Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши қонунҳо ҳамчун шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар таъкид гардида, супориш дода шуд, ки сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда баланд бардошта шавад.

Бояд қайд кард, ки давлат муносибатҳои ҷамъиятиро маҳз тавассути қонунҳо, ки ҳамчун ҳуҷҷати дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд, ба танзим медарорад.

 Барои қабули қонунҳои босифат зарур аст, ки тамоми мушкилиҳои мавҷуда дар самти раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла техникаи қонунэҷодкунӣ, амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва фаъолияти назорати иҷрои қонунҳо мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода шаванд.

Аз ин лиҳоз, мушкилоти сифати қонунҳо бояд дар маркази диққати илми ҳуқуқшиносӣ ва фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда қарор дода шаванд.

Ҳамчунин, бояд маҳаки асосии демократӣ будани қонунҳоро ифодаи пурраи иродаи халқ ташкил намояд ва иштироки аҳолӣ (тариқи ташкилотҳои ҷамъиятӣ) дар тамоми марҳилаҳои раванди таҳияи лоиҳаи қонунҳо таъмин карда шавад.

Нишондиҳандаи сифат ва самаранокии қонунҳо дао аксар мавридҳо аз сатҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ дорад.

Барои ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда набояд ҳеҷ кас аз иҷрои қонунҳо саркашӣ намояд ва қонунҳо бояд мутлақ амалишаванда бошанд.

Дар Паём вобаста ба риояи қонунҳо Пешвои миллат ба як қатор мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Прокуратураи генералӣ, мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда дастурҳои дахлдор доданд.

Аз ҷумла, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ вазифадор шуданд, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.

Дар ҳақиқат нақши хокимияти қонунгузорӣ дар амалї шудани мақсаду вазифаҳои давлат калон аст, чунки маҳз дар фаъолияти ин шохаи ҳокимият иродаи халқ таҷассум мегардад.

Ҳамчунин, дар Паём зарурати риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо ва вазифадории Прокуратураи генералӣ оид ба назорати риоя ва иҷро гардидани онҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид шуд.

Бояд қайд кард, ки назорати прокурорӣ, ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳуқуқҳифзкунии мақомоти прокуратура яке аз кафолатҳои муҳими риояи қонунҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба шумор меравад ва самаранок намудани назорати прокурорӣ ба мустаҳкам ва таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар Паём нақши мақомоти судӣ дар таъмини иҷрои қонунҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъкид гардид.

Бояд қайд кард, ки таъмини принсипи волоияти қонун ва адолати судӣ, ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи шаҳрвандон аз сатҳу сифати иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби судяҳо вобастагӣ доранд.

Вобаста ба ин, дар Паём мақомоти судӣ вазифадор шуданд, ки вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монанд ва қарорҳои қонуниву асоснок қабул намуда  ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин намоянд.

Дар робита ба маводи мухаддир дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳисобида шуда, робитаи ногусастании он бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ қайд карда шуд.

Вобаста ба ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд.

Ҳамчунин, вобаста ба торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон ва бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар фаъолияти худ ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон диққати ҷиддӣ медиҳад.

Бахусус, ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни амалӣ гардонидани фаъолият дар самти мусоидат дар ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва мониторинги вазъи риояи ҳуқуқи онҳо бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии дар ин самт фаъолиятбаранда назаррасанд.

Дар рафти мониторингҳо шароити моддӣ-маишӣ (ҳӯҷраҳои хоб, хизматрасонии маишӣ ва фароѓат, ошхона, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, ҷойҳои либосшӯӣ), масъалаҳои эҳтимолияти истифодаи зӯроварӣ ва таҳқир дар байни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, зӯроварӣ ва таҳқир аз ҷониби ҳайати афсарон, худсарона баромада рафтан аз ҳудуди қисми ҳарбӣ, ҷалби сарбозон ба корҳои ба хизмати ҳарбӣ вобастанабуда мавриди омӯзиш қарор шуда, аз натиҷаи онҳо оид ба беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон тавсияҳои дахлдор дода мешаванд.

Ҳамчунин, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ оид ба баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати афсарон ва сатҳи иттилоотии сарбозон оид ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз воситаҳои гуногун, аз қабили ташкил ва гузаронидани мизҳои мудаввар, баромад дар ВАО, нашри мақолаҳо ва дигарҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Санаи 8 декабри соли 2021 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи “Ҳафтаи ҳуқуқи инсон”, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад, мизи мудаввар таҳти унвони  “Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва натиҷаи мониторинги қисмҳои ҳарбӣ” доир намуд.

Дар рафти мизи мудаввар бештар ба масъалаҳои ҳуқуқҳои сарбозон дар давраи хизмат ва аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ мубоҳисаҳо сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Боварӣ ҳаст, ки мардуми сарбаланди кишвар ҳар нуқтаи дахлдори ин ҳуҷҷати муҳимро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ гардиданашон саъю кӯшиш менамоянд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони он низ минбаъд корҳоро дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тақвият дода, ҷиҳати амалисозии супоришу пешниҳодҳои дар Паёми Пешвои миллат таъкидшуда чораҳои дахлдор меандешанд.

 

 

Ашуров М., сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

        ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор