Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 баргузор гардид, Паёми марҳилаи рушди устувори кишвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии соҳибистиқлол марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро ҷамъбаст намуда, ба марҳилаи рушди устувор гузаштааст. Бинобар ин, маҳз баррасии ҳадафу вазифаҳои марҳилаи рушди устувор дар меҳвари Паёми навбатӣ қарор гирифтаанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатдори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён мегузорад.

Ин аст, ки пас аз ироа гардидани ҳар як Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд ва рушду такони ҷиддие дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои инсон ва шаҳрвандон эҳсос карда мешавад.

Аслан баргузорӣ, ироа ва сохти ҳар як Паём аз ҳам фарқ менамоянд. Имсол низ Паёми Президенти ҶТ дигар буд. Аввалан ин ки ин Паём ба таҷлили 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва натиҷаҳою дастовардҳои он рост омад.  Дуввум, дар фарқият аз Паёмҳои қаблӣ, ин Паём на танҳо барои соли 2022, балки мантиқан барои солҳои минбаъда низ буд, яъне дурнамои кишвар барои солҳои то 2026 низ буд. Зеро Президенти мамлакат солҳои 2022-2026 – ро, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.

Дар оѓози суханрониҳояшон Пешвои миллат дар паёми имсола оиди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки  дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд, қайд намуда, иброз доштанд, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам.

Инчунин Пешвои миллат оид ба қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар қайд намуда, иброз доштанд, ки дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Инчунин дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд. Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Дар идомаи суханрониҳои худ Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар заминаи ин ҳуҷҷат инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Умуман, аз матни Паёми имсола бармеояд, ки  мўҳтавои асосии ҳар як самт ва соҳаҳоро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд. Ё ин ки ҳар пешниҳоде, ҳар супоришу вазифаҳое, ки дар Паём  манзур мегардад, баҳри беҳбудии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ҳама соҳаҳо, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, занон, ҷавонон ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии он дода мешавад.

Масъалаи муҳиме, ки барои мардум ва умуман барои тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа муҳим ва албатта, боиси  хушнудии онҳо гардид, ин бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми январи соли 2022 зиёд кардани музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз, инчунин аз 1-уми июли соли 2022 зиёд кардани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия  ба андозаи 20 фоиз ва аз 1-уми июли соли 2022 зиёд кардани андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида ба ҳисоб меравад. Ин иқдом дар беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии қишрҳои дар боло зикргардидаи ҷомеа  нақши созгор хоҳад гузошт. 

       Оид ба соҳаи маорифи мамлакат қайд намуда, Президенти мамлакат иброз доштанд, ки мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат ба маориф ва хусусан ба илмомузии насли наврас диққати махсус медиҳанд. Ин аст, ки Президенти мамлакат қайд намуданд, ки зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Дар ҳақиқат, ин пешниҳоди Президенти мамлакат саривақтӣ ва боиси дастгирӣ мебошад, зеро ҳар як роҳбар, ҳар як хизматчии давлатӣ бо аз худ намудани забонҳои хориҷӣ метавонад, ки бо дилхоҳ намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташилотҳои байналмилалӣ зимни вохўриҳо озодона гуфтугў намуда, ақидаи худро озодона баён намояд ва давлатро дар сатҳи лозимӣ муаррифӣ намояд. Албатта, барои насли ҷавони имрўза низ ин иқдом аз аҳамият холӣ нест, зеро дар фарқият аз замони Иттиҳоди Шуравӣ имрўз насли ҷавон, хусусан донишҷуён метавонанд дар дилхоҳ донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ дохил шуда, дониши худро сайқал дода, ҳамчун муттахассиси хуб ба воя расида, барои давлат хизмат намояд. Ин албатта, танҳо дар сурати донистани забонҳои хориҷӣ  амалӣ мегардад.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа, масъалаҳои гендерӣ ва умуман ҳуқуқҳои занон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ин аст, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат инчунин иброз доштанд, ки бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад. Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд. Дар ҳамин радиф Президенти мамлакат бисёр дуруст қайд намуданд, ки дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.

Ҳамин тавр, аз назари мазмун ва муҳтаво Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба як қатор бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яке аз онҳо барои рушди устувору таъмини зиндагии сазовори мардум, аз ҷумла таҳти ҳимояи бевоистаи Ҳукумати Тоҷикистон қарор додани шахсони маъюбиятдошта, кўдакону наврасон, ҳамчунин таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва ба татбиқи дурнамои рушди устувори ҳама бахшҳои мавҷудаи хоҷагии халқи кишвар аҳамияти муайянкунанда дорад ва ба вазъи минбаъдаи ҳуқуқи инсон чи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар  арсаи байналмилалӣ такони тозае мебахшанд.

Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳайати кормандони ВҲИ минбаъд низ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Паёми навбатиашон талош варзида, бо дарки ҳисси баландӣ миллӣ ва пешниҳодҳои ҷолибу пурмазмун дар пешрафти Тоҷикистони азизамон  саҳм мегузоранд.

 

 

Бобозода Умед – Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор