Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Си сол муқаддам Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки си  сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Имруз Хукумати кишвар бо сарварии Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон боз  эътибори махсус ва ҷиддӣ медихад:

-пеш аз ҳама ба таъмини озодию осудагии ҳаёти инсон дар њудуди мамлакат, ки онро истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшид;

         -дуюм, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати озодонаи ҳар сокини кишвар, таълиму тарбия дар мактаб ва оила, донишкадаю донишгоҳҳо, ҳунаромӯзӣ ва гирифтани табобати бепул дар муассисаҳои тиббӣ;

        -сеюм, таъмини озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни маскуни кишвар, истифодаи забони модарӣ дар зиндагӣ ва тадрис, ҳаракат ва алоқаи бемамониат, ки ин ҳама бо роҳи шароити васеъ фароҳам овардан ба амали забонҳои гуногун дар њудуди мамлакат, ривоҷи соҳибкорию тиҷорат дар тамоми нуқтаи олам ва пайвастани минтақаҳои гуногуни кишвар тавассути бунёди шоҳроҳҳо ба амал бароварда шуданд;

-чорум, таҳкими ҳуввияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати худшиносию худогоҳӣ, расму оини аҷдодӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, ки ин ҳама тавассути таҷлилу бузургдошти ҷашнҳои таърихию миллӣ ва симоҳои оламшумул амалӣ гардид;

-панҷум, таъмини озодии виҷдон, матбуот, афкору андешаи ҳар сокини мамлакат ва ғайра.

Соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Бахусус дар замони ҳодисаҳои чашмнодида ва гӯшношуданидаи катаклизми умумиҷаҳонӣ, ки мамолики гуногуни олам аз офатҳои табиию бемориҳои вогир ва нарасидани озуқаю оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар мамлакати рушдёбандаи мо ҳам соли гузаштаю соли равон чунин ҳодисаҳо рух доданд. Вале давлат нагузошт, ки шаҳрвандонаш бе хонаю ҷой, бе сарпаноҳу бе озуқа монанд.

Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».

Чунонки маълум аст, ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва сарвари давлат пайваста талош меварзид, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид мекунанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша таъкид мекунанд: «Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем.

Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем.

Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».

Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рӯз аз рӯз таҳкиму густариш меёбанд.

Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Љоизи кайд аст, ки   Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодиҳои инсон ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани мақомоти махсус дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамчун механизми иловагии ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон боз як маротиба   гувоҳи он мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри эҳтиром, риоя, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз тамоми имконияту воситаҳо истифода мекунад, чун ки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба он равона карда шудааст  барои ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон механизми самарабахш бошад  ва  дар такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ, гузаронидани санҷишу тафтишҳо ва мониторинги ҳуқуқу озодиҳои инсон ва корҳои таҳлилӣ иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон равона карда шудааст.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Иҷрои тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал аз сатҳи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХ1 ва ҳазорсолаи сеюм барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад кушод. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтанием:

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

 

Ҳамидова Ҳ., Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҷумҳурии Точикистон дар вилояти Суғд

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор