Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Яке аз вазифаҳои муҳими Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки бевосита аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ин мусоидат намудан ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона мебошад.

Бояд қайд кард, ки ҳанӯз соли 2013 бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Гурӯҳи корӣ оид ба пешбурд ва батасвибрасонии Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки аз 12 намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад, таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ ба таври пилотӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламент, прокуратура ва мақомоти судӣ, инчунин доираҳои академӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои гурӯҳи Эътилофи зидди шиканҷаро дар бар мегирад.

Ҳамчунин дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  монанд ба механизми мустақили пешгирикунандаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона Гуруҳи мониторингӣ оид ба гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида аз ҳисоби намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда – аъзои  Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуда, Гуруҳи мазкур фаъолияти худро аз моҳи январи соли 2014 оѓоз намуд.

Гуруҳи мониторингӣ тибқи таъиноти худ аз муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида (муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ, муассисаҳои табобати маҷбурӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор) боздид намуда, бо кормандони муассисаҳои зикргардида семинару мизҳои мудаввар доир менамояд.

Ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин самт дар сатҳи байналмилалӣ бо Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, Гузоришгарони махсус доир ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, аъзои Зеркумитаи СММ оид ба пешгирии шиканҷа ва Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони дигар кишварҳо ба роҳ монда шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони Дастгоҳи он мунтазам дар таҳияи Гузоришҳои миллӣ оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва Нақшаҳои миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ иштирок мекунанд.

Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо даъвати Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар ҷаласаҳои он иштирок ва оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар ин самт гузориш пешниҳод менамояд.

Аз натиҷаи иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мунтазам ба мақомоти дахлдор иттило пешниҳод мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Зеркумитаи СММ оид ба пешгирии шиканҷа дар масъалаҳои тақвият додани фаъолияти Гуруҳи мониторингӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Соли 2014 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо узви Зеркумита оид ба пешгирии шиканҷа ҷаноби Ҳанс Йёрг Банварт ҳангоми ташриф ба ҷумҳурӣ вохӯрӣ доир намуд. Коршинос зимни ташриф ташаббуси мусбати кори якҷояи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро қайд намуда, новобаста аз он, ки Тоҷикистон ҳоло Протоколи иловагӣ ба Конвенсияро ба тасвиб нарасондааст тавсия дод, ки кори муштаракро оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрум кардан аз озодиро давом диҳад.

Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ҷаноби Хуан Мендес - Гузоришгари махсус доир ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф силсилаи вохӯриҳоро анҷом дода, шароити нигоҳдориро дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ ва вазифаҳои минбаъдаро оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона муҳокима намуданд.

Ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони дигар кишварҳо дар асоси Созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути гузаронидани вохӯриҳо ва мукотиба ба роҳ монда шудааст.

Ба имзо расонида шудани чунин созишномаҳо имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои судманд бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ѓайридавлатии дигар кишварҳо  ба роҳ монда шавад.

Бояд қайд кард, ки ҳамкориҳои  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар дар самти пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ самарабахш мебошанд. ВҲИ ва кормандони Дастгоҳи он ҳангоми баррасии муроҷиатҳо, санҷиш ва ташрифҳо, инчунин гузаронидани мониторингҳо оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, адлия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои ислоҳӣ ва кормандони онҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар ин самт бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба монанди «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон», «Нота-Бене», «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», «Ташаббуси ҳуқуқӣ»  низ самаранок арзёбӣ мегарданд.

Бояд қайд кард, ки ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоту созмонҳои зикргардида дар доираи якдигарфаҳмӣ ва мусоидати тарафайн сурат мегиранд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар самти пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳамкориҳои худро бо дигар сохторҳо тақвият диҳад.

 

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

        Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор