Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа – намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро, паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои узв ва вакилони ин мақоми олии қонунбарор ба халқи шарифи Тоҷикистон 26 январи соли 2021 – дар оғози соле, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан ҳам таърихӣ ба ҳисоб меравад пешниҳод гардид. Ироаи паём дар оғози соле, ки мужда аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро меорад, фоли нек ва роҳнамои созандагист.

Чун анъана дар паёми Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ватани азизамон – Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ, хулосабарорӣ, натиҷагирӣ ва ояндабинӣ қарор гирифта, аз амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мужда дода шуд.

Пешвои миллат нахуст ба масъалаи пайомадҳои пандемияи СOVID-19 ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии ҷумҳурӣ низ таъсири манфии худро расонидани он ишора намуда, аз иқдомҳои муассир ва чораҳои фаврии роҳандозишуда ёдовар шуданд.

Дар ҳақиқат таҳлилҳо ва баррасии ҳолати мавҷуда нишон медиҳад, ки иқдомҳои саривақтии роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати пешгирии паҳншавии пандемияи СOVID-19 ва буҳронҳои вобаста ба он самаранок буда, карантини нарм нагузошт, ки ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонида шавад.

Пешвои муаззами миллат рушди иқтисоди кишвар, даромади пулии аҳолӣ, бақияи пасандозҳо дар низоми бонкӣ ва саҳми бахши хусусиро дар соли 2020 натиҷагирӣ намуданд, ки рӯ ба инкишофанд. Масалан, “иқтисодиёти кишвар 4,5 фоиз афзоиш ёфт”, “ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид”, “ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз ва кишоварзӣ 8,8 фоиз зиёд гардид”, “гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард”, “ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт”, ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид”, дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000-ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд”, “аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 4,6 фоиз зиёд мебошад”, “то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд”, имрӯз саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад”.

Нишондиҳандаҳои мазкур самараи идоракунии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар вазъияти буҳрони ҷаҳонӣ ва пешгирии хавфҳои воқеию эҳтимолӣ ба сиёсат ва иқтисодиёти кишвар мебошад. Чунин сиёсат имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон хавфҳои мавҷударо бо камтарин ҳисорот ба иқтисоди кишвар паси сар намояд ва рушди иқтисодии худро идома диҳад.

Ислоҳоту иқдомҳои саривақтӣ ва самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи сиёсати давлатӣ самараи хуб ба бор овард. Зимни бардошт аз Паём маълум мешавад, ки соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок низ рушди бемайлон доранд. Масалан, рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997-2020-ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст”, “соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст”, “истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст”, “шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст”, “воридоти гӯшт ба кишвар аз 10 700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна ё 60 баробар кам дар соли 2020 коҳиш ёфтааст”, “воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст”, “соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст”.

Ҳамчунин дар радифи дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди илму маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». Дар робита ба ин, Пешвои миллат омӯзиш ва татбиқи ташаббус ва таҷрибаи муфиди мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳоро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки ба масъалаҳои сатҳу сифати таълим, рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши  технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Зеро маҳз пешрафти босуръати илму техника дар раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дигаргуниҳои назаррасро ба бор меорад.

Лозим ба ёдоварист, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси принсипҳои умумӣ ва баробарӣ дар ду чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 март ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуданд. Натиҷаҳои интихоботи мазкур аз ҷониби мушоҳидони байналмилалӣ озод, шаффоф ва демократӣ арзёбӣ гардиданд. Таҷрибаи баргузории чунин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аз ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва баланд гардидани фарҳанги сиёсии ҷомеа дарак медиҳанд. Пешвои миллат низ аз сатҳу сифати баргузории чорабиниҳои интихоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуданд.

Аз Паёми Пешвои миллат қишрҳои ҷомеа ва намояндагони касбу кор ва соҳаҳои гуногун самтҳои ба худ алоқамандро интизор мешаванд. Ба иборае ҳар як узви ҷомеа паёмеро барои худ интизораст. Зеро, таҷрибаи ироаи Паём ва механизмҳои минбаъдаи дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз он бармеоянд нишон медиҳанд, ки нисбат ба амалисозии онҳо бархурд ва муносибати масъулона сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз, самтҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида якдигарро пурра намуда, бо ҳам алоқаманд буда, дар маҷмӯъ ба амалисозии яке аз ҳуқуқҳои муҳими инсон – таъмини зиндагии шоиста равона шудаанд.

 

С.Қодирӣ, сардори

Шуъбаи ташкилӣ,

иттилоотӣ ва таҳлилии

Дастгоҳи мақомоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор