Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ», ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун падидаи нави замони истиқлол ба шумор рафта, дар пешрафту тараққиёти давлат мусоидат менамояд.

Қобили қайд аст, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» масъалаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат таҳлилу баррасӣ карда мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро арзиши олӣ, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эътироф намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28-уми декабри соли 2024 саравал оид ба 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст».

Воқеан санаи 6-уми ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми Тоҷикистон, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки соли 2024 30-солагии онро ҷашн гирифтем. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми мо санади роҳнамо ва таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

Конститутсия ба сифати қонуни олии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархӯрдор аст. Он метавонад танҳо бо тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар кардааст, таҷдиди назар карда шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба он танҳо бо роҳи раъйпурсӣ ворид карда мешаванд.

Дар Паём Роҳбари давлат вобаста ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ сухан намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст».

Тибқи талаботи Паём дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода мешавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Албатта, амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда, хусусан рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба рушди кишвар ва дар маҷмуъ таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик таваҷҷуҳи хос зиҳир гардида, муаррифии боз ҳам бештари онҳо дар арсаи байналмилалӣ таъкид шуд.

Бинобар ин, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг вазифадор шуданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Бояд хотирнишон намуд, ки Эъломияи Куруши Кабир аз фарҳанги ориёӣ ва ақидаҳои инсондӯстӣ сарчашма гирифта, нахустин ҳуҷҷати таърихие ба ҳисоб меравад, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст ва ин ҳуҷҷат соли 539 пеш аз милод аз ҷониби Куруш ба тасвиб расида буд. Санади мазкур яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва Эъломияи таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳновараш ирсол намуда буд ва аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ҷаҳон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар асари пурарзиши худ «Чеҳраҳои мондагор» баён намуданд, ки Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос гузоштааст.

Мутмаинем, ки пешниҳоди навбатӣ низ мисли пешниҳодҳои қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад ва боиси муаррифии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Чунончи, Сарвари давлат дар Паём махсус таъкид намуданд, ки «масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд».

Воқеан, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Зеро дар моддаи 16 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад».

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши бузург доранд.

Боиси қайд аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.

Бинобар ин, ҳар як фарди бо нангу номуси ватанро зарур аст, ки бо такя ба ҳисси миллӣ дастуру ҳидоятҳои сарвари мамлакатро, ки дар аснои ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳар як соҳа гузоштаанд, чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии худ қарор дода, ҷиҳати босифат ва дар сатҳи олӣ таъмин намудани онҳо тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.

Кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат тамоми кушишу ғайрати хешро равона намуда, зери сиёсати оқилонаи ин абармарди таърихӣ барои ояндаи дурахшони ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

 

 Маҷидов Парвиз -

Сардори Шӯьбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ

ва озодӣ аз табъиз                                                          

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор