Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон  якдилӣ,  ҳамдигарфаҳмӣ,  ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст.

Баъди пароканда гардидани ҳокимияти шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд гирифтори ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо гардид, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.

 Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардониданд. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд ва аз ин лиҳоз мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, гуреза шаванд.

Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор карда буд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурўъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».

Санаи  8 декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан қадами аввалини худро гузошт, ки ин муроҷиатномаи ӯ ба халқи тоҷик буд. Дар муроҷиатномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз  душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат  талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати  мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад».

  Дар ҳақиқат таърих гувоҳ ҳаст, ки Сарвари давлат  ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афгонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонид, ки ба ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасавур намекард.

Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Ҷаноби Олӣ зимни вохӯриҳояш бо мухолифон такрор ба такрор мегуфт, ки агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест мешавад, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд.

Дар ниҳояти кор гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон,  Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурнадешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шавад. Имрўзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши СММ ва бисёр давлатҳои олам гадидааст.

Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрўз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст.  Мо - тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем.

 

Низомов А.Б.,

Муовини сардори шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

 инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон      

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор