БАХШИШИ ҶАЗО ВАСИЛАИ МУҲИММИ
ТАЪМИНИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ
Бахшиши ҷазо аз тарафи мақоми олӣ нишонаи барҷастаи раҳму шафқат ва ва ғамхорӣ ба маҳкумшудагон, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳисоб меравад. Зеро, новобаста аз содир кардани ҷиноят ва дараҷаи вазнинии он дар байни шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, теъдоди шахсоне, ки аз кирдори худ пушаймон шуда, барои бахшиши ҷазо дархост пешниҳод мекунанд, кам нестанд.
Аз ҷумла, қишри осебпазири ҷомеа – занону кӯдакон ва пиронсолон ҳамеша умедвори ҳарчи зудтар ба озодӣ баромадан ва ё татбиқ гардидани авфу бахшиши ҷазо нисбат ба наздикону пайвандонашон ҳастанд. Чунин умедворӣ дар арафаи ҷашну санаҳои бузурги миллӣ бештар гардида, авфу бахшиши ҷазо мавзуи суҳбатҳои хосу ом мегардад.
Аз ин лиҳоз, дар баробари амалисозии принсипҳои мазкур бахшиши ҷазо ба таҳкими адолати иҷтимоӣ, эътимоду боварӣ ба низоми сиёсӣ ва болотар аз ҳама ба маҳбубияти мақоми олӣ дар байни аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.
Таҷрибаи бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳанӯз чор сол пеш - санаи 30 октябри соли 2020 дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон Пешвои миллат 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуда буданд.
Боиси хушнудист, ки 20 марти соли ҷорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 897 нафар маҳкумшударо бахшида, ҷиҳати аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудани онҳо фармон содир намуданд, ки давоми мантиқии хайру эҳсонкорӣ ва ташаббусҳои ба ояндаи нек нигаронидашуда дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Фармони мазкур нисбати маҳкумшудагон – занон, кӯдакон ва мардоне татбиқ мегардад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуда, дар муассисаҳои ислоҳӣ ва тарбиявӣ адои ҷазо менамоянд.
Тибқи иттилои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар марҳилаи якуми татбиқи фармони мазкур, санаи 21 март аз муассисаҳои ислоҳӣ ва тарбиявии ҷумҳурӣ 200 нафар маҳкумшуда - 53 зан, 147 мард ва 27 ноболиғ ва санаи 22 март аз муассисаҳои низоми иҷрои ҷазо 697 нафар маҳкумшуда – 34 зан, 660 мард ва 3 ноболиғ, дар маҷмуъ 897 нафар озод карда шуданд.
Басо рамзист, ки ин иқдом дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз, оғози соли нави аҷдодӣ, моҳи шарифи Рамазон, натиҷагирӣ аз баргузории муваффақонаи маъракаи муҳимми сиёсӣ – Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ, имзои Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон рӯйдоди муҳим ва пайки нави шодиву фараҳ барои ҷомеа гардид. Зеро, таърихи бою пурғановати халқи тоҷик ва ойини Наврӯзӣ нишон медиҳад, ки бахшидани гуноҳ ва раҳо кардани шахсони аз озодӣ маҳрумшуда аз одатҳои хуби шоҳону ҳокимон – аҷдодони мо будааст.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи татбиқи бахшиши ҷазо ва авф ҳамчун намунаи олии иродаи сиёсӣ ва таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон идома пайдо карда, ба сатҳи нисбатан наву фарогир расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки расмиёти бахшиши ҷазо аз авф (афв) фарқ дошта, бевосита аз Президент вобаста буда, қабули қонуни алоҳидаро пешбинӣ намекунад.
Тибқи банди 26 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои бахшиши ҷазоро Президент ҳал мекунанд. Ҷиҳати амалӣ сохтани ин салоҳияти конститутсионӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №889 Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, низомнома ва ҳайати он тасдиқ гардида, аз 1 сентябри соли 2017 фаъолият менамояд. Қаблан масъалаҳои бахшиши ҷазо тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 1997, №721 “Дар бораи комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазо ва шаҳрвандӣ” ва аз 26 майи соли 1997, №729 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби бахшиши ҷазои ашхоси аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда” татбиқ карда мешуд.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 83 муқаррар менамояд, ки бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси муайян татбиқ гардида, бо санади бахшиши ҷазо шахси барои ҷиноят маҳкумшуда метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад. Лозим ба таъкид аст, ки татбиқи санадҳои авф ва бахшиши ҷазо ба ҳуқуқи ҷабрдида барои гирифтани товони зарари бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда монеъ шуда наметавонад.
Чи хеле, ки дар боло ёдовар шудем дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазо таъсис дода шудааст, ки амалӣ гардонидани салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазоро таъмин менамояд. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомнома ба роҳ мемонад.
Дар асоси пешниҳоди Комиссия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бахшиши ҷазои шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби судҳои давлатҳои дигар маҳкумшударо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамоянд, ҳал мекунанд. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд масъалаи бахшиши ҷазоро мустақиман, яъне беназардошти расмиёти кори Комиссия ҳал намоянд.
Тибқи талаботи Низомномаи Комиссияи мазкур дархост дар бораи бахшиши ҷазо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда, ҳукми суд нисбати ӯ эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ба муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо пешниҳод карда мешавад. Дар навбати худ, маъмурияти муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё дигар мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар асоси дархости маҳкумшуда маводи бахшиши ҷазоро тартиб дода, онро дар муддати на дертар аз як моҳ тавассути мақоми болоии худ ба Комиссия ирсол менамояд.
Ҳангоми баррасии дархост дар бораи бахшиши ҷазо хусусият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои мушаххаси содиршавии ҷиноят, шахсияти маҳкумшуда, вазъи саломатӣ, вазъи оилавӣ, интизом ва муносибати маҳкумшуда ба меҳнат ва атрофиён, иштирок дар кори ташкилотҳои худфаъолият дар маҳалли иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муҳлати ҷазои адошуда, хислатномаи маҳкумшуда ва дигар ҳолатҳо ба инобат гирифта мешавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар замони соҳибиистиқлолӣ бо қабул ва амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои низоми иҷро ва ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ нисбат ба 102 671 нафар авф ва бахшиши ҷазо татбиқ гардида, аз ин шумора 58 233 маҳумшуда аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд.
Дар ин робита, бояд таъкид намуд, ки бахшиши ҷазо имконияти хуб барои дарки амиқи аҳаммият ва арзиши озодӣ ва ислоҳи гузаштаи ҷиноӣ дар ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб рафта, итминон дорем, ки шахсони озодшуда ин саховату ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намуда, ба зиндагии маъмулӣ дар ҷомеа баргашта, дар татбиқи сиёсат ва амалисозии ҳадафҳои стратегии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Суҳайлӣ Қодирӣ, корманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон








