Аҳаммияти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд»
20 марти соли 2025 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврўз қабул гардид.
Асос ва зарурати фармони мазкур аз чӣ иборат аст? Аввал ин, ки санади мазкур асосан ҷиҳати ба амал омадани тағйиротҳои ҷиддӣ дар фаъолияти давлат дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин пайваста ба санаҳои муҳимми таърихӣ қабул карда мешавад. Чунонки, фармони мазкур ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврўз қабул гардидааст. Наврўз ин ҷашни бузурги миллӣ ва аз суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон маҳсуб меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар арсаи байналмилалӣ эҳтиром ва нуфузи хоссаро пайдо намудааст.
Ҳоло дар мамлакат сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва амнияту бехатарии ҷомеа ва шахсият таъмин гардида, пояҳои аввалин ва устувору боварибахши давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шудаанд. Дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои асосии ҷомеа, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои ҷиддӣ ва назаррас андешида шудаанд. Ҳамаи ин тағйироту дигаргуниҳо бо ташаббусу ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд.
Бояд қайд намуд, ки бахшиш, муросою мадоро, раҳму шавқат ва таҳаммулпазирӣ омилҳои асосии сиёсати пешгирифтаи давлат мебошанд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» иқдоми навбатии хайрхоҳона ва инсондўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баёнгари раванди устувори сиёсати давлатии Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ба шумор рафта амали он нисбат ба шахсоне равона карда шудааст, ки дар чорсўйи зиндагӣ ба амалҳои хато даст задаанд.
Зимнан фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» санади меъёрии ҳуқуқиест, ки аз ҷониби Сарвари давлат қабул ва мавриди татбиқ қарор мегирад. Доираҳои ҳуқуқии кишвар аз он ба унвони як санади беназир ситоиш намудаанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки фармони мазкур нисбат ба 897 маҳкумшудагоне татбиқ мегардад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуда, дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» амали инсондўстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва ислоҳгардидани онҳо мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, бо боварӣ изҳор намудан мумкин аст, ки фармони мазкур маҳкумшудагоне, ки аз адои минбаъдаи ҷазои ҷиноятӣ озод карда мешаванд сиёсати давлатро дар ин маврид хуб дарк ва эҳсос менамоянд. Онҳо, беҳтару хубтар дар роҳи ислоҳшавӣ даромада, аз роҳи ҷинояткорӣ ва даст задан ба ҷиноят худдорӣ менамоянд ва ба ободонии рўзгори оилаи худ машғул шуда, дар маҷмуъ барои пешрафти ҷомеа ҳиссаи худро мегузоранд.
Муовини сардори
шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Ҳ. Нидоев








