилалӣ идома ёфт. Дар натиҷаи ин раванд 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ин санад марҳалаи муҳими хотима бахшидан ба муқовимати дохилӣ ва оғози оштии миллӣ гардид.
Ин рӯйдоди таърихӣ барои қатъи муқовимати мусаллаҳона, барқарорсозии эътимод ва оғози марҳалаи нави рушди кишвар заминаи муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ гузошт. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва созиш метавонанд дар ҳалли ихтилофҳои мураккаби сиёсӣ нақши ҳалкунанда дошта бошанд.
Дар раванди ташаккули асосҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус касб намуд. 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои сохтори конститутсионии давлатро муқаррар намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, инчунин салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян кард.
Мутобиқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Тибқи муқаррароти мазкур, Президент ҳамзамон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар ба ҳисоб меравад. Мақоми Президент дар низоми давлатдорӣ бо ваколат ва вазифаҳое муайян мегардад, ки Конститутсия ва қонунгузории кишвар ба зиммаи Президент гузоштаанд. Иҷрои ин вазифаҳо ба ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳалаҳои гуногуни рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуда, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар ба дигаргуниҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, барои барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори иқтисодӣ, бунёду таҷдиди иншооти энергетикӣ ва нақлиётӣ, тавсеаи иқтидори саноатӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, инчунин такмили низоми идоракунии давлатӣ тадбирҳои гуногун амалӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, рушди соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати аҳолӣ, инчунин тарбияи мутахассисони соҳибкасб яке аз шартҳои муҳими таъмини пешрафти устувори давлат ба ҳисоб мераванд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати технологияҳои муосир, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ташаккули тафаккури илмӣ ва густариши маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон барои рушди ҷомеа аҳамияти махсус касб менамоянд.
Бояд таъкид намуд, ки таҷрибаи таърихии Тоҷикистон аҳамияти ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риояи волоияти қонунро боз ҳам равшан месозад. Ин арзишҳо танҳо ҷузъи ҷашнҳои давлатӣ набуда, балки заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон мебошанд.
Дар ин замина, насли ояндасози кишвар ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд аз таърихи давлатдории миллӣ огоҳии амиқ дошта, ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ арҷ гузорад ва дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат варзад. Тақвияти донишҳои сиёсиву ҳуқуқии ин насл ба ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо, инчунин баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ёдоварӣ аз рӯйдодҳои муҳими таърихи давлатдории навини кишвар, балки фурсати муносиб барои омӯзиши таҷрибаи гузашта ва дарки масъулият дар назди ояндаи Тоҷикистон мебошад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор мераванд.
Мирзоев Ҳ.,
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ









