Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Китоб сарвати бебаҳои ҳар як қавму миллат, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш аст.

 

«...китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дастовардҳои китобу китобдорӣ ва мавқеи он дар ҷомеаи Тоҷикистонро аз манзари истиқлолияти кишвар баррасӣ шуда маҳз тавассути соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар анъанаи китобхонӣ ва китобдӯстӣ эҳё гардид ва ҳамакнун китоб манзалат ва эътибори худро бори дигар дар кишвар пайдо намуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неки китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва анвои дигари китобҳо вусъати ҳамаҷониба меёбанд ва соҳаи китобдорӣ дар мамлакат беш аз пеш рӯ ба инкишоф меорад. Бунёди ҷомеаи мутамаддин бидуни китоб имконнопазир аст. Аз ин рӯ дар кишварҳои мутамаддин ба эҷоди китобу дастраси умум гардонидани он таваҷҷуҳи зиёде зоҳир менамоянд.

Тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги олии китобу китобдорӣ буда, ба ҳама гуна осори хаттӣ арҷу эҳтиром гузоштаанду мегузоранд.

Китобхона бошад, ҳамчун муассисаи муҳимми илмӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва тарбиявӣ дар ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии инсонҳо нақши калидӣ бозида, хусусиятҳои иҷтимоӣ пайдо кардани китобро баррасӣ менамояд.

Китоб – сарвари ҷаҳони маънавӣ ва раҳнамоет, ки ҷомеаро аз ҷиҳати маънавию идрок некӯманд сохта, баҳри дарёфти ормоеҳои олии инсонӣ ёвару маслиҳатгари беғараз мебошад ва бунёди ҷомеаи мутамаддин бидуни китоб имконнопариз аст.

Китоб барои миллати тамаддунофари мо ва аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст. Сухани пандомӯзонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маъноро бараъло собит месозад: «Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифу фарҳанг ин тарбияи насли ояндасози миллат дар рӯҳияи созандагӣ бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаромояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ташаккули ҷаҳонии илмӣ, равона сохтаи майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи пештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ техника ва технологияи муосир ба шумор меравад.

Дастовардҳои китобу китобдорӣ ва мавқеи он дар ҷомеаи Тоҷикистонро аз манзари истиқлолияти кишвар баррасӣ карда ифтихоромез мугӯем, ки маҳз тавассути соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар анъанаи китобхонӣ ва китобдӯстӣ эҳё гардид ва ҳамакнун китоб манзалат ва эътибори худро бори дигар дар кишвар пайдо намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: «ҳар қадар фарзандони миллат китобхон бошанд, ҳамон қадар миллат неруманд мешавад».

Бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар саросари кишвар «Рӯзи китоб» бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, ва бо амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.

Ҳамчунин дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда шуд…

Китоб - илму фазл ва ақлҳову тамаддунҳост, китоб - саводу дониш, китоб - маърифату фарҳанг аст, ки баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии афроди ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишварҳои гуногуни ҷомеа, аз сухан сарчашма мегирад, сухан ҷони зиндаи инсон бувад, ки гуфтаанд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

    Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?

Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳои худ ба соҳаҳои маорифу илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш таъкид доштанд, ки «Сатҳу сифати дониши хонандагон, пеш аз ҳама, аз мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ вобаста аст».

Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар як қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳими таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст. Тоҷикон ба доираи ҳамин қабил халқу миллатҳо дохил шуда, аз қадим ба китоб арҷ мегузоштанд ва хондани китобро ба фарзандон тарғиб мекарданд. Онҳо китобро муқаддас ва рафиқи мӯнис медонистанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон доир ба мақому манзалати китоб дар сарнавишти инсон изҳор намуданд, ки «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Бояд гуфт, ки макони асосии донишу маърифатомӯзӣ ин китобхона аст. Ба Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино хазинаи тилло ва зарру зевар лозим набуд, бинобар ҳамин ӯ китобхонаи шоҳро интихоб кард.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи кормандон чораҷуӣ менамояд. Аз замони таъсисёбии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи соҳа фаъолият мекунад, ки айни ҳол дар хазинаи он 2371 китоб маҳфуз мебошад. Китобу маводҳои иттилоотӣ ҳама соҳаҳои фарҳанги ҷомеаро фаро гирифта, барои алоқамандони соҳаи ҳуқуқи инсон шароити хуби мутолиа фароҳам оварда шудааст.

Фонди китобхона пайваста ғанӣ гардонида шуда, соли гузашта беш аз 72 номгӯйи китобҳои бадеии тозанашр дастрас карда шудааст. Аз ҳисоби кормандони мақомот соли ҷорӣ ба фонди китобхона 95 адад китобҳои бадеӣ ворид гардид. Кормандони мақомот дар ин давра зиёда аз 105 адад китоби бадеӣ, ки дар фонди китобхонаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нигоҳ дошта мешаванд, мутолиа намуда, пайваста дониш ва малакаи касбии худро баланд мебардоранд.

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста озмуни «Беҳьарин қироаткунандаи шеър» дар мавзуъҳои «Ватан» «Тоҷикистон» «Истиқлолият» ва «Модар» баргузормегардад, ки он дар сатҳи ниҳоят баланд, бо иштироки устодон аз макотиби олии кишвар баргузор карда мешавад ва беҳтарин қироаткунандагони шеъри тоҷикӣ муаян ва бо ифтихорномаю туҳфаҳо сарфароз гардонида мешавад. Ва мавриди зикри хос аст, ки ташкил ва баргузории чунин озмунҳо дар дили ҳар як фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ва муқаддасоти кишварамон афзун мегардонад ва ин иқдом дар мақомот дар оянда низ дар сатҳи хеле баланд идома дода мешавад.

 

Салоҳидинзода. М.

корманди Дастгоҳи Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор