Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2023
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда мисоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу Ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ буд. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, руҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ѓайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Кушишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бафарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаи хуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Имрўз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон, натанҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад, чунки он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Кори саҳлу осон набуд, барои таъмини сулҳ танҳо бо иқдоми наҷибона ва сиёсати инсондўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омўзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқўъ омадани ҳар гуна мулоқотҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ метавонанд таъсири худро расонанд. Нақши Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон, сохторҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар ин Шўро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани нерўҳои солими ҷомеа назаррас мебошад.

Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург аст.

Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шўрои ҷамъиятӣ муваффақ шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки хушбахтона халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил гардид. Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз ҳам нерўи бузурги сиёсие мебошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ѓайриҳукуматӣ, эҷодӣ, касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии бонуфузи кишварро муттаҳид намудааст. Ин як қудрати бузург ва умедбахш барои ноил гаштан ба ҳадафи олӣ, яъне таҳкими сулҳу ваҳдат устувории давлатдорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Бинобар ҳамин, аз ҷониби аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санад оид ба тамдиди бемуҳлати Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳалли масъалаҳои дар Созишнома баёншуда таъмини сулҳи бебозгаштро дар кишвар таҳким бахшид.

Имрўз мо ифтихор дорем, ки сулҳи бадастовардаи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби СММ таҷрибаи нодир эътироф гардидааст, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар як мўҳлати кўтоҳ хотима ёфта ҷонибҳои зидди якдигар ба ҳам дасти дустӣ дароз карда, баҳри ҳифзи Ватану сарзамин амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ муттаҳид гаштанд.      

Дар ин раванди неку созанда ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, кӯдакон, ҳамватанони бурунмарзиамон муборакбод гуфта ба онҳо саломатӣ ва барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам  садои кӯдакони тансиҳату хушбахро хоҳонем.

Ҷовидону поянда бод ваҳдати миллии тоҷикон!

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор