Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ чун қоида хавфҳои муайянро дар назар дошта, илова бар ин, зарурати ҳалли доимии ҳолатҳои ба миёномадаро – чӣ баҳс аст ё муноқишаро низ пешбинӣ менамояд.

Муоширати муваффақ барои ҳадафи асосии фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ки сарчашмаи он – ба даст овардани фоида ба шумор меравад, ҳангоми татбиқи механизми медиатсия дар ин соҳа танҳо бо он расмиёте, ки дар ҳолатҳои баҳсбарангез ва муноқишавӣ анҷом дода мешаванд, маҳдуд намегардад.

Иситифодаи расмиёти медиатсия ҳумчун имконоти дастгирӣ ба рушди тиҷорат ба шумор рафта метавонад. На ҳама хавфҳоро дар тиҷорат қаблан пешбинӣ кардан мумкин аст, муносибатҳои байни соҳибкорон бар асоси эътимод рушд карда, агар ҳуқуқҳои яке аз шарикон поймол карда шаванд, метавонанд хотима ёбад, ки дар натиҷа баҳс ба миён меояд. Дар ин ҳолат, шарикон мустақилона худ метавонанд созиш намоянд ё ба суд муроҷиат кунанд. Аммо, усули дигар вуҷуд дорад, яъне медиатсия, ки ҳамчун алтернативаи қонунӣ нисбат ба суд мебошад. Он ҳамчун роҳи зуданҷом ва устувор имкон медиҳад вазъияти баҳсбарангез бо шартҳои мусоид ҳал гардида, дар як замон, ҳолати эҳсосотӣ ва эътибори худро нигоҳ дорад.

Медиатсия дар ҳалли намудҳои мухталифи баҳсҳои тиҷоратӣ бештар самаранок аст. Имрӯзҳо дар таҷрибаи Тоҷикистон баҳсҳои иқтисодӣ, ки аз шартномаҳои таъминот, пудрат, аз ҷумла пудрати сохтмонӣ, хизматрасонӣ, бонкӣ, суғурта ва дигар баҳсҳои корпоративӣ бармеоянд, тариқи истифодаи тартиботи медиатсионӣ муваффаққона ҳал карда мешаванд.

Аҳамияти истифодаи медиатсия дар бахши тиҷоратӣ бо самаранокии эҳтимолии он асос ёфта, иловатан ҳамчун воситаи махсус ба тарафҳо имкон медиҳад, ки муносибатҳои корӣ, обрӯ ва хароҷоти марбут ба мурофиавиро нигоҳ доранд.

Медиатсия дар баҳсҳои тиҷоратӣ баъзе хусусиятҳои хоси худро дорад. Пеш аз ҳама, оқилона будани онро қайд кардан зарур аст, ки одатан, дар баҳсҳои тиҷорӣ эҳсосот аҳамияти дуюминдараҷа дорад. Мақсади асосии иштирокчиёни расмиёти созишӣ ин қабули қарори муносиб оид ба вазъияти мушкилот дар муддати кӯтоҳтарин ба шумор меравад. Аз ин рӯ, арзиши медиатор дар ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ дар қобилияти ӯ барои ташкили раванди гуфтушунид ба таври оқилона ва самаранок, ҳавасмандгардонии ҷустуҷӯи таклифу пешниҳодҳои нав барои ҳалли баҳс зуҳур меёбад.

Дар айни замон, дар як қатор низомҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи медиатсия то ҳол дар ҳолати рушднаёфта қарор дорад. Таҳлили қонунгузорӣ ва амалия нишон медиҳад, ки татбиқи институти медиатсия дар баҳсҳои корпоративӣ бо як қатор мушкилот, аз ҷумла, набудани қарори ниҳоӣ ва иҷрои бечунучарои қарорҳои дар доираи тартиби медиатсия қабулшуда, инчунин сатҳи пасти эътимоди иштирокчиёни гардиши хоҷагидорӣ ба ин механизми ҳалли баҳсҳо вобастагӣ дорад.

Бе шубҳа нест, ки то ҳол масъалаи иттилоотонии нокифояи иштирокчиёни муносибатҳои гаржданӣ оид ба медиатсия муҳим боқӣ мондааст. Ҳамчун яке аз механизмҳои имконпазири ҳалли ин мушкилот, метавонад ташкили вохӯрии иттилоотии иштирокчиёни расмиёти судӣ бо медиаторон бошад. Мақсади асосии баргузории чунин вохӯрҳо ин фаҳмонидани моҳият ва бартариҳои медиатсия дар муқоиса бо мурофиаи судӣ ба тарафҳо хоҳад буд. Инчунин, дар доираи чунин мусоҳиба, медиатор метавонад ба тарафҳо пешниҳод кунад, ки ҳалли баҳсҳо бо тартиби медиатсия роҳи зуданҷом ва камхарҷ ба шумор меравад.

Расмиёти истифодаи медиатсия бар ақидаи созиши тарафҳо тавассути муколамаи муташаккил асос меёбад, ки бо иштироки шахси сеюми соҳибихтисос гузаронида мешавад. Тибқи таҳқиқот, давраи маъмултарин барои татбиқи медиатсия дар ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ марҳилаи ба истилоҳ “пас аз баҳс” ба шумор меравад, ки мушкилот аллакай равшан нишон дода шудааст ва тарафҳо тамоми оқибатҳои муқовимати худро дарк кардаанд. Дар ин марҳила, медиатор метавонад на танҳо ба ҳайси миёнарав, балки як навъ ҳамоҳангсози робита ҷиҳати расидан ба созиш мусоидат мекунад.

Расмиёти медиатсия як қатор принсипҳо ва талаботи асосии ба ин раванд пешниҳодшударо муайян мекунад. Принсипҳои муҳимтарини истифодаи медиатсия ҳамчун роҳи ҳалли баҳси тиҷоратӣ ин иштироки ихтиёрӣ, баробарии тарафҳо, махфияти иттилоот ва мустақилияти медиатор мебошанд.

Бояд қайд кард, ки ҳеҷ як мақоми судӣ ё арбитражӣ наметавонад тарафҳоро бар хилофи иродаи онҳо барои анҷоми медиатсия маҷбур намояд, инчунин ҳуқуқ надоранд, ки медиатори муайянро ба онҳо таҳмил кунад. Ҷонибҳо бояд бораи истифодаи медиатсия қарори бошуурона ва мустақилона қабул намоянд, ҳатто ҳуқуқ доранд истиофдаи ин расмиётро дар ҳама марҳила қатъ намоянд.

Розигии тарафҳо барои гузаронидани тартиби медиатсия метавонад дар шакли ҳуҷҷати алоҳида ва дар шакли иқтибос дар шартномаи корпоративӣ ба расмият дароварда шавад. Дар ин ҳолат шакли хаттӣ шарти ҳатмии воқеияти чунин иқтибос ба ҳисоб меравад. Муҳим он аст, ки ҳатто агар мурофиаи судӣ кушода бошад ҳам, тарафҳо метавонанд бо розигии тарафайн ба мурофиаи медиатсионӣ гузашта, мурофиаи судиро боздоранд. Аммо, набудани ҳуқуқи суд ё суди ҳакамӣ барои маҷбур кардани тарафҳо ба чунин иқдом, паҳншавии ин усулро хеле маҳдуд мекунад.

Чунин ба назар мерасад, ки барои ҳалли самараноки баҳси тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ, созишномаи медиатсионӣ бояд қоидаҳои фаҳмо ва возеҳи расмиёт, тартиби таъин кардани медиатор, хусусиятҳои таснифоти хароҷот, муҳлати гузаронидани медиатсияро дар бар гирад. Медиатор, дар навбати худ, бояд реҷаи махфият ва беғаразонаро қатъиян риоя карда, ҳеҷ яке аз тарафҳоро ба қабули қарори муайян майл нанамояд. Талаботҳои зикргардида махсусан дар доираи баҳсҳои корпоративӣ муҳим арзёбӣ шуда, ифшои иттилоот оид ба сохтори дохилӣ, вазъи молиявӣ ё нақшаҳои стратегӣ метавонад ба соҳибкор ва субъекти хоҷагидор зарари ҷиддии маънавӣ ва иқтисодӣ расонад. Аз ин рӯ, махфият шарти муҳимтарини устувории тиҷорат пас аз ҳалли баҳс ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, барои он ки падидаи медиатсия дар соҳаи тиҷорат ва савдо самаранок истифода шавад, такмили танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар ин соҳа зарур аст. Инчунин, танзими амиқи мақоми созишномаҳои медиативӣ, коркарди механизмҳое, ки ниҳоӣ ва иҷрои онҳоро бидуни баҳси минбаъдаи судӣ таъмин мекунанд, анҷом дода шавад. Татбиқи ин тадбирҳо дар якҷоягӣ бо баланд бардоштани огоҳонидани ҷомеаи соҳибкорон ва тоҷирон оид ба манфиатҳои медиатсия ва таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ метавонад ба афзоиши маъруфият ва талаботи ин падида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

 

Солеҳзода З.И. –

Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқи истифодабарандагони

хизматрасониҳои молиявӣ

ва ҳуқуқи соҳибкорони дастгоҳи ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор