Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Ҳуқуқ ба интихобот

Ҳуқуқ ба интихобот яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд маҳсуб ёфта, ин масъала дар моддаҳои 6 ва 27  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ёфтааст. Дар моддаи 27 Конститутсияи мамлакат муқаррар шудааст, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

 Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии ба таври демократӣ ва шаффоф баргузор кардани интихобот фароҳам оварда шудааст.

Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи интихобот ба шумор рафта, онҳо кафолати ҳуқуқи интихоботро тақвият дода, шаффофият ва дастрасии озоди овоздиҳиро муқаррар менамоянд.

Чунончи, тибқи моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.

Моддаи 4 Қонуни конститутсионии зикршуда муқаррар намудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Бояд ба назар гирифт, ки  мутобиқи ҳамин модда шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.

 Овоздиҳӣ дар интихобот ба таври пинҳонӣ сурат гирифта, дахолат  ба изҳори иродаи овоздиҳандагон манъ мебошад.

Бояд хотирнишон сохт, ки 4-уми декабри соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” қабул гардид. Тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 -юми  марти соли 2025 таъин карда шуд. Яъне тибқи фармони мазкур дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳимми сиёсии интхобот санаи 2 - юми марти соли 2025 баргузор мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 7 феврали соли 2025 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардида, дар ҷаласа масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот баррасӣ гардид. Мувофиқати номзадҳои пешбаригардида  ба талаботи Конститутсияи мамлакат ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш қарор дода шуд.       Бо қарори дахлдори Комиссия рӯйхати номзадҳои  ҳизбҳои сиёсии болозикр ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ватан кору фаъолият доранд метавонанд дар интихоботи пешомада ширкат варзанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории интихобот дар сафорату намояндагиҳо ва консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаҳои интихоботӣ барои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Мавқеъ ва нақши васоити ахбори омма дар ҷараёни  ташвиқу тарғиби интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле  назаррас мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  қонунгузории миллӣ барои номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар истифодаи воситаҳои ахбори омма  кафолат дода шудааст.

Чунончи, моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додааст. Ҳамчунин, моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар менамояд, ки номзадҳо аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи интихобот дар асосҳои баробар иштирок мекунанд, дар гузаронидани маҷлисҳои пеш аз интихобот ва маҷлисҳои дигар, истифодаи имконияти воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион ҳуқуқи баробар доранд. Номзад метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи худ баромад кунад. Барномаи номзад набояд хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Ба номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ барои истифодаи ахбори омма шароитҳои баробар кафолат дода мешавад. Мувофиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

  Зимнан, бо мақсади ташвиқу тарғиби маъракаи пешазинтихоботӣ бо қарори комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13- уми январи соли 2025, № 50  “Қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рўйхати номзадҳоро пешниҳод  намудаанд”  ба тавсиб расид.

Барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ - Телевизиони «Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина», радиоҳои «Тоҷикистон», «Овози тоҷик», «Садои Душанбе»,  «Фарҳанг» ва телевизиону радиоҳои давлатии маҳаллӣ ба ҳар як ҳизби сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки мақмоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар давраи омодагӣ ва раванди интихобот бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мониторинги рафти интихобот корҳои муайянро ба анҷом мерасонад.

Зимнан, бо мақсади баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар хусуси ҳуқуқҳои онҳо ба интихобот дар сомонаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маводҳои таҳлилӣ нашр гардиданд.

 

Мирзоев Ҳ.Л.

Сармутахассиси шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

шаҳрвандӣ ва сиёсӣ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор