Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

 

 

Яке аз падидаҳои муҳим дар давлатҳои муосир нињоди Паёми Сарвари давлат ба Парлумон мебошад, ки онро конститутсияҳои аксари кишварҳои ҷаҳон муқаррар менамоянд.

Дар моддаи 70  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Президент «дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад». Ҳамин тариқ, анъанаи паёмгузорӣ мақоми меъёрии ҳуқуқиро соҳиб гашт. Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Сарвари давлат роҳнамои муҳими давлатдорист.

Паёмҳои Сарвари давлат ба Парлумони кишвар барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Паём яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие мебошад, ки дастовардҳои миллиро дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ мекунад.

Дар Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат аз ҷиҳати назариявӣ асоснок шуда, воқеияти амалӣ кардани онҳо аз лиҳози мантиқӣ бо роҳ, усул ва натиҷаҳои таҷрибаи пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Айни ҳол бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати аз 1 - уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд карданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 - уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, аз 1 - уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки аз 1 - уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз, нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия ва дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2021 - ум зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол шудани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Дар солҳои охир беш аз 504 ҳазор занону духтарон муассисаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

Дар Паёми навбатии Роҳбари Давлат яке аз нуқтаҳо он буд, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалї ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

Бинобар ин 14 - уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21 - уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад гашт. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми Паёми худ қайд намуданд, ки мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

 

Корманди ВҲИ

Салоҳиддинзода М.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор