Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Дар ҷаҳони муосир таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи пойдории аркони давлатдорӣ, татбиқи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини сатҳу сифати зиндагии шоиста барои ҳамаи инсоният мазмуни ҳаётан муҳим касб намудааст. Зеро раванди тавсеаи бесобиқаи ҷаҳонишавӣ боиси ташаккули низоми фарогири робитаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ ҷомеа дар шароити нав гардидааст.

Таҳаввулотҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии дар даҳсолаҳои охири асри гузашта бавӯқуъомада ба пайдоиши равандҳои демократикунонии фазои идеолгии давлатҳои сотсиалистӣ ва бавуҷудоии дигар падидахои демократӣ дар ин кишварҳо мусоидат намуда, ба таназзул мувоҷеҳ гардидани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ  ва куллан дигаргуна гардидани набзи минтақа ва дар маҷмӯ сайёраро сабаб гардид.

Эҳсоси таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфии ин таҳаввулотҳо барои ҶШС Тоҷикистон, ки вобаста ба вазъи сиёсӣ – ҳуқуқӣ  субъекти дохилии ИҶШС ба ҳисоб мерафт ногузир буд.

Доир ба заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимиию идеологии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳиза намуда, аз иқдомҳои номувафақонаи Кумитаи давлатии вазъи фавқулода барои ба вуҷуд овардани табадулот, ки дар таърихи 19-21 августи соли 1991, дар пойтахти ИҶШС ба вӯқуъ пайваста буд ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро ин ҳолат боиси бозҳам номуътадил гардидани авзои сийсию ҳуқуқии ИҶШС шуда, ба таназзул мувоҷеҳ гардидани онро возеҳ намуд. Дар ҳамин росто, муборизаи падидаҳои демократии Тоҷикистон низ, чун дигар ҷумҳуриҳои таркибии Иттиҳоди Шуравӣ барои Истиқлолияти давлатӣ ва ба субъекти комилҳуқуқи арсаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани ин ҷумҳуриҳо шиддат ёфт.

Бо ибораи дигар, пас аз ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991, ки аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани давлати абарқудрати ИҶШС-ро ҳуваёдо месохт, субъектони дохилии он моҳият ва мӯҳтавои истиқлолияти сиёсӣ ва комилан ба он дастёб гардиданро аз ҳарвақта бештар дарк карда, онро амри зарурӣ қабул намуданд. 

Ба ҳамин тариқ, вобаста ба вазъи буҳронии сиёсию идеологии дар солҳои охири мавҷудияти ИҶШС бавӯқуъомада ва шиддати муборизаҳои падидаҳои демократии дар фазои идеологии Тоҷикистон зуҳурёфта, 24 августи соли 1990 дар раванди муборизаҳои шадиди сиёсӣ, дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал, "Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ қабул карда шуд. Аммо, метавон тазакур дод, ки ҳуҷҷати мазкур, истиқлолияти комили Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро амалӣ гардонида наметавонист.

Дар санади сиёсӣ – ҳуқуқии мазкур вазъи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо маҳдудият ва вабаста ба вазъи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии ИҶШС эълон шуда буд. Дар ин замина ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳалу фасли мустақилонаи ҳамаи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба истиснои масъалаҳои мутааиқ ба салоҳияти ИҶШС дахл дошт.

Мусаллам аст, ки Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омада, бо тадриҷ шакли давлатдории муосири рӯбаинкишофро касб намудааст.

Таъсири равандҳои сиёсӣ ва таҳаввулоти зуҳурнамудаи фавқуззикр, зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба "Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон» (аз соли 1990)-ро  тақозо менамуд.

Бинобар ин, метавон қайд намуд, ки маҳз вобаста ба омилҳои дар боло ишорашуда Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум даъват карда шуд. Дар Иҷлосияи мазкур 9 сентябри соли 1991 изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қабул карда шуд, ки мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 августи соли 1990 Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба изҳороти мазкур қарори махсусро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонда, матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуд.

Албатта, ба тасвиб расидани асноди таърихии болозикр моҳиятан, ҳатмӣ ва зарур будани такмил додани Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вуҷуд овард. Бинобар ин, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад қарори алоҳида «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба тасвиб расонид.

Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи мазкур ҳуҷҷати "Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба тасвиб расонида шуда, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Дар ин росто, ба Қонуни асосии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, вазъи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сатҳи конститутсионӣ инъикос ёфт.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин ва беназиртарин дастоварди миллат дар таърихи Тоҷикистони муосир мебошад. Бо мушараф гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои демократӣ дар мудати на чандон тӯлонии таърихӣ ба ҷузъи фарҳанги давлатдории муосири тоҷикон табдил дода шуд. Дар ин робита метавон гуфт, ки ин ҳолат барои таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он шароити мусоид фароҳам оварда, дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд омили муҳим маҳсуб мегардад.

Мусаллам аст, ки аввлавияти эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини адолати иҷтимоӣ,  риояи волоияти қонун, фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи аҳолӣ ва монеа нагузоштан ба иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат моҳияти низоми демократиро дар ҷаҳони муосир бозтоб месозад. Мантиқан, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати ҳар чӣ бештар густариш додани робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ ба субъектони гуногуни ҷаҳон амри заририст.

Хулоса метавон гфт, ки даврони Истиқлолият марҳилаи имкониятҳои воқеӣ барои амалинамоии ормонҳои миллӣ, ҳадафҳои старатегӣ ва иқдомҳои созанда ба ҳисоб рафта рамзи олии соҳибватанӣ мебошад.

Бо ҳамин маъно, дар зершуури миллати тоҷик оқибатҳои нангини ҳодисаву воқеаҳои пурошӯбӯ фоҷеабори ибтидои солҳои навадуми асри ХХ ба таври пандомӯз нақш баста, арҷ гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, амнияти милливу давлатӣ, суботи ҷомеа, пойдории сулҳ ва таҳкими Истиқлолияти давлатию ҳифзи дастовардҳои он ва дигар унсурҳои таркибии сиёсати давлатдории муосири миллӣ ҳамчун мароми фаромиллӣ ва шарти асоси соҳибдавлатӣ мустаҳакам гардида аст

Сангов Тоҷиддин

Сармутахассиси Шуъбаи ташкилӣ,

иттилоотӣ ва таҳлилии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор