Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Нақши зан-модар дар

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат, ин  баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад. Ҷиҳати ҳалли ин масъала бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи гендериро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин барои баланд бардоштани мақом ва манзалати  зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид. Баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа барои пешрафти сиёсат нақши муҳим гузошт.

Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем симои зани тоҷик ҳамчун фарҳангпарвару сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманду кордон тасвир ёфтааст.  Маҳз қадрдонию дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат буд,  ки  мо занону бонувонро водор намудааст, ки дар радифи ба зимма доштани вазифаи пурмасъулият дар оила ҳамчун зан–модар дар ҳаёти ҷомеа низ саҳми худро гузорем. Имрӯз зан-модари тоҷик олиму омӯзгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда қариб, ки дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ иштироки хуби занон ба назар мерасад.  

Иқдоми дигар дар ҷодаи арҷгузори ба мақому манзалати зан-модар ин аст, ки ҳамасола  Пешвои миллат доир ба бузургии занону бонувони тоҷик, дар тамоми суханрониҳои худ, бахусус  дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”  рисолати занону бонувони тоҷикро дар сатҳи баланд мебардоранд. Дар Паёми навбатии худ  28-уми декабри соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати давлат муҳим арзёбӣ карданд. Инчунин гуфта шуд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон ва бонувон  тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Бино бар маълумотҳо, Тоҷикистон аз аввалин кишвари Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил  мебошад, ки ба масъалаи ба­ланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалинда­раҷа дода, 27-уми декабри соли 1993 ба Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани та­моми шаклҳои табъиз нисбат ба занон ҳамроҳ гардидааст. Тибқи моддаи 3-и конвенсияи мазкур давлатҳои аъзо уҳдадоранд, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тамоми тадбирҳоро барои таъмини рушди ҳамаҷониба ва пешрафти занон андешанд, то ки татбиқ ва истифодаи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосиро ба онҳо дар асоси баробарӣ бо мардон кафолат диҳанд.

Ҳам­чунин, қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву бар­номаҳои давлатӣ дар мисоли Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷики­стон “Дар бораи кафолатҳои дав­латии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030»  баёнгари ғамхории доимии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мақом ва нақши занон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занон дар вазифаҳои пурмасъулу роҳбарикунанда - муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахш, муовини сардори шуъба ва ғайра фаъолият доранд.

Тибќи барномаи “Асосњои њуќуќии хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон”  аз санаи 15- уми  январи соли 2024  то 3- юми феврали соли 2024 занон-бонувони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз рўйи барномаҳои “Татбиќи технологияњои кадрї ва раќамикунонии хизмати давлатї дар Љумњурии Тољикистон”,  “Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ”, “Малакаи сарварї”, “Усулњо ва воситањои баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї”  аз курси такмили ихтисос дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон гузаштанд.

Ҳамин тавр,  гуфтан ба маврид аст, ки барои ояндаи дурахшони давлату миллат, оилаву тарбияи насли наврас ва ободии диёр, зани тоҷик ҳамеша омодааст, саҳми худро гузорад. Имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти мо занон назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд. Пас, мо бонувон сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри ин сарзамину ин давлати хеш хизмат намуда, саҳми худро барои рушду нумуи кишвари азизамон, гузошта бошем.

 

Шоназарова С. - Сармутахассиси шуъбаи

ҳифзи  давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ                                       

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор