НАҚШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешавад, яке аз падидаҳои нави даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, дар рушду инкишофи самту соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат нақши муҳим дорад.
Падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ дошта, аз Конститутсияи кишавар сарчашма мегирад. Чунончи, дар қисми сеюми моддаи 55-и Конститутсия муқаррар шудааст, ки: «Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд».
Бояд қайд намуд, ки дар Тоҷикистон падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид гардидани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 26-уми сентябри соли 1999, бахусус ба моддаҳои 55 ва 69-и он рўйи кор омадааст. 27-уми апрели соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад намуданд. Паёми навбатии Президенти мамлакат, ки 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, 26-умин Паёми Президент ба ҳисоб меравад.
Профессор Насриддинзода Э.С. бар он назар аст, ки: «Пас аз соҳибистиқлолӣ илми ҳуқуқи кишвар рушд намуда, олимон ба тадқиқотҳои илмӣ бештар машғул гардиданд. Роҳи босамари густариши раванди мазкур таълифи садҳо монографияҳо, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, ҳимоя ва чопи рисолаҳои номзадиву докторӣ аз ҷониби олимони ҳуқуқшинос ба ҳисоб меравад».
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ илми ҳуқуқшиносии кишвар рушд намудааст, ки дар рушди он, аз ҷумла нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» намоён мебошанд.
Дар ин бобат профессор Бобоҷонзода И. дуруст қайд менамояд, ки «паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як воситаи муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ дар эҳёи афкори сиёсӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ нақши муассир доранд. Онҳо ба ҷомеа имконияти беҳтар фаҳмидани арзишҳои миллӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро дода, заминаи устувор барои рушди мибаъдаи давлат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд фароҳам меоранд».
Академик Фарҳод Раҳимӣ мавриди омўзиш ва пажуҳиш қарор додани Паёми Президенти мамлакатро зарур шуморида, барҳақ иброз менамояд, ки «бояд ин ҳуҷҷати раҳнамо ва тақдирсоз, ки бар мабнои тозатарин нишондодҳои илмию ихтисосӣ, таҳияву коркард шудааст, ба унвони маҳаки муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мавриди омўзишу пажуҳиши коршиносон ва ниҳодҳои илмиву пажуҳишии кишвар қарор бигирад».
Ҳоло паёмҳои Президенти кишвар дар илми ҳуқуқшиносӣ мавриди омўзишу пажуҳиш қарор дода мешаванд. Масалан, дар натиҷаи пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба паёмҳои Президенти мамлакат монографияҳои банда таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ», «Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» рўйи чоп омаданд.
Лозим ба зикри хос аст, ки банда 22-юми ноябри соли 2022 дар мавзуи «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҳоло ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насриддинзода Э. С. бомуваффақият ҳимоя намуда, тибқи тартиби муқарраргардида бо дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардидам. Ин нахустин таҳқиқоти мукаммал дар илми тоҷик, хусусан илми ҳуқуқшиносӣ маҳсуб меёбад.
Дар Паёми Президенти кишвар аз 26-уми апрели соли 2013 масъалаи дар таҳрири нав таҳия намудани кодексҳои меҳнат, манзил, гражданӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид. Чуноне Сарвари давлат зикр намуданд: «Бо мақсади такмили ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва муқаррар намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва манзил зарурати дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани кодексҳои меҳнат ва манзил ба миён омадааст.
Ҳамчунин, бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки кодексҳои гражданӣ ва ҷиноятиро низ дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд».
Ҳамин тариқ, аз 4 кодекси номбурда, ҳоло 3 кодекс – Кодекси меҳнат дар таҳрири нав қабул ва ҷонибдорӣ шуда, 23-юми июли соли 2016 аз тарафи Президенти кишвар имзо шуд. Кодекси манзил 18-уми марти соли 2022 ва Кодекси гражданӣ зери номи Кодекси маданӣ 24-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти мамлакат имзо гардиданд. Лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, дар баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва то ҳол барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод нашудааст.
Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паём аз 26-уми декабри соли 2019 дар хусуси дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси андоз сухан карда, аз ҷумла, таъкид намуданд: «Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад.
Ба Ҳукумат ва парламенти кишвар зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан, зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд».
Президенти мамлакат дар Паём аз 26-уми январи соли 2021 ба Вазорати молия супориш ва муҳлат доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо назардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи марти соли 2021 ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.
Дар натиҷа, Кодекси андоз дар таҳрири нав дар муҳлати муқаррарнамудаи Паёми Президенти кишвар таҳия ва аз ҷониби парламент қабулу ҷонибдорӣ шуда, 23-юми декабри соли 2021 аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расид.
Тавре маълум гардид, дар заминаи паёмҳои Президенти кишвар кодексҳои меҳнат, манзил, маданӣ ва андоз дар таҳрири нав қабул гардиданд, ки дар маҷмуъ онҳо ба фанҳои ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи мурофиаи маданӣ ва ѓайра таъсири мусбат мерасонанд.
Ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои дигари марбут ба он дар меҳвари паёмҳои Президенти мамлакат қарор доранд. Чунончи, Сарвари давлат дар Паём аз 30-юми апрели соли 2007 ба масъалаи ҳуқуқи инсон дахл намуда, бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакат масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ба миён гузоштанд ва зарур донистанд, ки барои таъсиси он тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд.
Ҳамин тариқ, дар мамлакат дар заминаи Паёми Президенти кишвар ниҳоди мустақили Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд. Мувофиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон яке аз вазифаҳои ин ниҳод мебошад.
Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иттилоот паҳн намояд ва оид ба такмили стандартҳои таълимии давлатӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёна, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии касбӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба муассисаҳои таълимии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол кунад.
Ба андешаи профессор Бобоҷонзода И. «Паёмҳо ба рушди илмҳои замонавии ҳуқуқшиносӣ мусоидат мекунанд, зеро ба мутобиқсозии меъёрҳои анъанавии ҳуқуқӣ ба шароити муосир равона шудаанд. Дар онҳо зарурати ҳамгироии анъанаҳои ҳуқуқии миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ таъкид мегардад, ки ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд».
Қобили зикр аст, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар меҳвари паёмҳои Президенти мамлакат қарор дорад. Чунончи, Сарвари давлат дар Паём аз 22-юми декарби соли 2016 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ зарур донистанд, ки вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи миллии илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тамоми мақомоти давлатӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи гурўҳи кории байниидоравӣ ва бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2021, №565 тасдиқ гардид.
Дар робита ба тасдиқ гардидани Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва амалисозии Нақшаи чорабинҳои амалигардонии Барнома дар соли 2022 бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми феврали соли 2022, №11 аз ҳисоби намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, мудофиа, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ таъсис дода шуд (Ниг.: Лоиҳаи барномаҳои таълимӣ аз фанни «Ҳуқуқи инсон» / Муҳаррирони масъул У. Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Раиси Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, С. Қодирӣ сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Котиб-ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон. – Душанбе, 2024. – С. 4.).
Дар зимн, бо мақсади татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 қарори Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз 21-уми декабри соли 2023, №1 қабул гардида, тибқи он барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки иборат аз 19 барнома мебошанд, тасдиқ гардиданд.
Барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст (Ниг.: Лоиҳаи барномаҳои таълимӣ аз фанни «Ҳуқуқи инсон» / Муҳаррирони масъул У. Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Раиси Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон... – С. 3.).
Зимнан, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон он дастуру вазифаҳое, ки аз паёмҳои Президенти мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон бармеоянд, иҷро менамояд ва маҷмуан дар рушди фанни ҳуқуқи инсон саҳм мегузорад.
Ҳамакнун чи рисолаҳои номзадӣ ва чи рисолаҳои доктории олимону муҳаққиқони самти ҳуқуқшиносиро таҳлилу омўзиш намоем, маълум мегардад, ки анқариб дар ҳамаи рисолаҳо аз паёмҳои Президенти мамлакат иқтибос оварда мешаванд.
Ҳамин тариқ, аз таҳлили анҷомпазируфта метавон хулоса баровард, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун падидаи муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Сайнозимзода Фирўз,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ








