Кӯдакон ва наврасон яке аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Мутаассифона, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон то ҳол ба таври зарурӣ таъмин намегарданд. Маҳрум будан аз манзили муносибу бехатар, ғизои солим, оби тозаи ошомиданӣ ва шароити муносиби санитарию гигиенӣ, маҳдуд будани дастрасӣ ба таҳсил, ҷалб шудан ба меҳнати маҷбурӣ, инчунин мавриди зӯроварӣ ва истисмор қарор гирифтан, аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддие мебошанд, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон таҳдид мекунанд.
Бо дарназардошти аҳамияти ин масъалаҳо ва бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъмини некӯаҳволӣ, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1954 ба давлатҳои узв тавсия намуд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдаконро таъсис дода, онро ҳамчун рӯзе барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи некӯаҳволии кӯдакон таҷлил намоянд. Минбаъд 20 ноябр ба санаи рамзии ин рӯз табдил ёфт ва ҳамасола дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Маҳз 20 ноябри соли 1959 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Сипас, 20 ноябри соли 1989 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак қабул гардид. Ин санадҳои муҳими байналмилалӣ дар ташаккул ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии эътироф, таъмини ҳифз ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар саросари ҷаҳон нақши муҳим бозиданд.
Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ки онро баъзан «Конститутсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи кӯдак» низ меноманд, санади муҳими байналмилалии ҳуқуқӣ буда, барои давлатҳои иштирокчии он иҷрояш ҳатмӣ мебошад. Конвенсия аз се қисм ва 54 модда иборат буда, моддаҳои 1–41 ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва ӯҳдадориҳои давлатҳо дар самти таъмини онҳо бахшида шудаанд.
Мазмун ва муқаррароти Конвенсияро маъмулан дар асоси чор гурӯҳи асосии ҳуқуқҳо шарҳ медиҳанд: ҳуқуқ ба ҳаёт ва зинда мондан, ҳуқуқ ба инкишоф, ҳуқуқ ба ҳифз ва ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти ҷомеа. Ин гурӯҳҳои ҳуқуқ дар маҷмӯъ заминаи асосии муносибати ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро нисбат ба кӯдак ташкил медиҳанд.
Ҳуқуқ ба ҳаёт яке аз ҳуқуқҳои бунёдӣ ва ҷудонопазири инсон, аз ҷумла кӯдак, мебошад. Давлатҳои иштирокчии Конвенсия ӯҳдадоранд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда зинда мондан ва инкишофи кӯдакро ба ҳадди аксар таъмин намоянд. Конвенсия ҳамчунин ҳуқуқи ҳар як кӯдакро ба гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ, доштани сатҳи муносиби зиндагӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба ғизои кофӣ, оби тозаи ошомиданӣ ва манзили муносиб, инчунин ҳуқуқ ба ном ва шаҳрвандӣ кафолат медиҳад.
Инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак танҳо бо таъмини шароити ҷисмонии зиндагӣ маҳдуд намешавад, балки рушди зеҳнӣ, маънавӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ӯро низ дар бар мегирад. Дар ин замина Конвенсия ҳуқуқи кӯдаконро ба таҳсил, истироҳат, фароғат ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, инчунин озодии фикр, виҷдон ва дин, озодии баён ва ҳуқуқи изҳори ақидаву ба инобат гирифтани он дар масъалаҳои ба кӯдак дахлдошта эътироф ва ҳифз менамояд.
Конвенсия ҳифзи махсуси кӯдаконро аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, истисмор, муносибати бераҳмона ва беэътиноӣ пешбинӣ менамояд. Ин ҳифз, аз ҷумла, ба кӯдакони дорои маъюбият, кӯдакони гуреза, ятимон, кӯдакони аз муҳити оилавӣ ҷудошуда ва дигар гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон дахл дорад. Давлатҳои иштирокчӣ ӯҳдадоранд барои ҳимояи кӯдакон аз зӯроварии ҷисмонӣ ва равонӣ, таҳқир, муносибати бераҳмона, беэътиноӣ, муносибати нодуруст ва суиистифодаи шаҳвонӣ, ки аз ҷониби падару модар, васиён ё дигар шахсони масъули нигоҳубини онҳо содир мешаванд, чораҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявиро амалӣ намоянд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими Конвенсия эътирофи кӯдак ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва иштирокчии муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Тибқи муқаррароти он, кӯдакон ҳуқуқ доранд озодона ақидаи худро баён намоянд, бо дигарон муттаҳид шаванд, ба иттиҳодияҳо дохил гарданд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иттиҳодияҳо таъсис диҳанд. Ҳангоми қабули қарорҳое, ки ба ҳаёт ва манфиатҳои онҳо дахл доранд, бояд ба андеша ва мавқеи кӯдакон мувофиқи синну сол ва дараҷаи камолоти онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Ҳамзамон, Конвенсия ҳуқуқи кӯдаконро ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, махфияти мукотиба ва ҳифзи шаъну шараф кафолат медиҳад. Давлатҳо вазифадоранд дастрасии кӯдаконро ба иттилоот ва маводи муфид аз сарчашмаҳои гуногун таъмин намуда, паҳн намудани маводеро, ки ба рушди иҷтимоӣ, маънавӣ ва фарҳангии онҳо мусоидат мекунанд, дастгирӣ намоянд. Дар баробари ин, бояд барои ҳифзи кӯдакон аз иттилооти зараровар ва таъсиррасонии манфии он тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ соли 1993 ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ҳамроҳ гардида, ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт эътироф намуд. Аз он вақт инҷониб барои татбиқи муқаррароти Конвенсия тадбирҳои гуногуни қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва ташкилӣ амалӣ карда мешаванд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ ва пеш аз ҳама, принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ташаккул ёфта, мунтазам такмил дода мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, саломатӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Ҳуқуқҳои кӯдакон, пеш аз ҳама, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба танзим дароварда ва ҳифз карда мешаванд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Ин меъёри конститутсионӣ заминаи муҳими ҳуқуқиро барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фароҳам овардааст.
Бо мақсади татбиқи ин кафолати конститутсионӣ дар кишвар на танҳо заминаи мукаммали қонунгузорӣ ташаккул дода шудааст, балки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор низ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон равона гардидааст. Аз ҷумла, соли 2001 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки ҳамчун мақоми доимоамалкунанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон нақши муҳим дорад. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак низ дар ин самт фаъолияти назаррас анҷом медиҳанд.
Дар баробари ин, як қатор мақомоти дигари давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, мақомоти прокуратура, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар сохторҳои дахлдор дар доираи ваколатҳои худ барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон масъулияти муҳим доранд.
Дар низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷойгоҳи махсус дорад. Аз соли 2016 дар ҳайати он вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки фаъолияти худро дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонун амалӣ менамояд. Мақомоти Ваколатдор тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳлилу такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла худи кӯдакон, инчунин рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа барои таҳкими низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мусоидат менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак низ густариш ёфтаанд. Аз ҷумла, ҳамкориҳо бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аҳамияти махсус дошта, дар асоси созишномаҳои дахлдори байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин созмони байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Ин ҳамкориҳо ба дастгирии барномаҳо ва ташаббусҳои миллӣ дар самти беҳтар намудани вазъи саломатӣ, таҳсил, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон равона шудаанд.
Ҳамин тариқ, Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон на танҳо санаи ҷашнӣ, балки фурсати муҳим барои бознигарии вазъи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, арзёбии дастовардҳо ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда дар самти ҳифзи онҳо мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба масъулияти муштараки худ дар назди насли наврас бештар таваҷҷуҳ намуда, барои фароҳам овардани муҳити солим, бехатар ва созгор ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон пайваста талош намоем.
Таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдак танҳо вазифаи давлат ва мақомоти ваколатдори он набуда, масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Дар ташаккул ва рушди бомуваффақияти шахсияти кӯдак саҳми падару модар, омӯзгорон, мураббиён, кормандони соҳаи тандурустӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ муҳим аст. Ҳамзамон, худи кӯдакон ва наврасон низ бояд бо дарки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намоянд.
Зеро ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа ва давлат мебошад. Кӯдаке, ки дар муҳити бехатар, бо муҳаббат, эҳтиром ва имкониятҳои баробар ба воя мерасад, метавонад дар оянда ҳамчун шахсияти соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва созанда дар рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.
Низомов А. Б.,
муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









