Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

(Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ)

Дар ҳар як даҳсола бо туфайли тараққиёти пайвастаи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла кашфиётҳои олимону мутахассисон  дар ин соҳа  дарозумрии инсоният боло меравад. Таърих гувоҳаст, ки дар даҳсолаҳои гузашта одамон аз бемориҳое мефавтиданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш меовард ва дар ҳалли ин мушкилӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Барои бартараф кардани ин мушкилиҳо 7 апрели соли 1948 аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид муассисаи махсус яъне Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  таъсис дода шуд, ки  ба он 194 давлат аъзо мебошанд. Вазифаи асосии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳалли мушкилиҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад.  Аз соли 1950 инҷониб ҳамасола рӯзи 7 апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ҷашн гирифта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ иштирокчии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак мебошад. Ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди солимии аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи низоми тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 таъкид карданд, ки  “ Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тайи сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ, ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, неруи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард. Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад. Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст”.

      Ҷиҳати солим нигоҳ доштани шаҳрвандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, ки дар натиҷа  солҳои охир сатҳи фавти модарону кӯдакон паст гардидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ санаи 18.08.2020  таъкид карданд: “ Дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат тайи солҳои истиқлоли давлатӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон мутаносибан дуюним ва сеюним баробар паст гардидааст. Тибқи омори расмӣ, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони то яксола ба 40,9 баробар шуда бошад, ин рақам соли 2019 ба 14,9 нисбат ба 1000 зиндатаваллудро ташкил кардааст”.

Мувофиқи  маълумотҳои оморӣ  соли 2021  235 242 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки 49,6% (116 680 нафар)-и онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

         Тибқи замимаи №1 ба Фармоиши якҷояи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №938-135 аз 05.11.2014 кӯдакони то 1-сола, кӯдакони маъюби то 18-сола, кӯдакони ятим, ки дар хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо қарор доранд ва кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум мондаанд, ба гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд.

Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кудакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз карда шаванд.

 Бинобар ин, дар натиҷаи давра ба давра аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронидани кӯдакон теъдоди шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ тавассути гузаронидани ваксинаҳо кам гардид.

Дар солҳои охир барои таъмини ғизои кӯдаконе, ки аз модарони сироятёфта таваллуд шудаанд, дар ҷумҳурӣ таъмини сарикасии чунин оилаҳо бо ғизои кӯдаконаи сунъӣ ба миқдори зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин раванд бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии кишвар, аз ҷумла кӯдакон тавассути беҳтар намудани ғизо ва фаъолияти ҷисмонии онҳо дар ҷумҳурӣ Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 №102 тасдиқ гардидааст, ки  механизми татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши рушди ғизои мактабӣ муайян менамояд. Дар баробари ин “Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 №456 тасдиқ карда шудааст.

Ғизои дуруст ба инкишофи муътадили ҷисмонию фикрии кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Ғизои нокифоя кӯдакро аз рушду инкишоф бозмедорад, муқобилияти узвҳоро ба беморӣ суст менамояд. Кӯдакон ва наврасон бояд мувофиқи талаботи ба моддаҳои ғизонок доштаи организм, инчунин аз руи таносуби дурусти байни моддаҳои ғизо хӯрок истеъмол намоянд.

Таъмини бехатарӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ омили пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии ҳифзи саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди зукоми хавфнок,  бемории шадиди роҳи нафас COVID-19, ки тавассути вируси номаълум ба вуҷуд омад  ва  бо шиддат  дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод,  мубориза бурда истодааст.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ, ташвиқоту фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии маҳалҳои зист, хонаҳои истиқоматию муассисаҳои иҷтимоӣ ва ташкилоту корхонаҳои давлатӣ пеши роҳи паҳншавии беморӣ то андозае гирифта шуд.

         Тибқи тавсияи мутахассисон риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ  омили пешгирикунандаи  паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад. Ба кӯдакон лозим аст барои худ ва дигаронро аз сироят ҳифз намудан қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

Дар баробари кӯдакон падару модарон уҳдадоранд риояи  қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиении фарзандонро назорат намоянд, то худ ва фарзандонро аз сироятшавӣ эмин доранд. Зеро тарзи зисту зиндагии инсон барои муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ нақши асосӣ дорад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар як шахс вобаста аст. Бинобар ин, солим будан бояд талаботи ботинии ҳар як инсон бошад.         

                                                   

Машрабзода А.- Сармутахассиси

Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                                                       

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор