Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Артиши миллӣ -кафили осоиштагии давлату миллат

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат ва таъминкунандаи амнияти он маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, мустаҳкам намудани иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Маҳз бо туфайли кўшишу дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло заминаи моддию техникии он таҳким ёфта, барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми имкониятҳои зурурӣ фароҳам оварда шудааст.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол бо ифтихор 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар фазои сулҳу суботи сиёсӣ ва руҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ҷашн мегиранд.

Аз таърихи на чандон дури Тоҷикистон бармеояд, ки пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта, таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун амри зарурӣ эҳсос мегардид.

Сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фарогирифта Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи қавӣ ва бунёдсозанда ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу воҳидӣ, таъминоти моддиву техникӣ пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбӣ иқдом намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ 23-юми феврали соли 1993 баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Хушбахтона метавон иброз дошт, ки бо туфайли сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии кишвар ба ҳамаи давраҳои мураккаби бунёди худ нуқта гузошта, ба марҳалаи мувофиқасозии сохтори худ, воқеъияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра саъю талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 28 - уми декабри соли 2024 ба масъалаҳои пешбурди манфиатбори амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низ дахл намуда, вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳар шаҳрванд бояд ҳимояи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти миллатро қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти инсонӣ ва уҳдадории табиии худ донад. Ҳарчанд, ки дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомӣ махсус муваззаф буда, вазъи мураккабгаштаи ҷаҳони муосир дар назди онҳо шарту уҳдадориҳои ҷиддии касбиро гузоштааст.

Таъмини ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, № 671 аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамунин, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ аз 28-уми декабри соли 2024 масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбиро ба миён гузошта супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025  музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Чунин иқдом хеле муҳим буда, дар беҳтар шудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва иҷро сифатноки уҳдадориҳои хизматӣ мусоидат менамояд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Дар ин робита мақомот дар доираи ваколатҳои худ дар самти мусоидат ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ амал намуда, ба қисму сохторҳои ҳарбии мамлакат ташриф меорад ва ин ташрифҳо метавонанд дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва бо ташаббуси худи Ваколатдор сурат гиранд. Зимнан, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои қабули бетаъхири роҳбарият ва шахсони мансабдори қисмҳои ҳарбӣ ва роҳбарони низомҳои ҳарбии дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарордошта ҳуқуқ дорад.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Гурўҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи соли 2024 вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ дар якчанд қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ ва Ишкошими ВМКБ, Мастчоҳи вилояти Суғд ва Кўшониёни вилояти Хатлон мониторингҳо гузаронида шуданд.

Мониторинг нишон дод, ки шумораи сарбозони таҳсилоти олидошта дар соли 2024, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омадаанд, дар қисмҳои ҳарбӣ зиёд шудаанд. Ин омилҳо боиси баланд шудани сатҳи дониши сарбозон ва минбаъд роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ гардиданд.

Дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чорабиниҳои ташвиқотӣ ва тарғиботиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон ва сарбозон ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, аз ҷониби Гурўҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар моҳҳои апрел ва августи соли 2024 дар қисмҳои ҳарбии Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ва ноҳияи Панҷ дар мавзуъҳои “Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон”,“Масъалаи терроризм ва экстремизм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ” мизҳои мудаввар гузаронида шуданд. Чунин чорабинӣ, 16-уми  июли соли 2024 дар қисми ҳарбии Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо ҷалби сархатиб, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва сармуҳаррири рўзномаи “Навиди Ҳамадонӣ” гузаронида шуд.

Ҳамчунин, дар соли 2024 кормандони мақомот дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афсарон ва сарбозон 4 чорабинии иттилоотӣ, аз ҷумла дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва ноҳияи Кўшониёни вилояти Хатлон мизи мудаввар дар мавзуъҳои «Пешгирии экстремизм ва терроризм», «Пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ» ва «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ» доир намуданд.

Зимни баргузории вохўриҳо ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии иштирокчиёни ин чорабиниҳо мазмун ва моҳияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии самти мазкур, оид ба масъалаҳои ҳимояи Ватан, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он, ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” фаҳмонида шуданд.

Хулоса Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли 32 сол ба як сохтори муташаккил ва неруи қудратманду пуриқтидор табдил ёфта, бо шарофати талошҳои он ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими давлатдорӣ таъмин карда мешавад.

 

 

Муовини сардори ШҲДҲШС                             Нидоев Ҳ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор