Санаи 28-уми декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки таҳлили муфассали муқаррароти асосии он ва арзёбии нақши онҳо дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро муҳим мешуморем.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, пешрафту ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, рушди илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фаъолияти занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар он таҷассум гардидааст.
Бояд зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми хеш ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг дастуру пешниҳодоти назаррасе намуданд, ки ба андешаи мо, баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он инчунин соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, Пешвои миллат дар самти иқтисоди рақамӣ чунин қайд намуданд, ки: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.”.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои солҳои оянда аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба дурнамои рушди ояндаи Ватан бо овардани далелҳои мӯътамад назари некбинона карданд. Зеро ин ҳуҷҷат, ки метавон онро дастури роҳнамои фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа номид, дастуру супоришҳои дахлдор ба ҳама ба таври мушаххас муайян карда шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки аз паёми гузашта то паёми имсола хеле дигаргуниҳо ва дастовардҳои назаррас ба амал омаданд. Дар заминаи амалӣ гардидани чораву тадбирҳо ба пешравии кишвар ва ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии он заминаи қавӣ гузошта шуд.
Ҳарчанд иқтисодиёти муосири Тоҷикистон хусусиятҳои иқтисоди давраи гузаришро пурра таҷассум менамояд, вале дар навбати худ, ҳамчун иқтисоди зудравнақёбанда ба андозаи муайян таҳти таъсири бевоситаи омилҳои беруна ва шароити бозори ҷаҳонӣ қарор дорад. Бинобар ин, барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ бо он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар шароити асосии замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тақрибан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, хусусан дар самти рушди иқтисоди кишвар, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Ин аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррасе, ки дар доираи татбиқи стратегияи босуръати саноатӣ ба даст оварда шудаанд, таъкид шудааст. Афзоиши маҳсулоти миллии дохилӣ 8,4 дар сад ва ба 150 миллиард сомониро ташкил дод, ки аз суръати пай дар пай баланди рушди иқтисод шаҳодат медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо пешрафти назаррасеро нишон медиҳанд, ки тавассути татбиқи пайвастаи стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла саноатсозии босуръат, рушди инфрасохтор ва дастгирии бахшҳои асосӣ, аз қабили саноат, кишоварзӣ ва энергетика имконпазир шудааст.
Дастгирии соҳибкорӣ самти афзалиятноки ҳукумату давлат ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор ҳамавақт баҳри беҳсозии сиёсати соҳа ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвият бахшидан ба рушди истеҳсолот, иқтисоди содиротӣ, рақобатпазирӣ ва воридотивазкунии маҳсулот тавассути роҳандозии босамари шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Сарвари давлат дар паёми худ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қадамҳои мушаххас, аз ҷумла ҷорӣ намудани мораторий ба сагҷиши субъектҳои соҳибкорӣ то соли 2027 пешниҳод кардааст. Ин тасмим, ба назари мо, на танҳо монеаҳои маъмуриро коҳиш медиҳад, балки барои рушди намудҳои гуногуни соҳибкорӣ ва афзоиши сармоягузории мустақими хориҷӣ замина фароҳам меорад.
Албатта, ба нуқтаҳои воқеии болозикри паём таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан бесабаб нест, зеро дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҳард як фарди ҷомеа нақши фаъолияти тоҷирону соҳибкорон назаррас аст.
Зимни таҳлил ва баррасии нуқтаҳои паём, Президенти кишвар таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши музди меҳнат, нафақа ва стипендия ва афзоиши даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин бамаврид омадааст, ки: «Бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст. Аз ин рӯ, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад».
Дар фарҷом Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ҳамарӯза ва ҳамеша саъю кӯшиш ба харҷ диҳем, ки давлати соҳибистиқлоламонро обод созем, Ватани ниёгонамонро обод гардонем ва сатҳу сифати зиндагии ҳар як оилаи шарифи мардуми Точикистонро пайваста баланд бардорем.
Сармутахасиси Шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқи истифодабарандагони
хизматрасониҳои молиявӣ
ва ҳуқуқи соҳибкорон
Раҷабов Б.М








