Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Index of /wp-content/uploads/2020/03/Зӯроварӣ дар оила – кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ва ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила насбати дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад.

Ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида шуда, дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқуқи ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудаааст, қабул шудааст.

 Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2023 аз зумраи онҳо мебошанд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мустақилона ва дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Соли 2021 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Восе ва Рашт қабули сайёри шаҳрвандонро амалӣ намуд, ки дар он доир ба масъалаҳои вайроншавии оилаҳо дар асоси баҳсу муноқишаҳои оилавӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, ба муроҷиаткунандагон тавсияҳои судманд дода шуд.  

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма баромад намуда, вобаста ба пешгирӣ ва роҳи ҳалли мушкилоти ҷойдошта тасияҳо медиҳанд. Хамчунин соли 2021 кормандон дар шаҳри Конибодом, Кӯлоб, Хоруғ, Ваҳдат, ноҳияҳои Ишкошим, Файзобод, Ҷ. Балхӣ, Восе ва Рашт чорабиниҳои иттилоотӣ гузарониданд. Дар чорабиниҳои мазкур кормандони мақомоти давлатӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд. Дар рафти чорабинӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, ақдҳои никоҳи бармаҳал ва фарҳанги оиладорӣ диққати махсус дода шуд.

Дар доираи амалишавии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2023 корманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим рӯзҳои 10-12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Гафуров мизи мудаввар бо иштироки кормандони вазорату идораҳои дахлдори дар боло зикршуда барпо намуданд. Аз натиҷаи чорабиниҳои баргузоршуда гурӯҳи корӣ хулосаи худро барои беҳтар намудани фаъолият дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои сохторҳои маҳаллии мақомотҳои давлатӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло бо дастгирии шарикони иҷтимоӣ дар назди шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 105 марказҳои иттилоотию машваратӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба шаҳрвандон кӯмаки амалии ройгон мерасонанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 33 марказҳои буҳронӣ ва 3 паноҳгоҳҳои муваққатӣ дар назди мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки бевосита ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ёрии амалӣ мерасонанд. Бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби зӯроварӣ дар раёсатҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон 17 нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият менамоянд, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, зӯроварӣ дар оила ба яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ин самт аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ низ таҳлилҳо гузаронида мешаванд. Масалан тибқи таҳқиқотҳое, ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ солҳои 2000 - 2018 гузаронидааст, маълум мешавад, ки дар 161 давлат ба ҳисоби миёна 30 фоизи занон дар натиҷаи  зӯроварии ҷисмонӣ ё ҷинсӣ ҷабрдида эътироф шудаанд.

Бинобар ин қайд кардан бамаврид аст, ки кирдорҳои зӯроварӣ дар оила ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ҷиҳати аз байн бурдани он бояд ҳар як фарди ҷомеа ҳиссагузор бошад. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем бар зидди ин омили номатлуб мубориза бурда, ҷиҳати пойдории оилаҳо ва пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошем.

 

 

Ш. Раҷабов

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иҷтисодӣ ва фарҳангӣ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор