Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

 

 

Тоҷикистон кишвари соҳиби об ба ҳисоб рафта, қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбанд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор ҷиҳати таъмини дастрасии умум ба оби ошомиданӣ ва бехдошт дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ 6 вазифа гузоштааст, ки бояд то соли 2030 амалӣ гарданд, аз ҷумла таъмин намудани тамоми аҳолии ҷаҳон бо оби ошомидании тоза ва бехатар, таъмин намудани тамоми аҳолии ҷаҳон бо шароитҳои мусоиди беҳдоштӣ, баланд бардоштани сифати оби ошомиданӣ, баланд бардоштани сифати истифодаи об дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани идоракунии захираҳои обӣ дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла дар асоси ҳамкории наздисарҳадӣ, таъмин намудани ҳифзу барқарорсозии системаи экологӣ вобаста ба об, аз ҷумла пиряхҳо, дарёҳо ва кулҳо.

Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои зиёд ба харҷ дода, дар ин раванд саҳми муносиб дорад. Бо ташаббуси кишвари мо Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла соли 2016 Қатъномаро дар хусуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қабул кард.

Мақсади асосии Қатъномаи мазкур муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардида мебошад. Аз ҷумла, Қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдошта ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намоянд.

Тоҷикистон дар зарфи ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Дар шароити имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти вобаста ба об ба ташвиш овардааст, татбиқ гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон ва дар ҳошияи он баргузории конфронсҳои сатҳи баланд хеле муҳим аст.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойтахти шаҳри Душанбе нимаи аввали моҳи июн баргузор мегардад. Дар Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ- дастрасии саросарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар назар гирифта шудааст, ки барои бартараф сохтани ин мушкилот ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳҳои нави ҳалли соҳа ворид карда мешавад.

Конференсияи мазкур идомаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон буда, марҳилаи нави ҳамкории байналмилалӣ оид ба андешидани тадбирҳои муайяни минбаъда вобаста ба мушкилоти обу экология дар кураи Замин мебошад. Имруз дар 80 давлати дунё оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза нест ва боиси камумрии аҳолии ин давлатҳо шуда метавонад, чунки экология, муҳит ва тозагии об синтези экологияи муосир мебошад. Сокинони сайёра аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва хушксолии пай дар пай ба касалиҳои гуногун дучор мешаванд ва ин боиси фавти онҳо мегардад. Дар ҷаҳони муосир зиёда аз як млрд аҳолӣ аз оби ошомиданӣ маҳруманд, 2.5 миллиард аҳолӣ аз истифодаи оби доимӣ танқисӣ мекашанд, ба зиёда аз 1, 2 миллиард аҳолии ҷаҳон хушксолӣ таҳдид мекунад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ аз ҳисоби истифодаи оби ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯнабуда ҳамасола беш аз 5 миллион нафар мефавтанд ва 3 миллион нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд. Зиёда аз 3 миллиард инсон аз оддитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд ва оби ифлоси баҳру уқёнусҳоро истифода мебаранд.

Ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти зикргардида ва тақсими одилонаи оби тоза дар ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.

 

М. Салоҳидинзода корманди мақомоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор