Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025 - 2034)

 

“Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

29 - 31 майи соли 2025 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар ҳошияи Раванди оби Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022 Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид эълон гардидани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бо ҷонибдории қариб 153 давлати дунё қабул гардид.

Дар қатънома аҳамияти пиряхҳо барои дурнамои рушди инсоният ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор бо сароҳат дарҷ гардидааст.

Татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025 - 2034) тавассути ҷалби захираҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дорои пиряхҳои бузург, дарёҳои пуртуғён, кӯлҳои зебо, захираҳои обҳои ширин, обанборҳо ва муъҷизаи дар олам машҳури табиат мебошад. Бинобар ин, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об яке аз афзалияти муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Русия дар ҷои дуюм ва дар ҷаҳон баъди Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум меистад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масълаҳои обу иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда то имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодхо амалӣ намудаанд, ки аз ҷумла соли 2003 Соли байналмилалии «Оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 - 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», соли 2025 - Соли байналмиллалӣ ҳифзи пиряхҳо, Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (солҳои 2025 – 2034).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030» - ро татбиқ менамояд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин стратегия, инчунин, кумаки молиявии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла барои баланд бардоштани иқтидор ва интиқоли «технологияҳои сабз», зарур мебошад».

Дар боби якуми стратегияи мазкур, ки «Тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, чунин омадааст:

«Обшавии идомадор ва коҳиш ёфтани пиряхҳо, ки ба тағйирёбии иқлим алоқаманд аст, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст, зеро пиряхҳо ва захираҳои барф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи асосии оби ирригатсионӣ (обёрӣ) мебошанд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ борҳо таъкид намуда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи обҳои нӯшокӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳониро зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд».

Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ташккули 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Обшавии онҳо аз як тараф, сабаби таназзули захираҳои об, кам гардидани миқдори захираҳои обӣ ва таъсири занҷиравии он ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ шуда, аз ҷониби дигар, сабаби зиёдшавии ҳолатҳои фавқулодаи табиии дорои хусусияти глятсио-гидрологӣ мегардад. Бино ба хулосаҳои олимон, агар давлатҳо дар сатҳи глобалӣ корҳои мушахас анҷом надиҳанд, масъалаҳои об, пиряхҳо, экология ва иқлим аз ин дида печидатару мушкилтар мегарданд ва барои давлатҳою миллатҳо хатару таҳдидҳои наву густурдатари экологӣ ва иқлимӣ эҷод менамоянд.

Дар асоси ин гуфтаҳо метавон чунин қазоват намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар сатҳи мушкилоти глобалӣ меандешанд. Тадбирандешиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои бунёдии ҷомеаи ҷаҳон нигаронида шуда, характери стратегӣ доранд ва ба раҳоӣ ёфтани бани башар аз мушкилоти обу иқлим мусоидат менамоянд.

Таърих давоми асрҳо ба мо се шахсияти сиёсӣ ва се давлатмарде эҳдо намудааст, ки имрӯз мо, тоҷикон бо ному кор ва корнамоиҳои онҳо дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудаем. Яке Куруши Кабир - бунёдкунандаи аввалин империяи ҷаҳонӣ ва муаллифи Эъломияи ҳуқуқи башар аст, дигарӣ - Исмоили Сомонӣ - бунёдгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон ва сеюм - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ тавонистанд дар охири асри бистум миллати тоҷикро дар давраи ниҳоят мушкили сиёсӣ соҳибдавлат гардонанд.

Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллӣ сохтанд, онро ба субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ табдил доданд ва барои ҳамеша дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойгир намуданд. Чунин хизмат ва чунин корнамоӣ номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷовидона нигоҳ медорад. Миллати шукргузори тоҷик низ хизматҳои ин фарзанди ҷонфидои миллатро ҳамеша дар хотираи таърихии худ нигоҳ хоҳад дошт.

Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун ташаббускори сиёсии сатҳи глобалӣ ва ҳамзамон масъулиятшинос муаррифӣ намуда, барои муттаҳидсозии саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, дар қабул ва татбиқи тадбирҳо барои таъмини идоракунии устувори захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо шароит фароҳам меоварад.

Бо шарофати ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва хизматҳои хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ҳамчун нақшофари муҳим ва калидии ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.

 

 

 

Ёрдамчии Ваколатдор оид

ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

М. Салоҳиддинзода.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор