Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғоз аз соли 2001 ҷиҳати риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва аз ҷумла кўдакон пайваста иқдомҳои нав ба нав менамоянд.

Омўзиши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 то соли 2021 нишон медиҳад, ки дар ҳар яке аз ин ҳуҷҷатҳои барномавӣ ҳамасола ҳуќуќу озодиҳои инсон ва аз ҷумлв кӯдакон мавриди таҳлили ҳамаҷониба ќарор дода шуда, барои таъмин ва пешбурди онҳо ба маќомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Паёми имсола низ идомаи сиёсати оқилона ва  дурандешонаи Пешвои миллат буда, дар оғози ироаи Паём Сарвари давлат қайд карданд, ки ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам.

Хушбахтона ин таманниёти Сарвари давлат бо иродаи халқи Тоҷикистон ҳамоҳангӣ ёфт, зеро дар моддаи якуми аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, санади сарнавиштсози миллат мебошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Зиёда аз ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Ҳамзамон, мусаллам аст, ки давлате, ки дар он тиру туфанг овоз баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд. Ҳамагон медонанд, ки даҳ соли аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бартараф намудани оқибатҳои даҳшатноки он анҷом ёфта, танҳо аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият  бо саъю талошҳои Ҳукумати кишвар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардид.

Аз ҷумла, чӣ тавре ки дар Паём омадааст: “Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.”

Натиҷаҳои сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷкмҳурӣ буд, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид. Аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, ки дар ин давра фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.

 Зиёдшавии аҳолӣ тақозо мекунад, ки Ҳукумати ҷуҳурӣ пеш аз ҳама ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил пайваста чораандешӣ намояд, зеро чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд: “...бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.”

Имрӯзҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 4000 муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, аз ҷумла 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ фаъолият мекунанд.

Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд ва таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ 98,7 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин боиси қаноатмандист, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.

Таҳлили натиҷаҳои санҷиши фаъолияти муассисаҳои кӯдакона дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ВҲИ ҶТ гузаронида шуданд, нишон медиҳад, ки сифати таҳсил ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ба талаботи бозори муосири меҳнат мувофиқ нест.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба сатҳу сифати таҳсил ва касбомӯзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аҳамияти хосса дода шуда, таъкид шудааст, ки дар ин раванд тамоми шароити зарурӣ муҳайё ва масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад.

Инчунин қайд карда шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар ин робита  Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд ва вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз ва аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намудани онҳо мебошад.

Дастгирии ҳамешагии маъюбон, ятимон ва кӯдакони бепарастор дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат қарор дорад. Аз ҷумла,  иқдоми Пешвои миллат оид ба зиёд кардани нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида аз 1-уми июли соли 2022  имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии онҳо беҳтар гардад.

Яке аз мушкилоти мубрами рӯз, ки ду соли охир боиси нигаронии кишварҳои ҷаҳон гашта, на танҳо сайёраро ба буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ овард, балки ба калонтарин халалдоршавии низоми маориф дар таърихи инсоният оварда расонид,  паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 мебошад.

 Боиси нигаронӣ аст, ки намудҳои нави бемории мазкур на танҳо ба калосолон, балки ба кӯдакон низ таҳдид мекунад. Ба ҳолати моҳи декабри соли 2021 танҳо дар Федератсияи Россия зиёда аз 40 000 кӯдакони мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо бошад, аллакай ба эмгузаронии кӯдакони аз 5-сола боло оғоз намудаанд.

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ба мардуми кишвар муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд. Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.

Дар раванди ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон мусаллам аст, ки мо бояд ба таълиму тарбияи духтарон ҷиддӣ муносибат кунем, зеро онҳо модарони оянда мебошанд ва аввалин муаллими ҳар як кӯдак модар аст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам падару модароне ёфт мешаванд, ки ба ҷаҳолату хурофотпарастӣ дода шуда, ба таҳсили кӯдакони худ ва хусусан духтарон монеъгӣ эҷод мекунанд.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат вобаста ба эҳтироми зан-модар ба Қуръони карим ишора карда, таъкид намуданд, ки ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.

Дар ин замина, Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки дар асри XXI илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад ва баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.

Дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳамқадамӣ бо замони муосир таълиму тарбия кардани насли наврас яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Дар робита ба ҳамин нукта Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ бори дигар тасдиқ  карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки вобаста ба самти фаъолияти худ дар амалисозии дастуру супоришҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат саҳмгузор бошем.

 

 

А. Содиқов  

сардори Шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки 

Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор