Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Таъминоти иҷтимоии маъбон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати инсондӯстона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд, ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи маъюбон низ диққати махсус дода мешавад.

Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2021 ироа гардид, қайд намуданд, ки “...ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад”.

Дар моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти иҷтимоии маъюбон кафолат дода шудааст.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар самти мазкур якчанд қонунҳо, стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки ба амалӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои  маъюбон мусоидат менамояд. Аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.1993), «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» (с. 2008), «Дар бораи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с. 2008), «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» (2008), «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» (с. 2009), «Дар бораи ҳадди аққали зиндагӣ» (с. 2009), «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» (с. 2010), “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» (с. 2016), «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» (с. 2010), «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» (с. 2017) ва Консепсияи ислоҳоти соҳаи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1998), Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2020 ва Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025.

Яке аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани  Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон рӯзи 22 марти соли 2018 мебошад.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол ҷиҳати омӯзиши масъалаи ба тасвиб расонидани Конвенсияи мазкур гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин Кумитаи роҳбарикунандаи “Мубаддалгардонии ҳуқуқи одамони имконияташон маҳдуд ба воқеъият”, ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории соҳа ба Конвенсияи мазкур фаъолият менамояд.

Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақалли нафақа барои 14 997 нафар маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки аз кӯдакӣ кор намекунанд 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он аз 180 сомонӣ ба 283,5 сомонӣ расонида шуд.

Бо дарназардошти оне, ки яке аз вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои  инсон, аз ҷумла  маъюбон мебошад,   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  бо мақсади таҳлили вазъ ҳамасола масъалаҳои дастрасии шахсони камҳаркати аҳолиро ба инфрасохторҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Шурӯъ аз соли 2012 аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазъи риояи ҳуқуқи маъюбон дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ мавриди  таҳлил қарор дода мешавад. Ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои дастрасӣ ва муҳайё сохтани муҳити дастрас ба маъюбон (Меъёрҳои қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-01-2012) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷиш  гузаронида мешавад. Дар ин раванд  масъалаҳои  хизматрасонии нақлиётӣ ва ба эҳтиёҷоти маъюбон мутобиқ намудани хизматрасониҳо аз ҷониби сохторҳои дахлдори хизматрасон дар шаҳрҳои Ҳисор, Исфара, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Ванҷ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шаҳристон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуда, аз натиҷаи санҷиш ба мақомотҳои болозикр ҷиҳати беҳтар намудани вазъ тавсияҳои дахлдор  пешниҳод карда шудааст....

Инчунин кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, коҳиш додани ҳодисаҳои таъбиз ва тамғазанӣ нисбат ба онҳо ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ду се чорабиниҳои иттилоотӣ мегузаронанд.

Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони  мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои иштироки фаъолона намуда, вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб, мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли он чораҷӯӣ карда мешавад.

 

Ш. Раҷабов

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ   

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор