Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатии худ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, меъёрҳо, принсипҳо ва арзишҳои қабулшудаи байналмилалиро эътироф менамояд. 

Бо қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардид. Дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон танзими ҳамаҷонибаи худро ёфтаанд.

Тоҷикистон дар тӯли солҳои охир барои беҳтарсозии вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар саъю кӯшишҳои зиёде мекунад ва ҷонибдории худро ба иҷро намудани ӯҳдадориҳои байналмилалие, ки ба зиммаи худ гирифтааст, нишон медиҳад.

ар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон  ва инчунин тавсияҳои сохторҳои гуногуни СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ қонунгузории ҷумҳурӣ, ки масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба танзим медарорад, пайваста такмил дода шуда, қонунҳои нав қабул карда мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ тибқи санадҳои байналмилалии ба тасвиб расонидашуда дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ мунтазам маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод карда шуда, пайваста маърӯзачиёни махсуси Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда мешаванд.

Ҳамчунин тайи солҳои 2012-2022 якчанд Маърӯзаҳои даврии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Конвенсия оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои таъбизи нажодӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсия оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбати занон, маърӯзаи аввали ҶТ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаи онҳо, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ   баррасӣ шуданд. Инчунин моҳи апрели соли ҷорӣ гузориши даврии муттаҳидаи дувоздаҳум - сенздаҳуми Тоҷикистон оид ба Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбизи нажодӣ дар назар дошта шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷонибдории худро ҷиҳати даъвати расмиётҳои махсуси СММ (маърӯзачиёни махсус, гурӯҳҳои корӣ) низ иброз намуд.

Яке аз механизми нави ҳифзи ҳуқуқи инсони Шуро оид ба ҳуқуқи инсон, воситаи муҳими таъмини муколама, беҳтар гардонидани иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, арзёбии тағйиротҳои мусбӣ ва муайян намудани проблемаҳои дар ин самт ҷойдошта ин  Шарҳи Универсалии Даврӣ, ки бо Қатъномаи 60/251 Ассамблеяи Генералии СММ  моҳи марти соли 2006 ҷорӣ карда шудааст, ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намуд, ки Шарҳи Универсалии Даврӣ дар асоси аз ҷониби давлат иҷро намудани ӯҳдадориҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои зерин дарҷ гардидаанд, гузаронида мешавад:

  • Оинномаи СММ;
  • Эъломияи умумии ҳуқуқи башар;
  • Тамоми шартномаҳои соҳаи ҳуқуқи инсон, ки давлат ба тасвиб расонидааст;
  • Иттилооте, ки дар маърузаҳои муттахасисон ва гурӯҳҳои мустаъқил дар соҳаи ҳуқуқи инсон дарҷ гардидааст;
  • Иттилооте, ки аз ҷониби тарафҳои дигари манфиатдор, аз ҷумла аз ҷониби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ пешниҳод мегарданд.

Аз ин бармеояд, ки ҳама гуна давлатҳои ҷаҳон ба ин механизми байналмилалии ҳуқуқи инсон фаро гирифта мешаванд.

      Вазифаҳои Шарҳи Универсалии Даврӣ инҳо мебошанд:

- беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи инсон; иҷрои ӯҳдадориҳои давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва баҳодиҳӣ ба дигаргуниҳои мусбӣ ва мушкилоти он;

-таҳкими иқтидори давлат ва кӯмаки техникӣ дар машварат бо давлати дахлдор ва розигии он;

-мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарини байни давлатҳо ва ҷонибҳои манфиатдори дигар;

-дастгирии ҳамкорӣ дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон.

Ҳамин тавр, ШУД ба мунтазам тақвият додани фаъолияти давлатҳо дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон нигаронида шудааст. Инчунин муҳим аст, ки ШУД ба ҳавасмандкунии ҳамкориҳои давлатӣ бо дигар тартиботи мавҷудаи назорати ҳуқуқи инсон равона карда шавад.

ШУД соле чаҳор маротиба шарҳи доимии иҷроиши ӯхдадориҳои соҳаи ҳуқуқи инсони 193 давлатҳои узви СММ -ро мегузаронад. Шарҳ аз ҷониби Гурӯҳи кории ШУД, ки аз 47 аъзоёни Шуро иборатанд, гузаронида мешавад. Лекин ҳамаи давлатҳои аъзои СММ метавонанд, ки дар баррасии Шарҳ, инчунин дар гуфтугӯи ё диалоги интерактивӣ  иштирок намоянд.

Шарҳи давлатҳо ҳангоми баргузории ҷаласаи Гуруҳи кории ШУД баргузор гашта, диалоги интерактивии сесоата байни давлат ва давлатҳои аъзои Шуро ва давлатҳои нозирон мегузарад.

Баъди гузаронидани Шарҳи давлат Гурӯҳи корӣ Ҳуҷҷати хотимавиро дар ҳузури давлат омода менамояд, ки он аз саволҳо, хулоса, тавсияҳои давлатҳои аъзо ва ҷавобҳои давлат иборатанд.

Дар давраи дуюми  ШУД давлат бояд дар бораи чораҳои бо мақсади иҷроиши тавсияҳои давлатҳои аъзои ШУД андешидашуда иттило омода намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравии худро ба принсипҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон тасдиқ намуда, моҳи октябри соли 2011 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дувоздаҳуми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон аввалин маротиба  аз рӯи ин механизми байналмилалӣ ба Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон маърӯза пешниҳод намуд.

 Шарҳи Универсалии даврӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату       идораҳои     ҷумҳурӣ      ва  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  тайёр карда шуд. Ҳангоми тайер намудани Шарҳи Универсалии даврӣ бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъолиятбаранда як қатор вохӯрию машваратҳо гузаронида шуданд.

Шарҳи Универсалии Даврии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи ҳуқуқи инсони СММ бо баҳои баланд пазируфта шуда, дар як вақт ба Тоҷикистон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда  шуданд. Аксарияти тавсияҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Бо ин мақсад гурӯҳи кории байниидоравии баррасии тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон доир ба Шарҳи универсалии даврӣ таъсис дода шуд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ аъзои ин гурӯҳ буда, муносибати худро ҷиҳати дастгирии аксарияти тавсияҳои Шӯрои СММ муайян кард.

Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ин механизми байналмиллӣ, аз оғози фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, яъне аз моҳи октябри соли 2011, вақте, ки дар ҷаласаи якуми сессияи дувоздаҳуми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҶТ аввалин маротиба  аз рӯи ин механизми байналмилалӣ ба Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон маърӯза пешниҳод намуд, наззарас аст.

Баъди тасдиқи Накшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти ШУД (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, мақомоти ВҲИ Нақша-чорабиниҳои дохилиидоравиро ҷиҳати иҷроиши минбаъдаи тавсияҳое, ки бевосита ба ВҲИ дахл доранд ва тавсияҳое, ки ВҲИ ҳамчун ҳамиҷрочӣ бо дигар мақомот баромад менамояд, таҳия ва тасдиқ намуд.

Хамасола тавсияҳоеро, ки зимни ШУД ба ВҲИ дахл доранд,  ба се гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

Якум, тавсияҳое, ки бевосита ба ВҲИ дахл доранд;

Дуввум, тавсияҳое, ки дар онҳо мақомоти ВҲИ ҳамчун иҷрочии аввал баромад менамояд;

Сеюм, тавсияҳое, ки дар он мақомоти ВҲИ ҳамчун ҳамиҷрочӣбаромад менамояд.

Умуман, тавсияҳое, ки бевосита ба мақомоти ВҲИ дахл доранд, инҳо бевосита ба таъмини мутобиқатии фаъолияти ВҲИ ба Принсипҳои Париж мебошанд, ки тибқи Нақшаи миллии амалҳо аз чаҳор номгӯи чорабиниҳо иборат мебошанд. Ҷиҳати иҷроиши ин тавсияҳо мақомоти ВҲИ нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати иҷроиши тавсияҳои Зеркумитаи аккредитатсияи СММ соли 2017 тасдиқ намуда, қонунгузории дигар давлатҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Инчунин ҷиҳати такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳа омода гарида истодааст.

Инчунин тибқи Нақшаи миллии амалҳо мақомоти ВҲИ дар иҷрои бархе аз тавсияҳо иҷрочии аввал ё масъул мебошад. Абатта, дар ин ҳолат мақомоте, ки ҷиҳати иҷрои ин гуна тавсияҳо ҳамиҷрочӣ мебошанд, ба иҷрочии аввал бояд маълумот ё гузориши муфассал пешниҳод намоянд. Баъди ин маълумотҳои мақомоти зикргардида ҷамъбаст гардида, як гузориши муфассал оиди тавсияҳо пешниҳод мегардад. 

Дар баъзе аз тавсияҳои дигар мақомоти ВҲИ ҳамчун ҳамиҷрочӣ баромад менамояд, ки ҷиҳати ба иҷрочии аввал ирсол намудани ҷавобҳо саривақт чораҳо меандешад.

Чи тавре маълум аст, санаи 4 ноябри соли 2021 бинобар мавҷуд будани бемории фарогири COVID – 19 гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ (давраи сеюм)  дар иҷлосияи 39-уми Гурӯҳи кории  Шарҳи Универсалии Даврӣ ба таври фосилавӣ баррасӣ гардида, аз натиҷаи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 80 давлатҳои аъзо 234 тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд. Аз ин шумора аз ҷониби Тоҷикистон 169 тавсия пурра ва 7 тавсия қисман қабл гардида, 57 тавсияҳо қабул нагардиданд. Албатта, дар назар аст, ки  дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои  давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ барои солҳои 2021-2024 таҳия гардад.

Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар раванди таҳияи ин санад бориз буда, баъди таҳияи он низ ҷиҳати амалишавии тавсияҳои ба мақомот дахлдошта  бо мақомоту сохторҳо мухталиф ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд.

 

                                                                                                                                    БОБОЗОДА УМЕД

                                                             Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

                                                               дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор