Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Сада Хуршеди баҳорофар

Ба шарофати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукӯҳи бостонии он сол то сол барқарор гардида истодааст. Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагӣ моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рӯзгор мадад намоем. Тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳуввияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёгони худ бештар бархурдор шаванд.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд.

Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, ба хусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст»

Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст.

Ҷашни Сада ба оини  Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардушӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола дар ватани азизамон ин чашни ниёгон таҷлил карда мешавад.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

 

 

Корманди макомоти Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             

Раҳматова Ш.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор