Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Асоси қонунгузории батанзимдарории муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба амалишавии ҳуқуқ ба муроҷиатро Конститутсияи Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил мекунанд.

Тибқи моддаи 31 Конститутсияи Тоҷикистон шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Ин он маъноро дорад, ки ҳар як шахс ҳуқуқи худро ба муроҷиат озод ва ихтиёрӣ амалӣ менамояд. Маҷбур намудани шахс барои муроҷиат кардан ё ширкат намудан дар пешниҳоди он тибқи қонунгузорӣ манъ карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» хусусиятҳои хоси муроҷиатро аз ҷиҳати мазмун, ба мисли, ариза, дархост, таклиф, шикоят, ки дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод мешаванд, муайян намудааст.

Ҳуқуқ ба муроҷиат ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки муносибати худро ба фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор ва эҳтиёҷоти худро нисбати ташкили самараноки ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ изҳор намуда, ҳуқуқу озодиҳои худро амалӣ ва ҳифз намоянд.

Шаҳрвандон маҳз тавассути муроҷиат ба қабули қарорҳо дар мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои ҳаётан муҳим таъсир расонида, дар идораи корҳои давлатӣ ва ҷомеа иштирок ва озодона ақидаҳои худро иброз менамоянд. Ҳамчунин тавассути механизми мазкур ҳуқуқу манфиатҳои вайроншудаи худро барқарор менамоянд.

Ҳамин тариқ, муроҷиати шаҳрвандон ба васеъ шудани сарчашмаи иттилоот ва алоқаи мақомоту ташкилот бо аҳолӣ мусоидат намуда, ҳамчун нишондиҳандаи афкори ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва пешомади масъалаҳои сиёсати давлатӣ хизмат менамояд.

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади мусоидат ба баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба масъалаи қабули шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуда, муроҷиаткунандагон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар шахсони масъул қабул карда мешаванд.

Дар мақомот раванди қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси талаботи меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи самт ба роҳ монда шуда, санадҳои дохилиидоравӣ ва механизми қабул, бақайдгирӣ ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо қонунгузории миллӣ мутобиқ гардонида шудаанд.

Илова ба қабул ва баррасии муроҷиатҳо дар Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкили қабули сайёри роҳбарияти мақомот дар маҳалҳо, санҷиши муроҷиатҳо дар ҷояш, санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт ва ҳамкорӣ бо субъектони дигар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳисоб мераванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам ҳамкориҳои судманди худро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҳуқуқҳимояткунанда дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ба ба муроҷиат ба роҳ мондааст.

 Кормандони Дастгоҳи марказии мақомот ва Намояндагию Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти ҳуқуқ ба муроҷиат, мунтазам силсилаи вохӯрию ҷамъомадҳо дар маҳалҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинон баргузор мекунанд.

Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ дар радиоҳои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқ ба муроҷиат баромад намуда, дар сомонаи мақомот мақолаҳо ба нашр расонида мешаванд.

Соли 2021 вобаста ба амалишавии ҳуқуқ ба муроҷиат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 19 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидаанд. Муроҷиаткунандагон бештар оид ба монеагӣ эҷод намудан ба муроҷиат, риоя нашудани муҳлатҳои баррасии муроҷиат, ба қайд нагирифтани муроҷиатҳои такрорӣ, татбиқи афв нисбати ҳуқуқвайронкунандагони маъмурӣ, қабули дархости маҳкумшуда оид ба масъалаи бахшиши ҷазо, муайян намудани сабаби ҷойгиркунии наздиконашон дар бинои навъи камеравӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намудаанд.

Муроҷиатҳо саривақт баррасӣ гардида, дар ҳалли мушкилоти муроҷиаткунандагон мусоидат карда шуд.

Бояд қайд кард, ки амалишаваии ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат мушкилот ва мураккабиҳои худро дорад. Мушкилоти мавҷудаи самти мазкур, ба мисли, расмиёти куҳнаи қабул ва баррасии муроҷиатҳо, дар сатҳи паст қарор доштани масъулият оид ба вазъи кор дар самти мазкур ва малакаи касбии кормандони дар ин самт фаъолияткунанда, истифода накардани технологияи электронии муосир ҳангоми қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии муроҷиатҳо, паст будани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва аз ҳуқуқи ҳифзи судии муроҷиат истифода накардани шаҳрвандон ва дигарҳо ба амалишавии ҳуқуқ ба муроҷиат таъсири манфӣ мерасонанд.

Бо мақсади мусоидат ба амалишавии ҳуқуқ ба муроҷиат соли 2021 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ёвон, Ҳамадонӣ ва шаҳри Истаравшан мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Натиҷаи санҷишҳо нишон дод, ки иҷрои меъёрҳои қонунгузории соҳа дар фаъолияти мақомоти зикршуда тибқи талабот ба роҳ монда шуда, дар баробари пешравиҳо дар ин самт баъзе мушкилот, ба монанди,  мавҷуд набудани воҳиди алоҳидаи корӣ вобаста ба қабул ва бақайдгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мавҷуд набудани ҳуҷраи алоҳида барои қабули шаҳрвандон ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият дар шакли дастаҷамъона ва бо иштироки шумораи зиёди муроҷиаткунандагон, ки дар чунин ҳолат маҳрамияти мавзӯи муроҷиат риоя карда намешавад, ҳолатҳои ба қайд гирифта нашудани натиҷаи баррасии муроҷиатҳо, истифода накардани технологияи электронии муосир ҳангоми қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии муроҷиатҳо ва дигарҳо ҷой доранд.

Зимни баргузории санҷишҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани дониши ҳуқуқии иштирокчиён мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳо фаҳмонида шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки дар оянда ба баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқ ба муроҷиат, амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мазкур мусоидат намояд.

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор