Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол бо ифтихор 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар фазои сулҳу суботи сиёсӣ ва руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн мегиранд.

Аз таърихи на чандон дури Тоҷикистон бармеояд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта, таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун амри зарурӣ эҳсос мегардид.

Сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фарогирифта Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи қавӣ ва бунёдсозанда ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу воҳидӣ, таъминоти моддиву техникӣ пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбӣ иқдом намуд.

18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ 23 феврали соли 1993 баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Хушбахтона, метавон иброз дошт, ки туфайли сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи давраҳои мураккаби бунёди худ нуқта гузошта, ба марҳалаи мувофиқасозии сохтори худ - воқеъияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра саъю талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 21 декабри соли 2021 масъалаҳои пешбурди манфиатбори амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низ дахл намуда, вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Дар партави дастуру тавсияҳои Сарвари давлат ҳар шаҳрванд бояд ҳимояи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти миллатро қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти инсонӣ ва уҳдадории табиии худ донад. Ҳарчанд, ки дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомӣ махсус муваззаф буда, вазъи мураккабгаштаи ҷаҳони муосир дар назди онҳо шарту уҳдадориҳои ҷиддии касбиро гузоштааст.

Бояд қайд кард, ки тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи онҳо дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз зиёд карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ бо мушкилиҳо ва маҳдудиятҳои барои ҳалли вазифаҳои ҳарбӣ зарур алоқаманданд. Ин маҳдудиятҳо бинобар ҳалли вазифаҳои хизматӣ зарур мебошанд ва онҳо бояд бо талаботҳои хизмати ҳарбӣ вобаста буда, ба санадҳои ҳуқуқии  байналмилалӣ, қонунгузории миллӣ ҷавобгӯ бошанд.

Мусаллам аст, ки дастрасии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳаёти сохторҳои ҳарбӣ барои таъмини масъулият, шаффофият ва идоракунии босамари сохторҳои ҳарбӣ, пешгирии ҷиноятҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат менамояд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, дар ин робита мақомот дар доираи ваколатҳои худ дар самти мусоидат ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ амал намуда, ба қисму сохторҳои ҳарбии мамлакат ташриф меорад ва ин ташрифҳо метавонанд дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва бо ташаббуси худи Ваколатдор сурат гиранд. Зимнан, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои қабули бетаъхири роҳбарият ва шахсони мансабдори қисмҳои ҳарбӣ ва роҳбарони низомҳои ҳарбии дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарордошта ҳуқуқ дорад.

Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи соли 2021 вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ якчанд қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қисмҳои ҳарбии 01123, 07017, 01123 “а ва 02011“г” -и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Бохтар ва Ишкошиму Рашт мониторинг гузаронид.

Ҳамчунин, дар қисмҳои ҳарбии мазкур барои афсарон ва сарбозон мизҳои мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии терроризм” “Пешгирии шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона”, "Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ” ва “Муносибатҳои ғайриоиномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ” доир намуданд, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар иштирок доштанд.

Хулоса Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 29 сол ба як сохтори муташаккил ва боэътимод табдил ёфта, бо шарофати талошҳои он ҳифзи сулҳ ва таҳкими давлатдорӣ таъмин карда мешавад.

Нидоев Ҳ.

Муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи  ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор