Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Рушди соҳибкорӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Шурўъ аз соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид, ки барои гузаронидани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкорӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Дар мулоқоти аввалин соли 2001 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахши хусусиро ҳамчун самти асосии сиёсати иқтисодии давлат арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “ минбаъд фаъолияти бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва инкишофи босуръати бизнеси хурду миёна дар кишвар аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт хоҳад буд”

Дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда се маротиба солҳои 2009-2010, 2012-2014 ва 2019-2020 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардид.

Татбиқи сиёсати инсондўстонаи Сарвари давлат ба рушди ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мусоидат намуд. Бо ин мақсад ҷиҳати амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон" аз 12 марти соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқаррар намудани давраи қонунигардонии маблағҳои пулӣ" ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти иқтисодӣ пайваста тадбирҳо меандешанд. Бо ин мақсад ҳанўз соли 2001 ҷиҳати ворид шудан ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ба Котиботи Созмони мазкур муроҷиат намуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистон шурўъ аз соли 2013 ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо қабул гардидаст.

Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ислоҳоти низоми иқтисодиёти миллиро тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор чорабиниҳоро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, гузаронидани ислоҳоти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайянкунанда ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд.

Рушди шаклҳои гуногуни моликият, ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани муомилоти пули миллӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат намуд. Инчунин давра ба давра амалӣ гардидани ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои муҳими давлатӣ, бахусус идоракунӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, инчунин маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути таҳия, қабул ва татбиқи як қатор қонунҳо, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои ҳаматарафа рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид гузошт.

Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ хеле назаррас буда, аз сиёсати бобарори иқтисодӣ гувоҳӣ медиҳад.

Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ барои саноатикунонии кишвар аз ҷониби давлат тадбирҳо андешида шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр равона шуд. Бо ин мақсад ба ҷумҳурӣ технологияҳои нав ба нав ворид карда шуданд.

Бо соҳибкорони ватанӣ барои ворид намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ якчанд имтиёзҳо дада шуда, техногологияҳои воридшаванда аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозӣ озод карда шуданд. Ҳамчунин вобаста ба раванди мазкур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, таъкид гардидааст, ки “Дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.

Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем».

Қонунгузории миллӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ такмил дода шуд. Фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст.

Дар рушди бахши хусусӣ қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” (с. 1997), «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкори дар Ҷумхурии Точикистон» (с. 2002) ва Барномаи комплексии дигаргунсозиҳои иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000 заминаи мусоид гузошт.

Дар ин самт аввалин санади барномавӣ, яъне Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1998) қабул гардид. Соли 2003 Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаву калон, реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 тасдиқ карда шуда, дар ин замина марҳалаи асосии ташаккули шаклҳои гуногуни моликият ҳамчун заминаи рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи бахши хусусиву соҳибкорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» (с. 2009), “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” (с. 2014), “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” (с. 2015), “Дар бораи сармоягузорӣ» (с. 2016) қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Минбаъд низ бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории ва соҳибкории Тоҷикистон дар давоми солҳои 2017-2019 як қатор ҳамоишҳои иқтисодӣ, чорабиниҳои самти соҳибкорӣ баргузор карда шудаанд. Аз он ҷумла, Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, Туркия, Австрия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва ѓайраҳо.

Мусоидат ба риояи ҳуқуқи соҳибкорӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад муроҷиатҳое, ки вобаста ба барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории миллӣ баррасӣ гардида, ба муроҷиаткунандагон дар ҳалли мушкилоташон мусоидат карда мешавад.

Ҳамчунин тибқи Нақшаи чорибиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ навтаъсис дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти риояи ҳуқуқи соҳибкорон мавриди омўзиш қарор дода мешавад.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ дар воситаи ахбори омма пайваста чорабиниҳои иттилоотӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

М.Салоҳидинзода

Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии

 ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳвнгии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор